Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳкими оила ва арзишҳои оилавӣ дастуру супоришҳои арзишманд медиҳанд.
Дар иртибот ба ин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки метавон аз ҷумлаи онҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ»-ро ёдовар шуд. Дар шароити азнавсозии ҷамъият, ки ба рушди Истиқлолияти давлатӣ алоқаманд аст, мустаҳкам намудани масоили қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устуворгардии оилаҳо, танзими муносибатҳои оилавӣ дар пояи эҳтирому муҳаббат, ёрии ҳамдигарӣ ва масъулияти аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, озод будани онҳо дар ташкили ҳаёти оилавӣ, эмин нигоҳ доштани муҳити оила аз дахолати ашхоси беруна, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар ва инчунин, дар баҳсҳои судии онҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ хизмат мекунад.
Албатта, масъалаҳои вобаста ба оила хеле зиёданд, вале танҳо доир ба мафҳуми хешутаборӣ андеша баён мегардад, зеро дар ҳуқуқи оилавӣ аксарияти муносибатҳои шахсӣ ва молумулкӣ дар асоси он сурат мегиранд.
Гурӯҳбандии хешу табор тибқи моддаи 4 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 1166-1168 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар моддаи 4 КО ҶТ муқаррар шудааст, ки қонунҳои гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволӣ ва амволии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунҳои оила танзим нагардида бошанд. Масъалаи гурӯҳбандии хешу табор, ки дар моддаҳои 1166-1168 муқаррар шудааст, бо ягон меъёри қонунгузории оилавӣ танзим нашудааст. Дар асоси моддаҳои 1166-1168 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хешу таборро ба чунин гурӯҳҳо тасниф намудан мумкин аст:
1. Фарзандон (аз ҷумла фарзандхоншудагон) ва падару модар;
2. Бародару хоҳарон ва бобою бибӣ, ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тарафи падар;
3. Фарзандони бародару хоҳарон (ҷиянҳо);
4. Бародару хоҳарони падару модарӣ (тағо, амак, хола ва амма);
5. Духтару писарони амма, хола, тағо ва амакҳо.
Дар фарқият аз ҳуқуқи оила дар ҳуқуқи гражданӣ алоқаи хешутаборӣ асоси муайян намудани мерос аз рӯи қонун аст. Дар навбати аввал мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхоншудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва ҳамчунин, кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ӯ таваллуд шудаанд, мегиранд. Наберагони меросгузор ва наслҳои онҳо бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд. Ҳангоми набудани меросгирони навбати якум ҳуқуқи вориси қонуниро дар навбати дуюм бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони меросгузор ва ҳамчунин, бобою бибӣ (ҳам аз тарафи модар ва ҳам аз тарафи падар) мегиранд. Фарзандони бародару хоҳарони меросгузор (ҷиянҳои меросгузор) бо ҳуқуқи пешниҳод мерос мегиранд. Ҳангоми набудани меросгирони навбатҳои якум ва дуюм ҳуқуқи меросгирии қонуниро дар навбати сеюм бо ҳиссаи баробар бародару хоҳарони падару модари меросгузор (тағо, амак, хола ва амма) мегиранд. Духтару писарони амма, хола, тағо ва амаки меросгузор бо ҳуқуқи пешниҳод ба мерос ҳуқуқ доранд.
Дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳамсар ва хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти пешакӣ ваъданашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
Дар ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ (моддаи 6 КМҶ ҶТ) мафҳуми хешовандони наздик чунин баён ёфтааст: хешовандони наздик — падару модар, фарзандон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар.
Дар банди 3 қисми 2 моддаи 56 КМҶ ҶТ бошад, муқаррар шудааст, ки хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд, ба сифати шоҳид пурсида намешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мафҳуми хешовандони наздикро чунин муқаррар намудааст: «зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд». Қонуни зикршуда мафҳуми хешовандони наздикро васеътар ифода ва як қатор маҳдудиятҳоро доир ба якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик муқаррар намудааст.
Дар ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ мафҳуми хешу табор ва дар моддаи 286 КМГ ҶТ муқаррар шудааст. Тибқи он ба ҳайси хешу табори наздик падару модар, фарзандон, бародарон, хоҳарон, сарфи назар аз он ки онҳо бо ҳам зиндагӣ мекунанд ё не, шинохта мешаванд.
Дар ҳуқуқи меҳнатӣ ба воситаи мафҳуми хешу табор маҳдудияти якҷоя кор кардани онҳо муқаррар шудааст. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад.
Дар ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ мафҳуми хешутаборӣ ҳангоми додани намудҳои алоҳидаи кумакпулӣ ва таъини нафақаи меҳнатӣ бинобар маҳрум шудан аз саробон, инчунин дигар намудҳои пардохтҳо истифода мешавад. Масалан, ба зан барои нигоҳубини кӯдак, то ба якунимсолагӣ расидани он, рухсатӣ дода, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи маоши ҳадди ақал кумакпулии ҳармоҳа пардохта мешавад. Ин намуди кумакпулӣ на танҳо ба зани дар асоси шартнома коркунанда, балки ба зани таҳсилкунанда, падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори кӯдак ё васие, ки кӯдакро воқеан нигоҳубин мекунад, (дар мавридҳои алоҳида) дода мешавад. Дар сурати вафоти шахси бекор, ки статуси бекорӣ дошта, кумакпулӣ мегирифт, барои дафн ба аъзои оилаи ӯ (шавҳараш, занаш, падараш, модараш, писараш, духтараш) ва ё ашхосе, ки хароҷоти маросими дафнро ба уҳда гирифтаанд, низ кумакпулӣ дода мешавад.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми хешовандони наздикро ба мазмуни як меъёр муқаррар накардааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мушаххас намудани мафҳуми хешу табор ва гурӯҳбандии онҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавола гардад, яъне дар ин масоил бояд Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҳуқуқии баландтар дошта бошад.
Қобилҷон Абдуқодиров, муовини мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон