Чанде пеш аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул ва ҷонибдорӣ шуд. Он бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Асозода, С. Шарипов ва Д. Мансурӣ пешниҳод гардидааст. Суҳбати мо бо яке аз муаллифони қонуни мазкур, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.
- Чаро зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» пеш омад?
- Вақте масъалаи даровардани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» матраҳ гардид, он қадар тағйиру иловаҳо бисёр буданд, ки аз нисф зиёдро тағйир додан лозим омад. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки қонун дар таҳрири нав қабул шавад. Қонуни қаблӣ соли 1995 қабул гардида, 7 маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид шуда буд.
Баъди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат вазифа гузошта шуд, ки Тоҷикистон то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил дода шавад. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои охир аз ҳудуди мамлакат гузариши мошинҳои боркашу мусофиркаши мамолики хориҷӣ зиёд гардидааст.
Аз тарафи дигар, зарурати муайян намудани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад, зеро онҳо иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегарданд.
Зарурати дигари қабули қонун мутобиқ кардани он ба талаботи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» кадом ҷанбаҳоро дар бар мегирад?
- Қонун асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст. Он аз 9 боб ва 44 модда иборат мебошад. Дар моддаи якуми он мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда шарҳ дода шудааст.
Дар қонун, инчунин салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва доираи фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибони роҳҳои автомобилгард, соҳибони воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқ ва уҳдадории иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ муқаррар гардидааст.
Бояд эътироф кард, ки дар соҳаи роҳдорӣ ҳам гуногунмолумулкӣ вуҷуд дорад ва муассисаю корхонаҳое ҳастанд, ки роҳу кӯпрук доранд. Шахсоне ҳастанд, ки роҳу кӯпруки шахсӣ месозанд. Биноан, дар қонун ин масъала пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи 14 меъёрҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати гирифтани иҷозати идораи воситаҳои нақлиёт, тартиби иваз намудани шаҳодатномаи ронандагии шаҳрвандони хориҷӣ муайян шудааст. Дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун якҷо бо Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ соҳиб шудани ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, онро дар қонун дарҷ намудем.
Боби 5 пурра ба воситаҳои нақлиёт марбут буда, меъёрҳои истифода, таъмир, истеҳсол, суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт, ҳифзи муҳити зист зимни истифодаи воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад.
- Дар қонун вобаста ба омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррарот мавҷуд аст?
- Бале. Дар моддаи 16, ки «Омӯзондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ» ном дорад, чунин муқаррар шудааст: «Омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз муассисаҳои томактабӣ оғоз мешавад». Дар банди дуюми ҳамин модда омадааст, ки «ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, барои ба кормандон таълим додани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ менамоянд». Ин тадбирҳо ба он равон карда шудаанд, ки садамаҳо кам гарданд.
Мо кӯшиш кардем, ки таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро низ ба қонун ворид намоем. Он муоинаи ҳатмӣ ва даврагии тиббии ронандагон, расондани ёрии тиббии аввалия ба осебдидагони садамаҳо ва омӯзондани тарзу усулҳои расондани ёрии аввалия ба аҳолиро дар бар мегирад.
Таъмини бехатарӣ дар роҳ танҳо рисолати БДА набуда, вазифаи аҳли ҷомеа мебошад. Дар қонун муқаррар гардидааст, ки корхонаю ташкилот ва мақомоти давлатие, ки воситаҳои нақлиёт доранд, мувофиқи меъёрҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори муайяни назоратӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳро дошта бошанд. Ҳар як корхонаю ташкилот, вобаста ба он ки чӣ қадар ва кадом намуди воситаҳои нақлиёт дорад, бояд низомнома тартиб диҳад.
- Аз гуногунмолумулкӣ дар соҳаи роҳдорӣ ёдовар шудед. Ин амал то чӣ андоза ба нафъи ҷомеа буда метавонад?
- Мо дар давраи иқтисоди бозоргонӣ зиндагӣ дорем. Масалан, соҳибкоре бо маблағи хеш кӯпрук сохт. Вай метавонад ҳадди ниҳоии гузариш тавассути кӯпруки сохтаашро 20 тонна гузошта, бори аз он зиёдро барои гузаштан иҷозат надиҳад.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ роҳу пулҳои таъмирталаб зиёданд, ки барои таъмири онҳо вақту маблағи зиёд лозим аст. Эътирофи соҳибмулкӣ дар соҳаи роҳдорӣ шаҳрвандонро барои саҳм гузоштан дар ин кори хайр ҳавасманд месозад. Чунончӣ, чанде пеш бонуе дар ноҳияи Мастчоҳ маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро барои сохтмони кӯпрук сарф намуд, ки ҳазорон нафар ин амали ӯро ситоиш карданд. Боварӣ дорам, ки сафи чунин ашхос дар оянда зиёд мешавад.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ