12 сентябри соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова ва ҳайати парлумонии он кишвар, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуда, масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарламентиро миёни ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар ҳама соҳа вуҷуд дошта, кишварҳо, ҳамчунин, дорои муштаркоти фарҳангиву таърихианд, ки метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳо ба вуҷуд орад.
Маҳмадтоир Зокирзода ёдовар шуд, ки фаъолият доштани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парламентҳои ҳар ду кишвар барои таҳкими ин муносибот заминаи хубро ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парламентии ҳар ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ кумак хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова изҳор дошт, ки нисбат ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва барои таҳкими ҳамкории мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Раиси парламент аз ҳама имкон истифода мебарад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ