Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Гузориши мукаммал

№158 (4578) 23.12.2022

ЯКЧОЯ копия — копияБисту сеюми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тариқи системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 30 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 60 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Дар кори Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки тартиби кори Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро баррасӣ ва тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба ­масъалаи зикршуда дар дасти шумо ҳаст. Агар нисбат ба он пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Агар не, онро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Нисбати шумора, ҳайати котибот ва лоиҳаи қарори мазкур таклифҳо бошанд, баён намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам.   Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – узви Маҷлиси миллӣ

Аъзои Котибот:

Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси миллӣ

Ҳакимзода Шарифҷон – вакили Маҷлиси намояндагон.

Нисбат ба шумора, ҳайати Котибот ва лоиҳаи қарори мазкур чӣ таклиф доред? Нест.

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоям, ки ба ҷойҳои муқарраршуда гузашта, ба кор шурӯъ намояд.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди дуюми моддаи 10 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани овоздиҳии кушода бе истифодаи системаи электронии ҳисобкунии овозҳо ба мо лозим аст, ки аз ҳисоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳоро дар Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муайян намоем.

Пешниҳод аст, ки ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо иборат аз ду нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Дӯстзода Ҳасан Тағдир – узви Маҷлиси миллӣ

Ализода Зафари Аҳмадҷон – вакили Маҷлиси намояндагон.

Нисбати лоиҳаи мазкур ягон таклиф ё пешниҳоди иловагӣ ҳаст? Нест.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо дар Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба овоз гузошта мешавад. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати гурӯҳ хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро, тибқи тартиби муқарраргардида, ба роҳ монад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарор якҷоя оид ба лоиҳаи рӯзнома бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба шумо пешниҳод гардидааст:

1. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиё­зода С.Р.»

- «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.»

- «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.»

- «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.»

- «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.».

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Таклифу пешниҳоди иловагӣ ҳаст? Нест.

Таклиф шуд, ки ба овоз монда шавад.

Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи қисми чоруми моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунанд:

1. Гузориш аз оғоз ва пӯшидашавии Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба таври фишурда ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.

2. Маводи ҷаласаи якҷоя:

- дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра нашр карда шавад;

- тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси на­мо­ян­­­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.» — ро қироат менамояд:

 «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 январи соли 2022, № 316».

 

РАИСИКУНАНДА:

- Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зиёзода С.Р.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА:

- Масъалаи навбатӣ «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.». Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.» — ро қироат менамояд:

 «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 феврали соли 2022,

№ 343».

 

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М.С.» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА:

- Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.» — ро қироат менамояд:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Зиёзода Сулаймон Ризоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 январи соли 2022,

№ 321».

 

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зиёзода С.Р.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА:

- Аз рӯи «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.», сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.» — ро қироат менамояд:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 26 январи соли 2022,

№ 322».

 

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода С.Ғ.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯи масъалаи навбатӣ «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.», сухан ба Ализода Зариф дода мешавад.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ» — ро қироат менамояд:

«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саид­зода Р.Ҳ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Саидзода Раҳим Ҳамро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 феврали соли 2022,

№ 347».

 

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Саидзода Р.Ҳ.» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз фурсат ба аъзои навтаъини Ҳукумат — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар пешбурди корҳои пурмасъулият бурдбориҳо хоста, таманнои онро дорам, ки тавассути меҳнати софдилонаву хизмати содиқона сазовори боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон гарданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Тибқи рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҷаласаи якҷоя Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парламенти кишвар баромад менамоянд.

Барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону кормандони масъули мақомоти давлатӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, соҳибкорон, инчунин дигар шахсони расмӣ даъват шудаанд.

 (Идомаи кори Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар «Кохи Сомон»).

(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳифаҳои 1 — 2 — 3 мутолиа карда метавонед).

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзи сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Паёми навбатиашонро дар шароити боз ҳам шиддат гирифтани вазъи сиёсии сайёра, густариш пайдо кардани терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти аксар кишварҳои олам ироа намуданд.

Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикис­тон муроҷиати имрӯзаи Сарвари давлатро комилан пуштибонӣ намуда, баҳри татбиқи ҳадафу мароми он ва таъмини шукуфоии кишварамон саъю талош  менамоянд.

Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар пешоҳанги татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мебояд ҷиҳати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва барои амалисозии вазифаҳои нави муайяннамудаи Роҳбари давлат вобаста ба рушду тараққиёти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварад. Аз ин лиҳоз, ҳар як узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва роҳнамои кору сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар иҷрои босамари дастуру нишондодҳои дар он зикргардида саҳмгузор бошанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо ҳамин баррасии масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба итмом расид.

Ҳоло сухан ба раиси Котибот, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхӯҷа Шоҳиён дода мешавад.

Зарифхӯҷа ШОҲИЁН:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, ҳозирини гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки унвонии Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум ягон пешниҳод, арз ё барқия ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ шуданд.

Ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои иштироки фаъолона дар ҷаласаи якҷоя ташаккур мегӯям.

Ҳамзамон, бо изҳори ниятҳои нек ҳозирини арҷманд ва ҳамаи сокинони сарбаланду ватандӯсти мамлакат, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 сидқан табрик менамоям.

Бо ҳамин Ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ