Минбари вакил

Хатари ҷиддии терроризм ба суботи ҷомеа

№23 (3503) 20.02.2016

ТАЛАб бие ба болинамҶиноятҳои муташаккил дар ҷомеаи имрӯза яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.

Дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, аз 15 ноябри соли 2000, омадааст: «Ҷинояткории муташаккил асоси офариниши таҳдидҳо ба бехатарии миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо ба сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ, балки ба сохтори давлатдорӣ таҳдид намуда, боиси фалаҷ гаштани фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидааст».

12 декабри соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи сиёсии Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ» дар шаҳри Полермои Италия, гуфт, ки ҷиноятҳои муташаккил хусусияти глобалӣ гирифта, аз доираи як давлат баромада истодаанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки «авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд».

Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти қудратӣ бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баён доштааст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат вазъи Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мисол оварда, таъкид намуд, ки «ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмилалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандозӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмилалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи як хатари нав — кибертерроризм низ ибрози андеша намуданд. Кибертерроризм қасдан содир намудани амалҳоеро меноманд, ки фаъолияти компютер, шабакаҳои телекоммуникатсиониро халалдор месозад ва он бо мақсади расондани зарари иҷтимоӣ, маънавӣ ё сиёсӣ, инчунин хатари хусусияти шахсидошта амалӣ карда мешавад. Кибертерроризм ба инсоният бо  хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад, ки онро бо аслиҳаи ядроӣ, бактериологӣ ва кимиёӣ муқоиса кардан мумкин аст ва он бо сабаби нав буданаш то ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст.

 

 

 

Таҷрибаи бадастомада оид ба кибертерроризм шаҳодат медиҳад, ки хатари он бисёр давлатҳоро таҳдид мекунад. Кибертерроризм сарҳад надорад ва ҳар лаҳза  метавонад ба низоми иттилоотии кишваре, ки дар ҳар нуқтаи кураи замин ҷойгир аст, таъсири манфӣ расонад.

Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ  ҳар чӣ зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» — ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯйи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошанд, ки татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи амният, тартибот ва ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқ, озодиҳо ва амнияти шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва амволи онҳо таъмин менамояд.

Ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз воситаҳои асосии маблағгузорӣ ба терроризм аст, низ ташвишовар аст.

Ҳар сол беш аз 65 дарсади ҷиноятҳои бо маводи нашъадор вобаста бо моддаи 200- уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва беш аз 25 дарсад бо моддаи 201 — уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ) гурӯҳбандӣ карда мешаванд. Қисми назарраси ҷиноятҳое, ки вобаста ба моддаҳои зикргардида ба қайд гирифта шудаанд, ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд. Ҷиноятҳои дигар, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор вобастаанд, аз се дарсад зиёд нестанд.

Аз ҷинояти бо моддаи 200- уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол беш аз 100 ҷиноят ба таври иловагӣ бо моддаи 289 — уми  Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Контрабанда, қочоқ) гурӯҳбандӣ карда мешавад. Соли 2010 аз рӯи моддаи 289 — уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 69 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, шумораи зиёдтарини ҷиноятҳои аз рӯи моддаи мазкур ба қайд гирифташуда ба соли 2013 рост омад, ки 159 ҷиноятро ташкил намуд. Дар нуҳ моҳи соли 2015  вобаста ба моддаи 289 — уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки аз ҳамин давраи соли 2014 — ум (117) 13,7 дарсад кам мебошад.

Солҳои 2010 — 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор вобаста 219 шаҳрванди 11 давлат дастгир карда шудаанд, ки 160 нафарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 17 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, даҳ нафар шаҳрванди Федератсияи Россия, нуҳ нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, панҷ нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Покистон, чор нафар шаҳрванди  Ҷумҳурии Халқии Хитой, се нафар шаҳрванди Украина, як нафар шаҳрванди Арабистони Саудӣ ва ду нафарӣ шаҳрвандони Қазоқистон ва Литва мебошанд.

Пешгирӣ аз ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ва татбиқи талаботи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013 – 2020», санаду барномаҳои соҳавӣ вазифаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба шумор меравад.

Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» дар оянда низ ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор гардида, обрӯ ва эътибори хоса касб намудааст ва зиндагии халқ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Пас маълум мешавад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Сарвари хирадманди худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти инкишофро пеш гирифтааст.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният