16 ноябри соли 2013 соати 900 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар ва аз 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар дар толор ҳузур доранд. Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Мутобиқи моддаи 4 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моро мебояд тартиби кори ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарори ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи зикргардида ба шумо пешниҳод гардидааст.
Оид ба лоиҳаи мазкур чӣ гуна таклиф доред? Пешниҳоди баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед! Ташаккур. Қарор қабул шуд.
Мутобиқи моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.
Лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод мешавад.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
Котиботи ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси Котибот:
Авзалов Ғайбулло – узви Маҷлиси миллӣ
Аъзои Котибот:
Ғуломшоева Қобиламо Кановна – узви Маҷлиси миллӣ
Иномов Абдузафар – вакили Маҷлиси намояндагон.
Нисбати лоиҳаи қарори мазкур пешниҳод доред? Тибқи пешниҳодатон лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Ташаккур. Қарор қабул шуд.
Аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Котибот интихоб шуданд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷойҳои худро ишғол намоянд.
РАИСИКУНАНДА: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Рӯзномаи ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз як масъала — «Савганд ёд кардани Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат мебошад, ки дар ин бора лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.
Чӣ гуна таклиф доред? Таклифи баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.
Ташаккур. Қарор қабул шуд.
Мутобиқи қисми 4 моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро тавассути воситаҳои ахбори омма муайян ва тасдиқ намоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода мешавад. Марҳамат.
Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раёсат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!
Бо назардошти он ки дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд менамояд ва суханронӣ мекунад, ба муҳокимаи шумо ҷараёни инъикоси ҷаласа ба тартиби зайл пешниҳод мегардад:
1. Гузориш аз ҷараёни ҷаласа, маросими савгандёдкунӣ ва суханронии Президенти навинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон — Баҳористон», радиои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба таври мустақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъикос карда шавад.
2. Дар рӯзномаи «Садои мардум» маводи ҷаласа дар ҳаҷми пурра чоп карда шавад.
3. Маводи ҷаласа ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» чӣ гуна пешниҳод доред?
Тибқи таклифи пешниҳодгардида лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз монда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, мавқеи худро муайян намоед. Ташаккур. Қарор қабул гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Тавре огоҳӣ доред, ба ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунад, роҳбарону кормандони масъули вазорату кумитаҳои давлатии мамлакат, сохторҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, сохторҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳою донишкадаҳо ва дигар шахсони расмӣ даъват шудаанд. Аз ин лиҳоз, маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» баргузор мегардад.
(Гузориш аз ҷараёни ҷаласа, маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба он дар ҳамин шумора таври муфассал чоп гардид).
***
Ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.
Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади муайян намудани шумораи дақиқи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 63 нафар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳузур доранд.
Мо бо як ҷаҳон фараҳмандӣ аз баромади барномавии Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи роҳҳо ва самтҳои асосии рушди кишвари азизамон бархӯрдор гардидем. Итминони комил дорем, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созандагии хеш баҳри рушди босуботи кишвар ва ҷомеаамон, дар ин замина барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ибтикори беназирро амалӣ хоҳанд кард.
Бо ҳамин ниятҳои нек бо муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, барои иштироки фаъолонаатон дар кори ҷаласа миннатдории самимона изҳор менамоем!
РАИСИКУНАНДА:- Ҳоло сухан ба раиси Котибот дода мешавад. Ягон гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Дар ҳамоҳангӣ бо шумо ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоем.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Аъзам Мӯсоев, Далер Мерганов, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ