Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Гузориши мукаммал

№157 (4740) 29.12.2023

DSC_6852Бисту ҳаштуми декабри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИСИКУНАНДА:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тариқи системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред. Марҳамат.

(Овоздиҳии электронӣ сурат мегирад).

Ҳоло дар толор 30 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 59 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар кори Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,  раиси Палатаи ҳисоб, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони расмӣ, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси ­намояндагон!

Тибқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро бо ризоияти Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро лозим аст, ки тартиби кори Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба ­масъалаи зикршуда дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳод дошта бошед, иброз намоед. Агар не, онро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 9-и Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарори якҷоя доир ба масъалаи зикргардида манзури шумо гардидааст. Нисбат ба шумора, ҳайати котибот ва лоиҳаи қарори мазкур таклифҳо бошанд, баён намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам.   Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси котибот:

Идизода Файзалӣ Фузайлшо – вакили Маҷлиси намояндагон.

Аъзои котибот:

Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович – узви Маҷлиси миллӣ,

Маҷидзода Сарвиноз Комил – вакили Маҷлиси намояндагон.

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати котибот хоҳиш менамоям, ки ба ҷойҳои муқарраршуда гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Тибқи моддаи 10 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки гурӯҳи ҳисобгирии овозҳоро дар Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо иборат аз ду нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат – вакили Маҷлиси намояндагон,

Набизода Мадина Раҳмат – узви Маҷлиси миллӣ.

Нисбат ба масъалаи мазкур таклиф ё пешниҳоди дигар ҳаст?

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳайати гурӯҳи ҳисобкунии овозҳо дар Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ба овоз гузошта мешавад. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати гурӯҳ хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Сухан аз рӯи масъалаи мазкур ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад.  Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунанд:

1. Гузориш аз кушода ва пӯшидашавии Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба таври фишурда ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.

2. Маводи ҷаласаи якҷоя:

- дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра;

- тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.

Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба лоиҳаи рӯзнома бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба шумо пешниҳод гардидааст:

1.Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон:

- «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ»

- «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода С.Ғ.»

- «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амонзода Ш. Ш.»

- «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Г.К.»

- «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қ.».

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».

Таклифу пешниҳоди иловагӣ ҳаст? Нест.

Таклиф шуд, ки ба овоз монда шавад.

Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ мекунем. Аз рӯи «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ» сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

 Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ»-ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ»

Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Саид Давлаталӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 487».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Давлаталӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Саъдӣ Ғаффор» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Саъди Ғаффор» — ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Саъдӣ Ғаффор»

Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Каримзода Саъдӣ Ғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 488».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Саъдӣ Ғаффор» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Масъалаи навбатӣ «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амонзода Ширин Шодӣ». Марҳамат, Ализода Зариф, фармонро қироат намоед.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амонзода Ширин Шодӣ»-ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амонзода Ширин Шодӣ»

Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Амонзода Ширин Шодӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 489».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Амонзода Ширин Шодӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Масъалаи навбатӣ «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Гулнора Кенҷа». Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Гулнора Кенҷа» — ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Гулнора Кенҷа»

Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Ҳасанзода Гулнора Кенҷа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 494».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳасанзода Гулнора Кенҷа» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон» — ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон».

Мутобиқи моддаи 69 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фармон медиҳам:

1. Ҳакимзода Қурбон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 5 январи соли 2023, № 493».

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

 Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод мегардад.

Барои шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони масъули мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ даъват шудаанд. Ҳоло мо низ барои шунидани Паём бо иҷозати Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Маҷ­мааи давлатии «Кохи «Сомон» раҳсипор мегардем ва баъд аз шунидани Паём толорро тарк накарда, дар ҳамон ҷо кори ҷаласаи якҷояро идома медиҳем.

(Идомаи кори ҷаласа дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» сурат гирифт).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Тавре шунидед, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишварро мавриди таҳлилу таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода, бо истифода аз таҷрибаи пурсамари корӣ дурнамои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро барои соли 2024 ва солҳои минбаъда муайян намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҳар Паёмашон масъа­лаҳои умда ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои нав ба нави тақдирсози кишварро ба миён мегузоранд. Паёми имсола аз лиҳози муҳтавою серпаҳноии худ аз паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад, зеро дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки:

- низоми идоракунии давлатӣ такмил ва ислоҳоти сохторӣ идома дода шавад;

 - қарзи андозҳои то 1 январи соли 2018 ба вуҷудомадаи субъект­ҳои соҳибкорӣ аз эътибор соқит карда шавад;

- музди меҳнат 40 дарсад ва нафақа 30 дарсад зиёд карда шавад;

- бо ҳадафи ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии миллӣ Агентии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад;

- баҳри таҳкими қонуният ва волоияти қонун соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Инчунин, бо эътиқод ба мақоми олии қонунгузори кишвар иброз доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон баҳри такмили пайвастаи қонунгузории кишвар ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мутобиқ намудани он тамоми саъю кӯшиши худро равона созанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки тамоми дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташуда аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар самимона пазируфта шуда, ҳамчун барномаи созандагӣ ва бунёди зиндагии арзанда дар амал татбиқ хоҳанд гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шунида шуд. Бо ҳамин баррасии масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба итмом расид.

Ҳоло сухан ба раиси котибот, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайл­шо дода мешавад.

Файзалӣ ИДИЗОДА:

- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, ҳозирини гиромӣ!

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки унвонии котиботи Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум ягон пешниҳод, арз ё барқия ворид нашудааст.

РАИСИКУНАНДА:

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар фарҷом ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва шумо – аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва шахсони расмии даъватшуда барои иштироки фаъолонаатон изҳори сипос намуда, ба ҳамаатон, пеш аз ҳама, саломатӣ, барори кор ва осудагии рӯзгорро орзумандам!

Бо ҳамин Ҷаласаи якҷояи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ