Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳо барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ мусоидат менамоянд

№134(3435) 09.10.2015

Гузориш аз ҷараёни сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон

Шашуми октябри соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо даъвати раисони Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Кабибулла Ҷакупов ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Ҳамон рӯз Шукурҷон Зуҳуров қабл аз оғози ҳамоиш бо Кабибулла Ҷакупов дидору гуфтугӯч кард. Шукурҷон Зуҳуров нахуст ба К. Ҷакупов барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ  изҳори сипос намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар бахшҳо баррасӣ гардиданд.

Шукурҷон Зуҳуров изҳори умед кард, ки баргузории ҳамоиши мазкур нақшаҳои ҷонибҳоро дар самти тавсеа бахшидани ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалӣ месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ин иттиҳод ҳамеша барои рушди муносиботи худ бо мамлакатҳои аъзои он талош менамояд ва ҳамеша ҳавасманди тақвияти муносибот бо ин кишварҳо дар дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро барои ҳар ду ҷониб дастоварди муҳим ва санади эътимодбахш маънидод кард.Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натоиҷи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба шаҳри Душанбе, ки 14 сентябри соли ҷорӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он шаш санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расиданд, қадами ҷиддӣ ва заминаи мусоид барои таҳкими муносиботи дуҷониба арзёбӣ намуд.

- Мо аз ҳамкорӣ ва муносиботе, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамаи бахшҳо вуҷуд дорад, қаноатманд ҳастем ва ба имзо расидани Аҳдномаи шарикии стратегиро барои эҷоди пайванди ногусастанӣ байни ду ҷумҳурӣ муҳим медонем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Кабибулла Ҷакупов аз равобити неки байни кишвараш ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо ибрози хушнудӣ карда, ин муваффақиятҳоро самараи робитаи нек ва дӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев арзёбӣ намуд.

Мавсуф таъкид кард, ки дар заминаи ин муносибот ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Қазоқистон дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Мулоқоту вохӯриҳои намояндагони парлумонҳои ҳар ду кишвар метавонад ин равобитро боз ҳам таҳким бахшанд.

Дар ҷараёни мулоқот дар бораи дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва ғайра табодули назар карда шуд. Тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, баррасии вазъи минтақа ва ҷаҳон, хусусан Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва минтақаи Шарқи Наздик, мубориза ба муқобили ҳар гуна падидаҳои номатлуб низ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

_HAI7864

Ҳамон рӯз Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин мулоқот намуд. Дар ҷараёни ин мулоқот низ масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров ба сатҳу сифати муносиботи байнипарлумонии ду кишвар баҳои мусбат дода, таъкид кард, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, рӯз аз рӯз густариш пайдо мекунанд.

Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки фаъол будани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои кишварҳо барои тақвияти равобити байнипарлумонӣ мусоидат менамоянд. «Мо ҳамеша талош менамоем ва ҳавасманди он ҳастем, ки ҳамкориҳои байнипарлумонии мамлакатҳои мо беш аз пеш таҳким ёбанд»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Бо ишора ба шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон   будани Федератсияи Россия хотирнишон кард, ки кишварҳои мо аъзои чандин созмонҳои минтақавию байналмилалианд, ки ин шаҳодати яксон будани мавқеъҳо дар масоили минтақавию ҷаҳонист.

Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, изҳор дошт, ки иштироки фаъолонаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ин чорабинӣ ва мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гувоҳи он аст, ки Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори мавқеъҳои якдигар ҳастанд.

Дар навбати худ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин низ тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро яке аз ҳадафҳои муҳим маънидод кард.

Номбурда таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на чандон тӯлонӣ тавонист ба як мақоми қонунгузори қавӣ ва аз лиҳози касбият қиёснашаванда ташаккул ёбад. Зикр шуд, ки ҳамкориҳо танҳо дар сатҳи мулоқотҳои алоҳида маҳдуд нашаванд.

Зимни мулоқот ҳамчунин бобати ривоҷи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва кишоварзиву муҳоҷират изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Федератсияи Россия шарики рақами аввали сармоягузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари ИМА аст. Ин нишондиҳанда қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар мебошад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Тоҷикистон баррасии масоили ҳамкориҳо дар заминаи бунёди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешимро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамояд ва мо боварӣ дорем, ки тавсияҳои дар ин ҳамоиш пешниҳодшуда барои татбиқи муваффақонаи ин ташаббусҳо ва рушди оянда, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳоямон мусоидат менамоянд.

Дар шароити муосир густариши ҳамкориҳои минтақавӣ унсури муҳим ҷиҳати ташаккули ҷаҳони бисёрқутба ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ бо роҳи ҳамоҳангсозии ҳадафҳои сиёсӣ, зиёдшавии иқтидори инфрасохтор, тавсеаи фаъолиятҳои мутақобилаи тиҷоратӣ-сармоягузорӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва густариши робитаҳои башардӯстона ба шумор меравад.

Татбиқи нақшаи камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим барои кишварҳои АвруОсиё дар тақвияти иқтидор ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодиву тиҷоратӣ дар масири Роҳи бузурги абрешим неруи муҳим буда метавонад. Ниҳоят, ин иқдом шароити мусоидро барои ҷалби ҳар чӣ бештари таваҷҷуҳи кишварҳои сармоягузор, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ММД ва дар маҷмӯъ беҳтар  гардидани некуаҳволии аҳолӣ фароҳам меорад.

Дар идомаи суханрониаш Шукурҷон Зуҳуров аз он ёдовар шуд, ки талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ислоҳоти амиқ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ бо мақсади ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар заминаи суботи макроиқтисодӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ  равона гардидаанд. Дар ин замина, ҷараёни афзоиши ҳаҷми воқеии ММД тӯли панҷ соли гузашта тақрибан ба 40 фоиз баробар гардида, зиёдшавии ҳаҷми воқеии музди меҳнат 2,1 маротибаро ташкил дод.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Ҳамкории Шанхай шарикони дерина ва боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим на танҳо Осиёи Марказӣ, балки Федератсияи Россияро низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, иқдоми мавриди  назар боиси тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ мегардад.

Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва бо дарназардошти имконоти рушди долонҳои нақлиётӣ ва нақшаи ҳамкориҳои логистикӣ низ ин лоиҳа барои кишварҳое, ки дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор доранд, аҳамияти калон дорад. Амалишавии лоиҳаи мазкур ба коҳиши марҳила ба марҳила ва комилан аз байн рафтани монеаҳо дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ байни ширкаткунандагони он мусоидат менамояд. Дар шароити кунунӣ ташкил намудани камарбанди иқтисодӣ муҳиму саривақтӣ буда,  ҳамкориҳоро бо хориҷи дур низ густариш мебахшад.

Муҳимияти ин иқдомро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳоро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Ҳамкории Шанхай мадди назар дорад.

Чунин мешуморем, ки ҳангоми амалишавии лоиҳаҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим бояд манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар асоси манфиатҳои мутақобила дар ҷодаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, зерсохторӣ ва сармоягузорӣ  ба инобат гирифта шаванд. Табиист, ки барои расидан ба ин ҳадаф фароҳам овардани заминаи мукаммали қонунгузорӣ зарур аст. Бо ин мақсад комиссияи дахлдор таъсис дода шудааст, ки фаъолияташ минбаъд густариш меёбад.

- Боварӣ дорем, ки амалишавии чунин лоиҳаҳо ҷавобгӯи талаботи замон ва ормонҳои халқи мо буда, ба беҳтар шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ ва баландшавии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ сабаб мегарданд, — гуфт дар интиҳои суханрониаш Шукурҷон Зуҳуров.

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангии Ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди омодагиҳо ба чорабинии «ЭКСПО-2017» дар шаҳри Остона, Осорхонаи ба номи Нурсултон Назарбоев ва музейи шаҳри Остонаро тамошо карданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев ҳамроҳӣ кард.

 Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон