Хуршеди истиқлол

№138-139 (4878-4879) 15.11.2024

DSC_8690 - копияТаҳлили раванди соҳибистиқлолии давлати мо ва таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ нишон дод, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ дар Тоҷикистони ҷавон аз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи ҳассосу тақдирсоз собит намуд. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат маҳз дар ҳамин нукта таҷассум ёфтааст, ки тавонист роҳбари наҷотбахш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба халқи Тоҷикистон эҳдо намояд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлати миллӣ ва густариши истиқлолу озодӣ басо бузург аст.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, неъмати бебаҳо ва пурарзишест, ки халқи ­тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.

Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузош­та шуд, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлатӣ — Конститутсия, Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди Миллӣ қабул шуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуданд. Бо гузашти айём ва итминони комил метавон гуфт, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардид. Маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти мустақил ва парламентаризми воқеӣ арзи ҳастӣ намуд, зеро ба шарофати ислоҳоти сиёсӣ аввалин бор дар таърихи давлатдории мо унсури асосӣ, яъне таҷзияи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардид. Ҳамзамон, дар ин давраи таърихӣ Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, асъори миллӣ ба муомилот баромад.

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол ин расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Истиқ­лолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоно мебошанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят намуда, ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.

Роҳбари оқилу дурандеши мо муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳиб­ихтиёрӣ новобаста аз вазъи душвор ва печидаи кишвар дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикис­тон, роҳандозию барқарорнамоии робитаҳои дӯстонаю дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва муаррифии кишвару миллат дар арсаи ҷаҳон нақш ва саҳми беназир доранд. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, аз ҷумла сиёсати «дарҳои кушода» аст, ки имрӯз Тоҷикистон бо 184 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи махсус касб кардааст. Ба шарофати истиқлолият ва файзи сиёсати бобарору хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаву бис­ёрҷонибаи худро бо созмону шарикони бонуфузи байналмилалӣ бомуваффақият ба роҳ мондааст. Боиси сарбаландии мо — мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Хушбахтона, вазъи муътадили сиёсӣ, дастовардҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ имкон дод, ки кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистон мизбони на танҳо ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра, ҳамзамон, мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба намудҳои алоҳидаи варзиш, аз ҷумла нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, гардад. Имрӯз бо шарофату нусрати Истиқлоли давлатӣ, тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Парчами давлатии Ватани биҳиштосои мо — Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон мебошад.

Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ симои Тоҷикистони азиз ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинони бонангу номуси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир дар ин марҳила бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, пулу нақбҳо ва хиёбону кӯчаҳо боиси рушди босуръати Тоҷикистони ягонаамон гардид.

Ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Хуршеди истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 33 сол аст, ки хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистониро рӯшноӣ бахшида, фазои амнияту осоиштаро фароҳам сохтааст. Воқеан, Истиқлоли давлатӣ ифтихор ва нангу номуси ҳар як фарди тоҷик буда, рамзи соҳиб­ихтиёриву соҳибдавлатӣ ва озодии миллати хирадсолору куҳанбунёди мо мебошад.

Месазад ҷавобан ба боварию эътимоди Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо минбаъд низ бо эҳсоси гарми меҳандӯстию ватандорӣ, ҳушёрию зиракӣ ва кору фаъолияти содиқонаву софдилона баҳри бештар аз пештар ободу зебо намудани кишвари азизамон ва неруманду пешрафта гардонидани давлати соҳиб­истиқлоламон, боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ саъю кӯшиши доимиро равона намоем.

Муинӣ Мавсума Муинзода,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих