30 августи соли 2013 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. Ба Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раисӣ намуд.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоем.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
Раисикунанда:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи банди 1 моддаи 9 «Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мо бояд Котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи Котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси Котибот:
Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович - вакили Маҷлиси намояндагон
Аъзои Котибот:
Кенжекулова Ҷамила Сатибалдиевна — узви Маҷлиси миллӣ
Самадов Шакарбек Додхоевич — вакили Маҷлиси намояндагон.
Нисбати лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад?
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот интихоб шудаанд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол карда, ба кор шуруъ намоянд.
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро, ки аз як масъала -«Оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аст, тасдиқ намоем. Лоиҳаи Қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Ба овоз монда мешавад. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Раисикунанда:- Мутобиқи банди 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва қабул намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад. Марҳамат.
Олим Салимзода:- Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо инъикоси ҷараёни кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум бо тартиби зайл пешниҳод мегардад:
1.Кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати чорум аз тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», шабакаҳои Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон- Баҳористон», радиои Тоҷикистон, радиои «Садои Душанбе» ба таври фишурда дар барномаҳои бегоҳирӯзии воситаҳои ахбори оммаи зикргардида инъикос ва шунавонида шавад.
2.Маводи ҷаласа дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.
3.Маводи ҷаласа тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
Раисикунанда: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Доир ба ин масъала пешниҳоди дигар ҳаст? -Нест.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба овоз монда мешавад. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Ба баррасии масъалаи рӯзнома «Оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳоло аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад. Марҳамат.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон ЗУҲУРОВ: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ҳозирини арҷманд!
Хурсандиовар аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба миллати сарбаланди тоҷик имконияти мусоиди таърихиро баҳри эҳёи давлатдории миллӣ фароҳам оварда, таҷриба ва малакаи андӯхтаи моро дар ин самт тақвият бахшид. Маҳз бо шарофати соҳибихтиёрӣ тоҷикон тавонистанд худро ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун муаррифӣ намуда, дар ҷаҳони пуртазоди муосир мавқеи хоси худро пайдо намоянд. Ҳамзамон лозим ба тазаккур аст, ин раванд, ки имсол мо аз 22 -солагии он ҷашн хоҳем гирифт, раванди бисёр мушкилу мураккаб буда, сабақи таърихии аз он бардошта, бояд барои садсолаҳо дарси ибрат бошад.
Пеш аз ҳама, дар хотир бояд дошт, ки рӯҳияи истиқлолхоҳии мардум баръакси тамоми ниятҳои нопоки қувваҳои манфиатҷӯ, ки таҳти таъсири неруҳои гуногуни дохилию хориҷӣ шиддати иҷтимоиро ба арши аъло расонида буданд, тавонист миллатро дар пайроҳаи пурпечутоби соҳибихтиёрӣ устувор нигоҳ дошта, ҳисси худшиносию худогоҳии онро боло ва иродаашро дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ мустаҳкам намояд.
Маҳз тавассути ҳамин омили бузург мо марҳила ба марҳила таҷрибаи давлатдории худро тақвият бахшида, тавонистем механизмҳои хоси ташаккулдиҳии ҳокимияти сиёсӣ ва давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро истифода бурда, дар ҷаҳони муосир мавқееро соҳиб гардем, ки он, пеш аз ҳама, ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои умумибашарӣ бошад. Зеро, фаромӯш набояд кард, ки маҳз таъмини таносуби ҳамин ду омил метавонад ҳидоятгари мо дар роҳи тақвияти минбаъдаи давлатдорӣ гардад. Дар ин радиф яке аз масъалаҳои печида ва хеле вазнине, ки дар давоми чор соли аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебоист тақдири инкишофи минбаъдаи давлати миллии моро ҳал менамуд, ин ҷустуҷӯ ва дарёфти шакли мувофиқи идоракунии ҷумҳурӣ буд. Интихоби шакли идоракунии президентӣ собит сохт, ки маҳз чунин шакли давлатдорӣ муҳимтарин омили пойдор гардидани суботи сиёсӣ ва баъдан зина ба зина рушд ёфтани ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва болоравии обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Зеро, мо тавонистем ваколати интихоби Президентро ба мардум гузошта, ин меъёрро дар моддаи 6 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой диҳем.
Дар робита ба ин метавон зикр намуд, ки беҳтарин дастоварди мо дар ин самт ин, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимият буда, татбиқи он собит месозад, ки маҳз иродаи мардум қодир аст чунин шакли ҳокимият ва идоракуниеро ба миён оварад, ки мақсади асосиаш таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб интихобот на танҳо як раванди маъмулии сиёсӣ, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули ҳокимияти сиёсӣ пазируфта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавонистааст ин рисолати худро пурра иҷро намояд.
Дар робита ба ин, имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳими сиёсиест, ки аз натиҷаҳои он пешрафту рушди минбаъдаи давлати мо сахт вобаста аст. Дар ин радиф интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус дошта, иштироки фаъолонаи ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва интихоби огоҳонаи онҳо омили муҳими суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоист.
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз принсипҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд тақсимоти ҳокимияти сиёсӣ ба се шохаи мустақил мебошад, ки дар он бояд принсипи муҳими «худдорӣ ва муқовимат» риоя гардад. Тайи солҳои фаъолияташ институти президентӣ худро ҳамчун ниҳоди муҳими сиёсӣ нишон дода, собит сохт, ки қодир аст дар мушкилтарин лаҳзаҳои давлатдорӣ сарбаландона аз уҳдаи идоракунии он барояд. Бояд гуфт, ки зарурати тақвияти минбаъдаи институти президентӣ дар кишварро вазъи имрӯзаи сиёсӣ, бахусус раванди инкишофи неруҳои демократӣ тақозо менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон Роҳбари Ҳукумат ба шумор рафта, рушду нумуи муназзам ва ҳамаҷонибаи кишварро таъмин менамояд, ҳадафҳо ва масъалаҳои асосии фаъолияти Ҳукуматро муайян месозад. Мувофиқи моддаи 64 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳомии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Воқеияти сиёсӣ собит намуд, ки мамлакати мо ба шарофати чунин шакли идоракунӣ тавонист чандин буҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиро паси сар намуда, дар ҷодаи бунёди ҷомеаи навини демократӣ ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардад.
Интихоботҳои президентие, ки солҳои гузашта баргузор гардиданд, рисолати таърихии худро пурра бар ҷой оварданд. Натиҷаи чунин идораи давлатӣ буд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба даргириҳои дохилӣ хотима дода, оқибатҳои онҳо бартараф карда шуданд. Фирориён ва муҳоҷирони иҷборӣ ба марзу буми аҷдодӣ баргардонида шуда, сарҷамъии миллат таъмин гардид. Иқтисодиёти кишвар ба таври назаррас рушду нумуъ намуд. Имрӯз як силсила барномаву стратегияҳои гуногунмуҳлат дар марҳилаҳои гуногуни амалишавӣ қарор доранд. Буҷети давлат сол то сол ғанӣ гашта, соли 2013 он маблағи 12, 2 миллиард сомониро ташкил дод. Чандин иншооти бузургу муҳим, аз ҷумла, неругоҳҳои барқии обӣ, хатҳои интиқоли барқ, таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикӣ, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ сохта шуда, мамлакат аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ раҳоӣ ёфт. Иншооти зиёди илмиву маърифатӣ, тиббӣ, варзишӣ ва ғайра ба истифода дода шуданд. Ҷараёни бунёди ҷомеаи навини демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд босуръат идома дорад.
Тайи ин солҳо ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон бо баргузории ҷашнвораву чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ арҷгузориву қадршиносӣ ба амал омад. Андеша ва ҳувияти аҳли ҷомеаи кишвар, хусусан ҷавонон, ташаккул ёфта, дар ҳоли рушду нуму мебошад. Сохти давлатдории Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сазовори обру ва нуфузи зиёд гардида, он муваффақона раванди шомилшавиро ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба итмом расонид. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ мавриди истиқболу дастгирӣ қарор гирифтанд, ки худ нишонаи амиқи эътирофи давлатдорию сиёсатмадорист.
Ин ҳама натиҷаи идоракунии самаранок ва ҳадафмандона, фаъолияти бомарому ояндабинонаи институти президентист, ки тавонист дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мақоми махсуси худро пайдо намояд. Дар ин радиф бе ягон муболиға метавон зикр намуд, ки ташаккул ва рушди институти президентӣ дар Тоҷикистон бевосита бо фаъолияти Сарвари давлат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дошта, собит месозад, ки муваффақият ва самаранокии фаъолияти дилхоҳ ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ, пеш аз ҳама аз иродаи сиёсӣ, устуворӣ, кордонӣ, ҷасорат ва донишу малакаи шахсият вобаста аст.
Инак, ба муносибати наздик омадани анҷоми ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бояд рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намоем.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, таъин ва баргузор мегардад. Ин рӯйдод масъултарин ва муҳимтарин маъракаи сиёсиест, ки ҳамчун омили муҳими ваҳдати миллӣ ва муттаҳидкунандаи миллат, ҳушёрии миллӣ ва бедории маънавӣ баромад мекунад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 дар бораи интихоботи Президентие, ки имсол баргузор хоҳад гардид, як силсила тавсияву нуктаҳои роҳнамо пешниҳод гардидаанд. Дар ин санад, аз ҷумла зикр гардидааст, ки интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия, рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад. Дар ин бахш таъкид гардидааст, ки корро тавре бояд ташкил намуд, ки шаҳрвандон дар навбати аввал аз ҳуқуқҳои қонунии худ воқиф гардида, иштирокчии фаъоли ин маъракаи сиёсӣ будани худро эҳсос намоянд ва масъулиятро оид ба амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии худ дарк кунанд. Сарвари давлат ҷонибдории худро аз интихоботи шаффофу ошкор таъкид намуда, аз минбарҳои баланди дохилию хориҷӣ изҳор доштааст, ки: «Ман ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд».
Мувофиқи моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи хатми ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Дар асоси талаботи санади мазкур рӯзи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, қарори худро дар бораи таъини интихобот қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз, мо имрӯз оид ба рӯзи баргузории интихобот бояд қарор қабул кунем. Бо истифода аз ҳуқуқи пешбарии ҷаласаи имрӯза пешниҳод менамоям, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013, ки ба рӯзи чоршанбе рост омада, ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат рӯзи истироҳат эълон шудааст, баргузор карда шавад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандонро дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян намудаанд.
Қобили зикр аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардидани интихобот нақши шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳиму муассир аст. Шаҳрвандони кишварамон ҷиҳати баргузории чунин интихоботҳо таҷрибаву малакаи кофӣ доранд. Бо вуҷуди ин, барои дар сатҳи баланд доир гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мақомоти марбутаи давлатӣ бояд бо интихобкунандагон ҳамкории мустаҳкам дошта бошанд. Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонуну санадҳои ба мавзуи интихобот бахшидашуда бояд ҳамаҷониба ба роҳ монда шуда, баҳри баланд бардоштани донишҳои сиёсии шаҳрвандон, сатҳи маърифати сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии онҳо, ширкати огоҳонаашон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, муҳайё намудани шароити интихоби озод, огаҳ гардидани онҳо аз маънову моҳияти қонунгузории дар ин самт амалкунанда, дарки воқеии нақши интихобот дар рушду нумуи тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар корҳои зиёде амалӣ карда шаванд. Тамоми фаъолияти иштироккунандагони интихоботи дарпешистода бояд дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мамлакат роҳандозӣ гардад.
Бояд зикр намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихобот мақоми бевоситаи ваколатдори давлатӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, ба Комиссияи мазкур ва тамоми субъектҳои баргузории интихобот лозим аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар доираи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишвар амал намуда, ҷиҳати ҳар чӣ беҳтар ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод доир гардидани интихобот дар сатҳи зарурӣ чорандешӣ намоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Маҷлиси Олии мамлакат, ки яке аз рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад, дар самти тақвияти бунёди давлати демократӣ ва рушду нумуи тамоми бахшҳои ҷомеа масъулу вазифадор мебошад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ низ ҳамаҷониба мусоидат намоем. Лозим аст, ки мову шумо зарурати ин чорабиниро дар байни оммаи васеи мардум ҳамаҷониба тарғиб намуда, барои дар сатҳи баланд омода ва гузаронидани он саҳми арзанда гузорем. Ҳамзамон бо ин, дар рушди маърифати сиёсии омма кӯмак расонида, ба воситаи тарғибу ташвиқи аҳамияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳоди ҳар як шаҳрванд эҳсоси гарми ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандориро тақвият бахшем. Ин кори муҳим аз ҳар яки мо ташаббускорӣ ва масъулияти беандозаро тақозо менамояд.
Итминони комил дорам, ки халқи рамузфаҳм, оқилу боидрок ва худшиносу худогоҳи мо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намуда, номзади арзандаи худро ба ҳайси Президенти давлатамон барои ҳафт соли оянда, ки бешубҳа он дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишварамон марҳилаи рушду пешрафт хоҳад гашт, интихоб хоҳанд кард.
Бо орзуву умедҳои ободии ҳар чӣ бештари Тоҷикистони азиз, беҳбудии рӯзгори мардуми шарифи он, тақвияти сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва хонаободии ҳар як фарди кишвар ба ҳамаи шумо саломатию барори кор орзу менамоям.
Саломат бошед!
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Аз рӯйи масъалаи мазкур кӣ ба музокира баромадан мехоҳад?
Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Авзалов Ғайбулло дода мешавад. Марҳамат.
Ғайбулло АВЗАЛОВ:- Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо дар пешорӯйи маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар робита ба омодагӣ ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ Роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври шаффоф ва ошкоро баргузор шудани маъракаи интихобот ҳастем ва ман, ҳамчун ҳомии Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакат бо масъулияти баланд ва эътимоди комил кафолат медиҳам, ки интихоботи дарпешистода ба таври демократӣ ва озоду одилона баргузор хоҳад шуд».
Вобаста ба ин, таъкид гардид, ки ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иштирокчиёни интихобот бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мамлакат роҳандозӣ намоянд.
Тамоми субъектҳои раванди интихоботро зарур аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор гардидани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар вилояти Хатлон, ки ташкил намудани 1011 участкаҳои интихоботӣ бо 7965 нафар аъзоёи участкаҳо дар назар аст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамаи тадбирҳоро ҷиҳати таъминоти моддию техникии участкаҳо ва ба ҳайати участкаҳои интихоботӣ пешбарӣ намудани шахсони лаёқатманд, кордон ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дар ҳудуди вилоят амалкунанда ҳама тадбирҳоро меандешанд.
Тибқи ҳисоботи пешакӣ дар вилояти Хатлон 1 миллиону 367 ҳазору 811 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 60122 нафар интихобкунандагоне, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, мавҷуд аст. 134803 нафар интихобкунандагони вилоят дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Роҳбарияти вилояти Хатлон барои фаъолона иштирок намудани шаҳрвандони вилоят дар интихоботи дарпешистода ва шаффофу демократӣ гузаштани интихобот омодагиҳо дида истодааст ва барои дар сатҳи баланд гузаштани он аз имкониятҳои мавҷуда ҳаматарафа истифода мебаранд.
Дар вилоят бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриашон бо ҷавонон ва мулоқоташон бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар ва ҳангоми сафарҳои кориашон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир намуда, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, риояи қатъии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», диққати зарурӣ додан ба таълиму тарбияи босифат ва таҳсили фарзандон, хусусан духтарон, пешгирии беҳудагардӣ ва ба ҳар гуна равияҳои тундрави экстремистӣ шомил шудани ноболиғон, пурра баргардонидани ҷавонони дар донишкадаҳои ғайрирасмӣ таҳсилдошта даъват намуда истодааст. Ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.
Ба корҳои иҷрошуда нигоҳ накарда, мутаассифона, имрӯз ҳастанд баъзе гурӯҳу шахсони алоҳида, ки барои халалдорсозии сулҳу субот ва оромии кишвар корҳои ғаразноки худро пеш мебаранд.
Миллати тоҷик ва тоҷикистониён бояд як нуктаи бисёр муҳимро, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, фаромӯш насозанд. Яъне: «Ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи Ватани маҳбубамон –Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар фазои сулҳу салоҳ дар маъракаи интихобот дар доираи қонун бо дарки баланди масъулият, рафтору одоби ҳамида иштироки фаъолона намуда, нақши арзандаи хешро мегузоранд.
Раисикунанда: -Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафорова Назира Абдуллоевна дода мешавад. Марҳамат.
Назира ҒАФОРОВА:- Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз мо бо дарки зарурат ва аҳамияти тақдирсози интихоботи Президент барои имрӯзу фардои ҷомеаи Тоҷикистон масъалаи таъини интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамоем.
Боиси тазаккур аст, ки дар густариши равандҳои демократӣ, рушди арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи умумихалқии Президент нақши муҳим дорад.
Халқи шарифи Тоҷикистон, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, тавассути иштироки бевосита дар маъракаҳои интихоботи Президент ва додани раъйи эътимод ба фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти фардои дурахшони худ ва сарзамини Тоҷикистонро муайян намуд ва бо ин интихоби худ хато накард.
Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣ, ҳалли худро ёфтани масоили муҳими тақдирсози кишвар бори дигар қудрату қобилияти ташкилотчигӣ, азму иродаи қавии Сарвари давлатро дар амалӣ намудани мақсадҳои наҷиб дар роҳи шукуфоиву пешрафти мамлакат собит менамояд. Нуктаи муҳим он аст, ки меҳвари асосии фаъолияту мавқеъгирии муҳтарам Президентро се ҳадафи стратегӣ ташкил медиҳад- таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ояндаи Тоҷикистонро бе амалисозии ин ҳадафҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар ин самт таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳо, сохтмони нақбу пулҳо ва хатҳои роҳи оҳан, сохта ба истифода додани даҳҳо неругоҳҳои хурду миёна, ташвиқу тарғиби истифодаи оқилонаи замину об, ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бисёр дигар иқдомоти муассирро метавон мисол овард.
Бо рушди иқтисодиёт ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ вазъи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба сатҳи арзандаи зиндагӣ (бо коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 38,5 фоиз дар соли 2012 тасдиқ мегардад), ҳуқуқ ба саломатӣ, таҳсилот, нафақа, ҳуқуқҳои кӯдакон, занон ва дигар гурӯҳҳои ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ ниҳоданд.
Ин ҷо мехоҳам иқдомоти Сарвари давлатро дар самти баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар ҷомеа, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад, махсусан таъкид намоям. Боиси қаноатмандист, ки барои таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва эътибор, шаъну шарафи занон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарон, маърифатнокӣ ва ҳунаромӯзии онон, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби занон ба соҳибкорӣ тадбирҳои оқилонаву ҳадафманд андешида шуданд. Шоистаи таъкид аст, ки ҷиҳати амалисозии ин иқдомот Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расид, ки он ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули як қатор қонунҳо ва барномаву стратегияҳо мусоидат намуд.
Қобили зикр аст, ки робитаҳои мутақобила ва ҳамкориҳои тамоми шохаҳои ҳокимият, бахусус мақоми олии қонунгузор бо мақомоти иҷроия ва махсусан Президент дар тӯли ду даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расид. Имрӯз мо имкон дорем, амалисозии сиёсати давлатӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои миллӣ ва таҳияву қабули қонунҳои сарнавиштсоз ва дархӯри ҷомеаро дар доираи ин ҳамкориҳои судманд боз ҳам тақвият бахшем. Зикр намудан бамаврид аст, ки Президенти ҷумҳурӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар давраи фаъолияти парламенти касбӣ як қатор қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа, ҳаётан муҳим ва мусоидаткунандаи даврони созандагиро пешниҳод намуданд.
Ин ҷо мехоҳам аҳамияти муҳими ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ду қонуни бо ташаббуси Президент пешниҳодшуда- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро махсусан таъкид намоям. Зеро, қонунҳои мазкур, қабл аз ҳама барои муҳокимаи умумихалқӣ вогузор гашта, ҷиҳати такмили онҳо пешниҳодоти тамоми қишрҳои ҷомеа ба инобат гирифта шуданд. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи қонунҳои мазкур дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа ва аз аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии онҳо бархӯрдор гардидани аҳолӣ, саривақтӣ будани пешниҳод ва қабули онҳоро бори дигар собит менамояд.
Интихоби Президент барои ҳафт соли дигар имкон медиҳад, ки бо дарназардошти дастовардҳои солҳои сипаригашта ва таҷрибаи андӯхташуда, раванди тадбиқи ислоҳот ва навсозии иқтисодиву иҷтимоии оғозгардида пайгирона идома ёбад ва мо бо неруи тоза барои рушду нумуи кишвари азизамон ҷаҳду талош намоем.
Раисикунанда:- Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ғуломшоева Қобиламо Кановна дода мешавад. Марҳамат.
Қобиламо ҒУЛОМШОЕВА : — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар як маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус интихобот дар ҳаёти кишвар дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ буда, аз ҷумлаи имтиҳонҳои навбатии демократия дар назди ҷомеаи мамлакат ва тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Махсусан баъди таҳаввулотҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир ба масъалаи интихобот таваҷҷуҳи бештаре зоҳир гардида, ба он ҳамчун маъракаи таҳлилу арзёбии фаъолияти Давлату Ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ ва роҳбарони онҳо баҳо медиҳанд.
Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми заминаҳои ҳуқуқии шаффофу демократӣ гузаронидан ва ихтиёриву дар асосҳои баробар гузаронидани интихобот муайян карда шудаанд ва шаҳрвандони соҳибихтиёри кишвар аз он пурра бархӯрдоранд.
Бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар як шаҳрванд имконият дорад дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми зинаҳо ширкат варзад ва пешрафти минбаъдаи кишварро муайян намояд. Инро мо тавассути интихоботҳои гузаштаи Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида намудем.
Пешрафти муназзами кишвару дастовардҳои назаррас тайи солҳои даврони истиқлолият собит намуданд, ки роҳи интихобкардаи мо дуруст аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосӣ, роҳу усулҳои расидан ба ҳадафи асосӣ-бунёди давлати демократӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бемайлон амалӣ гардида истода, марраҳои муайянгардида фатҳ шуданд.
Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар ин давра сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуданд. Дар ин давра як қатор иншооту корхонаҳо бунёд гардиданд, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд ва сатҳи некуаҳволии мардум сифатан беҳтар гардид. Воқеан, тамоми масъалаҳое, ки доир ба пешрафти вилоят дар барномаи пешазинтихоботии Президент пешбинӣ гардида буданд, пурра амалӣ шуданд. Дар даврони истиқлолият корҳои сохтмонию ободонӣ дар вилоят вусъати бесобиқа пайдо намуд ва имрӯз вилоят ба майдони азими сохтмонӣ табдил ёфтааст. Танҳо дар чор соли охир — аз соли 2009 то соли 2012 дар вилоят 323 иншоот ба маблағи 345 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар вилоят сохтмони 185 иншоот бо арзиши лоиҳавии 241 млн. сомонӣ идома ёфта истодааст, ки ҳиссаи асосии онро маблағгузории давлатӣ ташкил медиҳад. Барномаҳои истиқлолияти энергетикии вилоят ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он пурра амалӣ гардида, доир ба ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар вилоят корҳои амалӣ идома доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд:
«Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии буҷети давлат, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд».
Шаҳодати бебаҳси амалӣ гардидани ин нуктаҳои Паём имзо гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» мебошад. Он музаффариятҳое, ки мардуми шарифи кишвар таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи на чандон калони таърихӣ ноил гардидаанд, дар таърихи миллат ҳамто надоранд.
Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» моро зарур аст, ки имрӯз аз ваколатҳои хеш дар бобати таъин намудани рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки на дертар аз ду моҳи хатми ваколатҳои Президент бояд таъин гардад, истифода намоем.
Аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи гузашта мо фаъолияти ҳар як ҳавзаи интихоботӣ ва участкаи интихоботиро таҳлил намуда, бурду бохтҳоямонро муайян карда будем. Мо боварӣ дорем, ки хурду бузург сиёсати давлатро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд ва дар маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Мо тамоми кӯшишу ғайратамонро ба он равона менамоем, ки талаботи қонунгузории мамлакат ва дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озоду баробар ва шаффофу демократӣ гузаштани интихобот бе каму кост иҷро гарданд.
Раисикунанда: — Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ муҳтарам Давлатов Убайдулло Абдуллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Убайдулло Давлатов: — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ.
Имрӯз, мо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаеро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ки барои ваҳдати минбаъдаи халқи Тоҷикистон, оромиву субот ва пешрафти устувору босуръати мамлакат басо муҳим мебошад.
Интихобот яке аз унсури муҳими ҷомеаи демократист ва халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ намояндагони худро барои амалӣ намудани ин ҳокимият интихоб мекунад. Бинобар ин, дар моддаи 6-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».
Президент – мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ буда, сарварии давлат ба уҳдаи ӯ гузошта мешавад. Аз ҷумла Президент ҳомии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкориҳои онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Хусусиятҳои зикргардидаи ниҳоди Президентро ба инобат гирифта, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб шудани Президентро пешбинӣ кардааст.
Аз фаъолияти босамари ин мақомоти олӣ сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат вобаста аст. Мо дар ҳаёт ва таҷрибаи худамон ин воқеиятро аз сар гузаронидем. Маҳз ба воситаи ин мақомоти олии давлатӣ дар Ватанамон ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз хотима ёфт, давлати Тоҷикистон ҳифз гардид ва фоҷиаи миллат барҳам хӯрда, сулҳу ваҳдат ба даст омад, халқи парокандагашта муттаҳид шуд ва кишварамон ободу зебо гардид.
Таърих худ собит сохт, ки ин ниҳоди давлатӣ ҷавобгӯ ба ҳаёти ҷомеа буда, барои пешрафти босуботу устувори он хизмат карда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон мусоидат хоҳад кард. Рақамҳои оморӣ худ тасдиқи ин гуфтаҳоянд. Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2006 ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзудааст, ки ин ба ҳар сари аҳолӣ аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 маротиба зиёд гардидааст. Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ соли ҷорӣ ба 6,4 миллиард сомонӣ мерасад, ки зиёда аз нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Агар ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2000-ум ҳамагӣ 106 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли ҷорӣ 60 баробар зиёд гардидааст. Ин ҳама аз сиёсати пайваста ва пайгиронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Инчунин аз 1 сентябри соли ҷорӣ зиёд гардидани маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва нафақаю стипендияҳо натиҷаи ин сиёсат мебошад.
Натиҷаҳои фаъолияти ин мақомот буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардида, нуфузу эҳтироми он ҳамарӯза афзуда истодааст. Гузаронидани чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Конференсияи сатҳи олии байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе гузашт, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Имрӯз мо ба қабули қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қадами бузурге дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мегузорем, ки он барои имрӯзу фардои миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон хизмат хоҳад кард. Боварӣ дорам, ки халқи дурандеши мо Президенти арзандаашро интихоб менамояд ва дар тӯли ҳафт соли минбаъда мо бо роҳбарии хирадмандонаи ӯ ба мақсадҳои олиамон ноил мешавем ва Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободтару зеботар ва сатҳи зиндагии ҳамватанонамонро боз ҳам баландтар мебардорем.
Ба қавли шоир:
Биё то ҷаҳонро ба бад
наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ
барем.
Набошад ҳама неку бад
пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад
ёдгор.
Аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қарори пешниҳодшуда овоз диҳед.
Раисикунанда: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Муҳиддин Тиллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Муҳиддин Кабиров: — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Пеш аз ҳама мувофиқати худро барои таъини 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоям, зеро он ҳам ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат мекунад ва ҳам дар рӯзи истироҳат мебошад, ки шароити овоздиҳиро сабуктар мегардонад.
Интихобот раванди ниҳоят муҳим ва механизми конститутсионии кишвар маҳсуб меёбад. Ман шакке надорам, ки интихоботи оянда дар як фазои босуботу ором баргузор хоҳад шуд. Интихобот табиатан худ падидае ҳаст, ки ҳассосиятро ба вуҷуд меорад. Вале аз риояи қонунӣ, гуфтугӯйи байни ниҳодҳои сиёсӣ, қишрҳои аҳолӣ вобаста аст, ки ин ҳассосият то кадом сатҳ боло меравад. Аз ин ки дар Тоҷикистон тибқи қонун ҳизбу ҳаракатҳои зиёд фаъолият карда истодаанд, Худоро шукр мекунем, ки бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо то имрӯз мухолифати ҷиддие байни онҳо дар масоили манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва давлатдории Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ин самараи Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии тоҷикону Тоҷикистониён аст.
Дар ин интихобот ҳар ҳизбу ҳаракат номзади худро пешниҳод менамояд. Табиист, ки дар интихоботи озод рақобат, танқид ва мубориза вуҷуд дорад. Аз ин тарсидан лозим нест, муҳим он аст, ки он дар чорчӯби қонун, мантиқ ва фарҳанги сиёсӣ бошад. Муҳим он аст, ки қонун риоя шавад. Муҳим он аст, ки раъйи мардум дуруст ҳисоб ва он эҳтиром карда шавад. Мутмаинам, агар ин ду меъёрро риоя кунем, интихобот на аз хориҷ интиқод мешаваду на аз дохил.
Пеш аз ҳама якдигарро эҳтиром намоем, аз якдигар душман натарошем. Хоҳиш мекунам, ки тариқи воситаҳои ахбори омма якдигарро танқид намоем, вале руҳияи сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва меъёрҳои конститутсиониро зери суол нагузорем. Суботи кишвар аз интихобот, аз мову шумо вобаста аст.
Ин Ватани ҳамаи мост. Ҳар кас ҳуқуқи ин ҷо кору зиндагӣ карданро дорад. Ман мутмаинам, ки ягон душмани хориҷиву дохилӣ ба ин ваҳдати мо зарба зада наметавонад.
Як бор иштибоҳ кардем, аз бетаҷрибагии мо истифода бурданд, дасти хориҷиён буд. Модом ки чунин аст, пас чаро имрӯз боз ҳамон иштибоҳҳоро такрор мекунем? Кадом хориҷист, ки моро барои сиёҳ кардани якдигар мешӯронад? Агар ин дафъа ҳам иштибоҳ кунем, ин ҷо айб аз дохил аст, на аз хориҷ.
Ҳоло бояд атрофи роҳбарияти кишвар, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бошем. Ҳар касе, ки аз тарафи мардум дар рақобати солим интихоб мешавад, ҳамагон атрофи он ҳамчун Президенти ояндаи кишвар ҷамъ хоҳанд шуд.
Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо дарназардошти фикру андешаҳое, ки оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардиданд, пешниҳод карда мешавад, ки 6 ноябри соли 2013 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Оид ба ин масъала ягон пешниҳоди дигар ҳаст? Нест? Ба овоз монда шавад? Вобаста ба ин масъала ба шумо лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад: Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 55 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 таъин карда шавад.
Лоиҳаи пешниҳодшударо ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.
Ҳоло сухан ба раиси Котиботи ҷаласа Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад. Марҳамат.
Сафаралӣ РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раёсат, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
- Ба Котиботи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум як адад муроҷиатнома ва як адад барқия ворид гардид. Дар онҳо ба кори ҷаласаи имрӯза барори кор орзу карда, ҳамзамон дар бораи баъзе мушкилоти ҷойдошта масъалагузорӣ карда шудааст.
Муроҷиатнома ва барқияи мазкур аз ҷониби Котиботи ҷаласа барои баррасӣ аз рӯйи мансубият ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешавад.
Раисикунанда: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Масъалае, ки ба рӯзномаи Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ворид гардида буд, баррасӣ шуд. Оид ба ҷараёни ҷаласа ягон пешниҳод ҳаст? Нест?
Иҷозат диҳед ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа изҳори ташаккур намоям.
Ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Ҷумъахон НАБОТОВ, Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ