29 марти соли 2019 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Ба он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раисӣ кард.
Раисикунанда: — Муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевич, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар толор аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 28 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 62 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади аниқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Дар толор 28 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 62 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд. Инчунин, дар ҷаласа раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Лозим аст, ки мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати котиботро интихоб намоем. Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори зерин пешниҳод карда мешавад:
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум».
Мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси котибот Латифзода Рустам Барот — вакили Маҷлиси намояндагон;
Аъзои котибот: Мансурӣ Дилрабо Сайдулло — вакили Маҷлиси намояндагон;
Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон — узви Маҷлиси миллӣ.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби ҳайати котиботи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раисикунанда: - Аз аъзои котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол ва ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сино, №4 Саидзода Ҷамшед Ҳамро дода мешавад. Марҳамат.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро:
- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба таври зайл пешниҳод мегардад:
1. Гузориш аз кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум тавассути шабакаҳои телевизиони «Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» пахш карда шавад.
2. Гузориши ҷаласа дар рӯзномаи «Садои мардум» дар хаҷми пурра чоп карда шавад.
3. Гузориши ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Оид ба ин масъала чӣ гуна пешниҳод доред?
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
1. Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимзода Қ.
2. Дар бораи аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Ш.
3. Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хоҷазода О. А.
4. Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода З. Қ.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии масъалаҳо — «Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 14 январи соли 2019 таҳти №1173 қироат мекунад:
- Ҳакимзода Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимзода Қурбон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 28 январи соли 2019 таҳти №1190 қироат мекунад:
- Бобозода Шавкат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Шавкат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 14 январи соли 2019 таҳти №1174 қироат мекунад:
- Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
АЛИЗОДА Зариф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 28 январи соли 2019 таҳти №1191 қироат мекунад:
- Файзуллозода Заробиддин Қудрат вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода Заробиддин Қудрат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
- Иҷозат диҳед бо муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳозирини гиромӣ муҳтарам Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ва Файзуллозода Заробиддин Қудратро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳояшон ба вазифаҳои сатҳи баланди давлатӣ – аъзои Ҳукумати кишвар таъин намудаанд ва ҷонибдории комили аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардиданд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти кориашон баҳри хизмат ба халқу Ватан комёбиҳои беназир таманно намоем.
Раисикунанда: - Ҳоло сухан ба раиси котиботи ҷаласа Латифзода Рустам Барот дода мешавад. Марҳамат.
Латифзода Рустам Барот: - Ба унвонии Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон мактуб ворид нашудааст.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ман бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолона дар кори ҷаласа изҳори ташаккур менамоям.
Бо ҳамин Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон мекунам.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).
Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ