25 августи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро, бинобар анҷоми ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон, ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми хонум Мэрилин Йосефсонро дар рушду тавсеаи муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, барои кумакҳои ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва барои ҷонибдории Иттиҳоди Аврупо аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои муҳими муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зарурати истифодаи имконотро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, инфрасохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо назардошти вазъи феълии Афғонистон ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
www.majmilli.tj