26 ноябри соли 2019 тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳе аз хонандагони муассисаи таълимии гимназияи «Кафолат» аз Маҷлиси намояндагон боздид намуданд.
Муассисаи таълимии мазкур соли даҳум аст, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос нақши муассир дорад. Таълим дар он бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзиши забони чинӣ дар доираи маҳфили «Забондон» роҳандозӣ гардидааст. Хонандагони он борҳо дар олимпиадаҳои фании дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло шудаанд. Аз ҷумлаи шогирдони ин муассисаи таълимӣ ду нафар гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили ҷорӣ мебошанд.
Гимназия бо беш аз 10 донишгоҳи хориҷӣ ҳамкории зич дорад. Ҳар сол 40 фоизи хатмкунандагони он таҳсилро дар мактабҳои олии хориҷи кишвар идома медиҳанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода хонандагонро ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо фаъолияти мақоми олии қонунбарор шинос намуд.
Хонандагон, ҳамчунин, аз толори таърихии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, осорхона ва китобхонаи Маҷлиси намояндагон дидан карданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон