25-уми январи соли 2024 раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвари дӯсту бародар – Тоҷикистону Эронро арзишҳои олии фарҳангию таърихӣ ва суннату анъанаҳо ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Мо ҷонибдори рушди робитаҳои кишварҳоямон ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳама сатҳ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ намоем, — иброз намуд зимни мулоқот Ф. Баротзода.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масоили такмили қонунгузорӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар мавзуъҳои барои ҳар ду давлат муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад. Бо ин мақсад миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон гурӯҳи дӯстӣ ташкил гардидааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ