Бисту шашуми январи соли 2021 Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки ба он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир раисӣ кард.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 31 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 58 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Ҳозирини арҷманд!
Дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ!
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро бо розигии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки тартиби кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст.
Оид ба лоиҳа таклиф доред? Пешниҳоди баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар асоси банди 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки ҳайати котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.
Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
Раиси котибот:
Ҳакимзода Шарифҷон — вакили Маҷлиси намояндагон
Аъзои котибот:
Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб — вакили Маҷлиси намояндагон
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ — узви Маҷлиси миллӣ
Оид ба ҳайати пешниҳодгардида чӣ гуна андешаҳо доред? Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои муқарраршударо ишғол ва ба кор шурӯъ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо дарназардошти моддаи 10 банди 2 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб намоем.
Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси комиссия:
Гиёзода Азиз Қодир — вакили Маҷлиси намояндагон
Аъзои комиссия:
Шукурзода Мурод — узви Маҷлиси миллӣ
Қосимзода Идигул Тағо - вакили Маҷлиси намояндагон
Оид ба ҳайати комиссия ягон пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳо хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад. Марҳамат.
ФАТТОҲЗОДА
Саидмурод Самад:
- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, вакилони арҷманд!
Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
1. Гузориш аз ҷараёни оғоз ва кушодашавии Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба таври фишурда ва баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Телевизиони Тоҷикистон, шабакаҳои муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикистон ва «Садои Душанбе» мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.
2. Маводи ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.
3. Маводи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред?
Тибқи таклифи пешниҳодгардида, лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, ки тавассути системаи овоздиҳии электронӣ мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз як масъала — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, ки дар ин бора лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он ягон таклифи дигар мавҷуд аст? Нест.
Таклифро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Рӯзнома тасдиқ гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тавре медонед, дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Маросими ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони масъули мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор мегардад.
(Идомаи кори ҷаласа дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон»)
РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Тавре шунидед, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама паҳлуи ҳаёти ҷамъиятӣ ва вазъи воқеии соҳаҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишварро мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода, бо истифода аз таҷрибаи пурсамари корӣ дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2021 ва солҳои минбаъда муайян намуданд.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то ҳол роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор дар масири расидан ба ормонҳои миллӣ, нақшаҳои бузургу созанда дар самти шинохти миллию давлатдорӣ, эҳёи дубораи халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардида, ба афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони тозаистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳим бозидаанд.
Пешвои муаззами миллат дар ҳар Паёмашон масъалаҳои умда ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои нав ба нави тақдирсози кишварро ба миён мегузоранд. Бояд иброз намоям, ки Паёми имсола аз лиҳози муҳтавою серпаҳноӣ аз паёмҳои қаблӣ фарқ дорад. Зеро дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардид, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (яъне, деҳқонон) аз супоридани «Андози ягона» ба муҳлати як сол озод карда шаванд.
Инчунин, иброз намуданд, ки муҳлати амали мораторий ба санҷиши соҳаҳои истеҳсолӣ боз як соли дигар, яъне то 1-уми январи соли 2022, тамдид карда шавад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Пешвои муаззами миллат барои расидани аҳолӣ ба сатҳи зиндагии шоиста мусоидат карда, амалигардонии пурраи онҳо роҳи моро дар масири татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, бахусус саноатикунонии босуръати кишвар, бамаротиб кӯтоҳ менамояд.
Ҳадафу амалҳои созандаи халқи мо аз Паём то Паём аз роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба шуғлу шеваи ҳамешагии ватандорона ва бунёдгаронаи мардуми меҳнатқарини кишвар табдил ёфтааст.
Паёмҳо танҳо як даъват, нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарф муҳаббату садоқат ва самимияти ватандӯстонаро фаро гирифта, ба тамоми паҳлуи ҳаёт гармиву рӯшанӣ мебахшанд ва мардумро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ, рушди босуботу саодатмандӣ ва фардои дурахшони давлату миллат ҳидоят мекунанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ
ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Соли равон ҳар ду палатаи Маҷлиси Олиро дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вазифаҳои пурмасъул, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид, интизоранд. Тавре Пешвои муаззами миллат ишора намуданд, фаъолияти вакилони халқ набояд бо қабули қонуну қарорҳо маҳдуд гардад, балки дар ҳамкорӣ бо мақомоти татбиқкунандаи қонунҳо ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ намудани онҳо саҳм гузоранд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа мувофиқро омода карда, иҷрои онҳоро пайваста таҳлил намоянд.
Дар ин раванд, пеш аз ҳама, ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон зарур аст, ки дар доираи нуктаву ҳидоятҳои раҳнамунсози дар Паёми Сарвари давлат баёнёфта нақшаҳои мушаххаси кориро омода намуда, пайи татбиқи босамари онҳо тадбирҳои фаврию лозимӣ андешанд.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки вакилони ҳама сатҳ – аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон то вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандӯстона гузоранд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар самимона пазируфта шуда, ҳамчун барномаи созандагӣ ва бунёди зиндагии арзанда дар амал татбиқ хоҳанд гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Ҳамин тариқ, муқаррароти моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.
Раиси Котиботи ҷаласа — Ҳакимзода Шарифҷон ягон гуфтанӣ доред? Агар бошад, марҳамат.
ҲАКИМЗОДА Шарифҷон: - Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, ҳозирини гиромӣ!
Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонам, ки унвонии Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон пешниҳод, арз ё барқия ворид нашудааст.
РАИСИКУНАНДА: — Дар фарҷом ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва шахсони расмии даъватшуда, барои иштироки фаъолонаатон изҳори сипос намуда, ба шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, барори кор ва осудагии рӯзгорро орзумандам.
Бо ҳамин Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ