Гулчанбаргузорӣ дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба

№61-62 (4644-4645) 10.05.2023

307e6d8bddeb7d5ac28c92e14e2e4de39 — уми майи соли 2023 дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок карда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар дар рӯзи хотираи қаҳрамонони халқи тоҷик рӯҳи шаҳидони роҳи озодӣ гиромӣ дошта шуд.

Дар маросим ҳамчунин, аз номи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.

www.majmilli.tj