Понздаҳуми декабри соли 2015 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия таҳти раёсати раиси кумитаи мазкур Амирзода Раҳмоналӣ Амир баргузор гардид.
Аъзои кумита рӯзномаи ҷаласаро, ки иборат аз масъалаҳои зерин буд, тасдиқ карданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ».
Раиси кумита Амирзода Раҳмоналӣ Амир масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро шарҳ дода, муҳтавои онҳоро ба аъзои кумита ошно сохт.
Аъзои кумита Набизода Наим, Ҷаббори Ғаффор ва Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо оид ба қонунҳои мавриди баррасӣ фикру мулоҳизаҳояшонро иброз дошта, зарурати ҷонибдорӣ кардани қонунҳоро таъкид намуданд.
Аъзои кумита оид ба ҳар як қонуни баррасишуда таври алоҳида хулоса қабул карда, барои баррасӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод намуданд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев