31 октябри соли 2019 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Татбиқи Созишномаи маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, менеҷер ва мушовирони лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» иштирок намуданд.
- Созишномаи мазкур ба таъмини шуғл — яке аз ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ дар 22 ноҳияи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани принсипҳои идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об, таҳкими иқтидори мақомоти давлатии хоҷагии об, ташкилотҳои ҷамъиятии истифодабарандаи об ва хоҷагиҳои алоҳидаи деҳқонӣ, ки оби полезиро истифода мебаранд, равона шудааст, — гуфт Акрамшо Фелалиев.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода оид ба ин масъала зикр кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ дар Нигориши Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Об-барои рушди устувор» панҷ ҷанбаи асосии ҳалли мушкилоти вобаста ба обро махсус қайд кардаанд, ки мо ба онҳо бояд аҳамияти бештар диҳем. Аз онҳо ду ҷанба — сармоягузорӣ ва таҷдиди инфрасохтори соҳаро махсус бояд қайд кард.
Рустам Латифзода иттилоъ дод, ки имрӯз масоҳати замини обии кишвар зиёда аз 254 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва замини барои обёрӣ мувофиқ 1570 ҳазор гектар мебошад. Дарозии умумии иншооти обёрӣ 37,6 ҳазор км ва шумораи иншооти гидротехникӣ 7,1 ҳазорро ташкил менамояд. Зиёда аз 60 фоизи иншоот таъмирталаб буда, барои нигоҳдории соҳа дар сатҳи муносиб то соли 2030 зиёда аз 1,3 млрд доллар зарур аст. Боиси қаноатмандист, ки новобаста аз шароити иқтисодӣ ва буҳрони молиявӣ, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ба кишвари мо низ таъсири ногувор расонидааст, Ҳукумати мамлакат ба соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз дар бахши оби ҷумҳурӣ 32 лоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 380 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди инфрасохтор ба баланд бардоштани имконияти истифодаи захираҳои оби кишвар, аз як тараф ва аз тарафи дигар, барои истеҳсоли неруи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза мусоидат менамояд. Сарвари давлат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки: «Истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ ғайриимкон мебошад».
Рустам Латифзода, ҳамчунин, қайд намуд, ки тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» ва «Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети кишвар ва лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар бахши об корҳои зиёд амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагӣ барои «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» моҳи декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Созишномаи мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» амалӣ шуда истодааст.
Бозоралӣ Раҳмонов — мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаи мазкур гуфт, ки лоиҳа бомуваффақият амалӣ мегардад ва доир ба татбиқи он муфассал маълумот дод. Зикр шуд, ки татбиқи «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар доираи маблағгузории иловагӣ (5697 — TJ)» аз 7 декабри соли 2015 оғоз гардидааст. Маблағи лоиҳа 6 600 000 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад ва аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ шуда истодааст. Лоиҳа дар 5 ноҳияи вилояти Хатлон — Вахш, Данғара, Ҷайҳун, Қабодиён, Шаҳритуз ва шаҳри Ваҳдат татбиқ ва дар давоми чор сол корҳои зиёде анҷом дода шуд. Зимни татбиқи лоиҳа 11 275 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин, инфрасохтори об дар 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардид. Илова бар ин, дар ноҳияи Шаҳритуз сех барои таъмири қисмҳои пойгоҳҳои обкашӣ бо насби дастгоҳҳои таъмиргарӣ сохта ба истифода дода шуд ва дар зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён пардохти ғайринақдии маблағи обрасонӣ ҷорӣ гардид. Аз он ки азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқи лоиҳа 82 фоизро ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Вакилони Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабурзода, Нуралӣ Риоев, Баҳром Абдуалимов, Зайнудин Сафаров ва Олимҷон Сафаров вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда ба масъулон савол дода, посухи қаноатбахш гирифтанд.
Дар интиҳо бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти баёншуда, қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул шуд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ