Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Гузориши мукаммал

№155 (3635) 24.12.2016

DSC_090622 декабри соли 2016 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оғоз ёфт.

Ба он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Шукурҷон Зуҳуров раисӣ кард.

Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд. Бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар ҷаласа, инчунин раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум кушода эълон карда мешавад.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад)

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати котиботи ҷаласаро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»

Мутобиқи банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:

Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Маҷидзода Ҷурахон Зоир — вакили Маҷлиси намояндагон.

Аъзои Котибот:

Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна — узви Маҷлиси миллӣ;

Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович — вакили Маҷлиси намояндагон.

Нисбат ба лоиҳаи қарор чӣ гуна фикру мулоҳиза доред? Ба овоз монда шавад? Пешниҳоди дигар нест?

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати Котиботи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда мешавад. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз аъзои Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол ва ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Оид ба ин масъала чӣ гуна пешниҳод доред? Лоиҳаи Қарор ба овоз монда шавад? Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа – «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул шуд.

Ташаккур.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.

САЛИМЗОДА Олим: — Муҳтарам Раис, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба тариқи зайл пешниҳод карда мешавад:

1. Рафти кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва радиои «Садои Душанбе» ба таври фишурда пахш карда шавад.

2.Маводи кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» чоп карда шавад.

3.Маводи кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Доир ба ин масъала пешниҳоди дигар ҳаст? Нест?

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда мешавад. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тавре медонед, ба Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ироа менамоянд, роҳбарону кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказии давлатӣ ва назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохтор­ҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои саҳомӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятӣ, соҳибкорон, шахсони дигари расмӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ даъват шудаанд.

Аз ин лиҳоз, ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон»-и Бӯстонсарои ҳукуматӣ баргузор мегардад.

Баъди он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум дар «Кохи Сомон» корашро идома дод.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Қобили зикр аст, ки Паёми навбатӣ давоми мантиқии Паёмҳои қаблии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар он натиҷаҳои рушди кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкилоту дастовардҳояш ҳамаҷониба таҳлил шуданд.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» -ро яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём унвон кардан мумкин аст. Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар сурати татбиқи он мо ба пешравиҳои бузург ноил хоҳем гашт, аз ҷумла Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил дода мешавад, иқтидори энергетикии мамлакат аз 17 миллиард киловатт- соати ҳозира то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол афзоиш меёбад ва Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид мегардад.

Ҳамчунин, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он барои соли 2017 самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат муайян шуда, барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии мамлакат, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ, тарҳрезӣ гардидаанд, ҳамчун санади муҳими таърихӣ мардуми кишварро ба бунёдкориву созандагӣ сафарбар намуда, бахшҳои ҷомеаро  ба марҳалаи нави инкишоф ворид месозад.

Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём мо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бояд масъулияти комил эҳсос намоем ва тамоми таҷрибаву ваколати хешро ба кор барем.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки супориш ва тавсияҳои Сарвари давлат аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ ва аҳли ҷомеаи кишвар самимона ҷонибдорӣ ёфта, ҳамчун барномаи созандагӣ ва бунёди зиндагии арзанда дар амал татбиқ хоҳанд гардид.

Иҷозат диҳед, аз номи шумо — иштирокчиёни Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самимона изҳори ташаккур намоем.

Раиси Котиботи ҷаласа гуфтание доред? Нест?

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаи рӯзномаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ гардид.

Ман ва муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирокатон дар кори ҷаласа миннатдории самимӣ изҳор менамоем.

Бо ҳамин Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пӯшида эълон карда мешавад.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ