Гуфтугӯи Маҳмадтоир Зокирзода бо Валентина Матвиенко

№26 (4446) 26.02.2022

Mahmadtoir-Zokirzoda-va-Valentina-Matvienko25 феврали соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода сафари меҳмони олиқадрро ба кишвар далели рушди бонизоми маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия номида, аз ҷумла гуфт:

- Мо ин сафарро ҳамчун тасдиқи таваҷҷуҳи вакилони парламенти Россия, Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнипарламентӣ ва густариши ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоем. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар­дошти аҳамияти рушди муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ӯ аз ҳамкории зичи байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ёдовар шуда, иброз дошт, ки барои рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ заминаи муносиби ҳуқуқӣ — Созишнома байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории байнипарламентӣ аз 14 декабри соли 2005, инчунин Дастури Комиссияи байнипалатавии парламентӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2003 мавҷуд аст. Инчунин, зикр гардид, ки миёни парламентҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис ёфта, фаъолона амал мекунанд.

- Дар давоми ду соли фаъолияти даъвати нави Маҷлиси намояндагон вакилон борҳо ба Федератсияи Россия сафар намуда, аз соли 2000-ум мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол, ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Ассамблеяи парламентии СААД, баргузор мешаванд, — зикр кард Раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко низ таъкид кард, ки ҳамеша хостори муносиботи неку ҳасана бо шарики стратегии кишварашон – Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, кӯшиш мекунанд, ки робитаҳо бештар тақвият ёбанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон