Тайи 16 рӯзе, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, баробари дигар сохторҳо кормандони ҷамъияти матлубот низ баҳри таъмини моддии вакилон хизмат карданд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳриддин Аҳмадов дар мақолаи худ «Иҷлосияи пурсамар» менависад: «Барои таъмини хӯроки иштирокчиёни иҷлосия ситоди махсус дар ҳайати кормандони масъули Идораи савдои вилоят Насрулло Каримов ва Иттифоқи матлуботи вилоят Абдуллоҷон Ҳакимов таъсис дода шуд. Умуман, таъминоти ғизои иштирокчиёни иҷлосия ба зиммаи раиси «Селпо»-и шаҳраки Исфисори ноҳияи Хуҷанд Ёқубҷон Эгамбердиев вогузор буд…».
Баъди 25 соли ин рӯйдоди муҳими таърихӣ Ёқубҷон Эгамбердиеве, ки осиёби зиндагӣ ба мӯйҳои сараш гарди сафед пошидааст, розӣ шуд, ки бо хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» ҳамсуҳбат шавад.
- Чӣ тавр шуд, ки таъмини моддии иҷлосияро маҳз ба шумо вогузор карданд? — мепурсам аз ӯ.
- Се рӯз муқаддам аз баргузории иҷлосия, нисфи шаб буд, ки раиси вақти Комиҷроияи ноҳияи Хуҷанд Абдуллоҷон Ӯзбекови зиндаёд ба хона занг зада, баъди ҳолпурсӣ субҳ ба комиҷроия даъват кард. Дар қабули раис муждаи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар Қасри Арбоб шунида, хурсанд шудам.
- Роҳбарият қарор доданд, ки таъмини моддии иҷлосияро ба зиммаи шумо ва кормандонатон гузоранд, — гуфт А. Ӯзбеков.
- Барои қатъ шудани ҷанг, барқарор шудани сулҳу амонӣ мо ба хизмат омодаем, ҳар чӣ аз дастамон ояд, мекунем, — гуфтам дар ҷавоб.
Нахуст, рӯйхати хизматрасонҳоро таҳия ва ба роҳбарият пешниҳод кардам, ки ҷамъ 11 нафар буданд: Абдуқодир Юлдошев, Элвира Зариддинова, Хайрулло Ғаффоров, Тоҳир Қодиров, Бароҳат Шамсиева, Абдусаттор Бердиев, Абдулаҳай Ғаффоров, Иброҳим Абдуллоев, Зебӣ Тоҷибоева, Гуля Асанова ва банда. Аз санҷиши махсус бомуваффақият гузашта аз паси кор шудем…
Ҳарчанд «Селпо»-и мо барои таъминоти моддии 46 нафар аъзои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ мутасаддӣ шуда бошад ҳам, ман барои 100 нафар харид мекардам. Зеро дар се посте, ки моро аз назар мегузарониданд, сардоронашон ошкоро маҳсулоти озуқавориро «аскарони мо гуруснаанд», — гӯён кашида мегирифтанд. Онҳо яроқнок буданд. Камтарин норозигӣ ва ё сухани беҷо метавонист моро аз ҳаёт маҳрум созад…
Лаҳзае, ки ҳеҷ аз ёди қаҳрамони мо намеравад, ин баргузории маъракаи «Оши оштӣ» аст.
- Як рӯз қабл А. Ӯзбеков аъзои ситодро даъват карда гуфт:
- Иҷлосия рисолати худро ба анҷом расонд. Ҳукумати қонунӣ интихоб шуд, ҷонибҳои мухолиф дасти ҳамдигар гирифтанд. Пагоҳ барои 1000 нафар ош пазед, ба ёд меорад ӯ ва идома медиҳад:
- Шаб нахобида, корҳои тайёриро ба ҷо овардем. Ду автолавкаро ба Тошканд барои овардани нӯшокиҳои ташнашикани «Пепси» ва «Фанта» фиристодем.
«Оши оштӣ» басо хотирмон гузашт, ҳукумати қонунӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Аз рӯи ҳисобу китоби ман дар иҷлосия аз ҳисоби «Селпо»-и мо 70 млн. рубл сарф шуд. Ба мо касе ин маблағро барнагардонд. Мо ҳам ба касе чизе нагуфтем ва аз нафаре ин маблағро талаб накардем.
Дар он маърака ошпази асосӣ Тоҳирҷон Қодиров буд, ки чанд сол муқаддам ин дунёро падруд гуфт.
Дар Сипосномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон шабу рӯз дар расонаҳои иттилоотии кишвар чоп шуд, хизмати матлуботчиёни вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) махсус таъкид шудааст.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»