Бисту ҳаштуми декабри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо хоҳиш менамоям, ки тариқи системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред. Марҳамат.
(Овоздиҳии электронӣ сурат мегирад).
Ҳоло дар толор 29 аъзои Маҷлиси миллӣ ва 58 вакили Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар ҷаласаи якҷояи имрӯза узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим ва вакили Маҷлиси намояндагон Табарӣ Абдулло бо сабаби узрнок иштирок надоранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар кори Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки тартиби кори Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро баррасӣ ва тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба масъалаи зикршуда манзури шумо гардидааст. Доир ба он пешниҳоду таклифҳо бошанд, марҳамат иброз намоед.
Бо назардошти таклифи баёнгардида лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби кори Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки котиботи Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба ин масъала ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбати шумора, ҳайати котибот ва лоиҳаи қарори мазкур таклифҳо бошанд, марҳамат баён намоед.
Пешниҳод аст, ки он иборат аз се нафар, дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
раиси котибот:
Одиназода Бозоралӣ Неъмат – узви Маҷлиси миллӣ
аъзои котибот:
Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ – узви Маҷлиси миллӣ,
Шерализода Маҳмадулло Умар – вакили Маҷлиси намояндагон.
Бо назардошти таклифҳои баёнгардида лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарори якҷоя оид ба лоиҳаи рӯзнома бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба шумо пешниҳод гардидааст:
1. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.»;
- «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.»;
- «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.»;
- «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.»;
- «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Д.С.»;
- «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М.А.»;
- «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода С.Н.».
2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Таклифу пешниҳоди иловагӣ ҳаст? Нест.
Таклиф шуд, ки ба овоз монда шавад.
Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.
Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи қисми чоруми моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаи якҷояро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ:
- Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Бо назардошти он ки дар Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва ҳамзамон, тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ба муҳокимаи шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа тариқи зайл пешниҳод мегардад:
1. Гузориш аз кушода ва пӯшидашавии Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба таври фишурда ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тавассути «Телевизиони Тоҷикистон», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиоҳои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шаванд.
2. Маводи ҷаласаи якҷоя:
- дар рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳаҷми пурра;
- тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози» ва рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нашр карда шавад.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба лоиҳаи қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.
Бо назардошти таклифи баёнгардида лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инъикоси Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»-ро ба овоз монда, хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.
Қарор қабул шуд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М. А.» сухан ба ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сатториён Матлубахон Амонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №712».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
- Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён М.А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.» оғоз менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Давлатзода Зулфия Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №713».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
- Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода З.Д.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №714».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода С.С.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.» оғоз менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 16 январи
соли 2024, №680».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Д.С.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Д.С.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Д.С.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Мансурӣ Дилрабо Сайдулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №719».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Д.С.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М.А.» оғоз менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М.А.» — ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М.А.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Сатториён Матлубахон Амонзода вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №720».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён М.А.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии «Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода С.Н.» шурӯъ менамоем. Сухан ба Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода С.Н.»-ро қироат менамояд:
- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода С.Н.»
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 29 январи
соли 2024, №721».
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба ин масъала лоиҳаи қарори якҷоя ба шумо пешниҳод гардидааст. Вобаста ба он таклифи дигар ҳаст? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода С.Н.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Ҳозирини гиромӣ!
Бо истифода аз фурсат аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султонро ба муносибати дар вазифаҳои баланду пурмасъулият тасдиқ гардиданашон табрик гуфта, ба онҳо саломатию бурдбориҳо таманно менамоям ва боварии комил дорам, ки онҳо бо меҳнати софдилонаву хизмати содиқона ба халқу Ватан сазовори боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегарданд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Дар Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа мегардад. Хоҳишмандам таваҷҷуҳ фармоед.
(Идомаи кори Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум)
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Қабл аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз номи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипоси самимӣ баён намоям.
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои навбунёду муосири парламенти кишвар, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бунёд гардид, таҷассумгари таҳаввулоти бузург ва марҳилаи нави рушди парламентаризм дар кишвар мебошад.
Ироаи Паёми Президенти мамлакат дар замони мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва дигар хатарҳои муосир барои мо — намояндагони парламент, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони кишвар роҳнамо ва дастури мушаххаси амал барои давраи наздик ва миёнамуҳлат мебошад.
Зимни ироаи Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар фаъолияти Ҳукумати мамлакат, мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба таври дақиқу ҳамаҷониба таҳлил ва хулосабарорӣ намуданд. Аз ҷумла, кори мақомоти қонунгузори кишвар дар самти мусоидат ба рушди устувор ва босуръати кишвар арзёбӣ гардид.
Дар баробари муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда Президенти мамлакат ҷиҳати пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт, бахшҳои иҷтимоӣ ва фарҳангу маънавиёт дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Паём муждаест, ки онро ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон аз Сарвари давлат истиқбол мегиранд ва баҳри амалисозии ҳадафҳои он, ки ба пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон нигаронида шудааст, бо пуштибонии амиқ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маҳз мардуми сарбаланди тоҷик аз Паёми Пешвои миллат неруи тоза гирифта, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар софдилона заҳмат мекашанд ва Тоҷикистони азизамонро ба пеш мебаранд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд дар ин ҷабҳаи басо муҳиму муқаддас, яъне таъмини пешрафту шукуфоии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ тавассути таҳия ва қабули қонунҳои мукаммалу босифат ҷиҳати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии кишвар, пайваста талош намоянд.
Бовар дорам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ишора карданд, камари ҳиммат баста, дар бунёди Тоҷикистони боз ҳам ободтару қавитар саҳми хешро мегузоранд.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Баррасии масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба итмом расид.
Ҳоло сухан ба раиси котибот, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ дода мешавад. Марҳамат.
Бозоралӣ ОДИНАЗОДА:
- Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода, ҳозирини гиромӣ!
Бо арзи эҳтиром ба маълумоти шумо мерасонем, ки унвонии Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ягон пешниҳод, арз ё барқия ворид нашудааст.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ карда шуданд.
Ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар кори Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум изҳори сипос менамоям.
Ҳамзамон, бо истифода аз фурсат ҳозирини гиромӣ, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2025 самимона табрик мегӯям.
Бигзор соли нав ба хонадони ҳар як фарди кишвар файзу нишот ва шодию хушбахтӣ оварад. Таманнои онро дорам, ки Ватани ягона ва азизу маҳбубамон дар роҳи таҳкими истиқлол, ваҳдату субот ва амалисозии ҳадафҳои созандаи худ комёбу устувор бошад.
Бо ҳамин Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Бахтовар КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»