Панҷуми сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 — солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — оғози давлатдории навини тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳбарони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Конфронсро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки соли равон мардуми Тоҷикистон 30 — солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагию бунёдкорӣ таҷлил мекунанд. Ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба бахти миллати тоҷик маҳз дар ҳамон иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар мушкилтарин давраи таърихӣ бо иродаи сиёсӣ ва ғурури баланди миллӣ тавонистанд, ки давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз вартаи нобудӣ ва кишварро аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо бахшида, халқро зери сиёсати созанда сарҷамъ биёранду ваҳдати миллиро таъмин намоянд.
Раиси Маҷлиси миллӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ аз таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои тайкардаи он дар зарфи 31 сол мухтасар маълумот дода, ёдовар гардид, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба буҳрони ҷиддӣ гирифтор шуд. Бо дасисаю фитнаи душманони миллат оташи низоъ ва даргириҳо дар гӯшаю канори мамлакат авҷ гирифт. Дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ моҳи ноябри соли 1992 бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
- Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин буд, ки дар чунин марҳилаи муҳими таърихӣ шахсияти миллию мардумиро дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ овард. Дар чунин вазъи фоҷиабор он кас ба арсаи сиёсати давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ҷасурона дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадам ниҳода, ба бунёди сохторҳои давлатдории миллӣ асос гузоштанд,- иброз намуд Рустами Эмомалӣ.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон» маърӯза намуда, ёдовар шуд, ки аз моҳҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии қудратхоҳу ҷоҳпараст, маҳалбозу моҷароҷӯ, аз лиҳози сиёсӣ хеле камзарф ва нотайёру курситалаб садди роҳи фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ гардида, бо истифода аз беҷуръатию камҳавсалагии роҳбарияти сиёсии давр барои ба даст овардани зимоми давлатдорӣ ба амалҳои мунофиқонаю моҷароҷӯёна ва муташанниҷ гардонидани авзои сиёсии кишвар машғул буданд.
Маҳз бо таъсири неруҳои радикалии дохилии худхоҳу ба ном «сиёсатмадорон»-и ноогоҳ ва роҳнамоию бадсириштии хоҷагони хориҷии онҳо Тоҷикистон дар як замони кӯтоҳ ба гирдоби фалокатҳои азими сиёсӣ ва ниҳоят, ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ кашида шуд.
Он ҷанг ба ғайр аз оҳу фиғону фироқ, қатлу куштору ғорат, хисороти молию ҷонӣ, парешонии миллат, муҳоҷирони иҷборию ятимони бешумор, хонаҳои сӯхтаю валангор, ашки ҳасратбору шашқатори волидону фарзандон ва ноумедию нобасомониҳои зиёди одамон чизи дигар боқӣ нагузошт.
- Маҳз бо интихоб шудани абармарди нотакрор ва далеру шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ раванди расидан ба сулҳу оштӣ ва гирифтани пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Зикр гардид, ки дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои умда, аз қабили ҳар чӣ зудтар гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор намудани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва кори муътадили сохтору мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, бо андешидани чораҳои фаврӣ аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маҳсулоти озуқаворӣ ва доруворӣ таъмин кардани мардум, барқарор кардани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ ва бо таъсиси сохтору қувваҳои сарҳадбон ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ, танҳо бо роҳи сиёсӣ, яъне музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ, истифодаи муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёсӣ барои барқарор ва устувор кардани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ иқдом карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ёдовар шуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон падидаи дигари муҳиму тақдирсоз ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Пайдост, ки бе сулҳу оромиш, тинҷию амонӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳифзу нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва рушду камоли давлату давлатдорӣ ғайриимкон аст.
ҳамчунин зикр кард, ки дастовардҳои кишвар осон ба вуҷуд наомада, балки заминаҳои зиёди таърихиро доро мебошад. Бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам, дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон саҳми бунёдгузориро доранд.
Хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар раванди тағйироти муосири бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла рушди босуботи иқтисодӣ, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, ҳалли мушкилоти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҷорӣ намудани сиёсати афзалиятноки давлатӣ дар ҳама соҳаҳо ҷойгоҳи махсус дорад.
- Пешвои миллат ба арсаи сиёсат бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуданд ва чун фарзанди сарсупурдаи миллат дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризояти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд. Маҳз самараи талошҳои пайвастаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймудааст, ба садсолаҳо баробар мебошад, — гуфт дар поёни суханрониаш Маҳмадтоир Зокирзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Нақши иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баромад кард. Бино ба гуфти ӯ, яке аз вазифаҳои асосии «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба шумор мерафт Бе ҳалли ин масъала амалӣ кардани дигар вазифаҳо, аз ҷумла баргардонидани гурезаҳо, обод намудани хонаю деҳаҳои сӯхтаю валангоршуда, кумак расонидан ба шахсони зарардида ва дар маҷмӯъ, барқарор кардани иқтисодиёти харобгашта, ғайриимкон буд.
Дар иҷлосия бо мақсади қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тинҷиву оромӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарор намудани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд қонунҳо қабул карда шуданд. Қонунҳо «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволии онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
- Дар як муддати кӯтоҳ бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва роҳбарияти мамлакат оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқарор гардида, Артиши миллӣ ва неруҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, дар минтақаҳое, ки дар он ҷо амалиёти мусаллаҳона гузашта буданд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои маҳаллӣ барқарор карда шуданд, — иброз намуд Зариф Ализода.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат» сухан ронда, ёдовар шуд, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, қариб ки ба нестӣ расида буд.
Дар он давра ба Тоҷикистон ва мардуми он қаҳтиву гуруснагӣ ва нооромии ҳамешагию парокандагӣ таҳдид менамуд, ки дар натиҷа, ҳазорҳо хонаҳои сӯхтаву валангор, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии аз фаъолиятбозмондаро, дар мисоли аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, алалхусус минтақаи Бохтар, баръало мушоҳида кардан мумкин буд.
Муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу муассисаҳои тандурустӣ низ аз фаъолият бозмонда буданд ва мардум ба сӯи ноумедӣ афтода, ба зиндагӣ ва фазои орому осуда бовар надоштанд.
- Бояд эътироф намуд, ки ба зимма гирифтани масъулияти давлатдориву давлатсозӣ дар он давра, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист дар ин ҷода дастболо шавад, ки бо дарки баланди ҳувияти миллӣ тамоми ҳастиву вуҷудашро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1992 дар баробари ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ тавонистанд, ки ба дили аксари аҳолии Тоҷикистон роҳ ёбанду мардумро ба якдигарфаҳмиву худшиносӣ, ваҳдату ягонагӣ ва баробариву бародарӣ даъват намоянд,- гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Ӯ ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиаташон унвонии масъулону мутахассисони соҳаи комплекси агросаноатӣ чунин иброз доштанд: «Акнун дар таърихи Ватани мо марҳилаи нав шурӯъ мешавад, ки онро мухтасар марҳилаи ба эътидол овардани вазъияти хоҷагидорӣ ва ҳар чӣ зудтар раҳо ёфтан аз буҳрони азими иқтисодӣ номидан мумкин аст».
Зикр гардид, ки дар он айём бо фармонҳои тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин заминҳоро то ҳол мардум «замини президентӣ» ном мебаранд. Ин иқдоми дурбинонаи Пешвои миллат дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа нақши калидӣ ва таърихӣ бозид ва аз ҳама муҳимаш хатари гуруснагиро бартараф намуд.
Баҳри гузаронидани ислоҳоти соҳа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, таҳти №522 оид ба ислоҳоти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба тасвиб расид, ки тибқи он, дар заминаи колхозу совхозҳо ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ оғоз гардид, ки шумораи онҳо ҳоло ба 185 ҳазор адад расидааст.
- Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 54 ҳазор гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳар сол қариб дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. Айни замон саҳми соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мавқеи хосса дошта, саҳми он ҳамасола 23 — 25 фоизро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, ки чор баробар зиёд мебошад,- гуфт дар хотима Қурбон Ҳакимзода.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушди соҳаи иҷтимоӣ ва дастовардҳои он» ибрози андеша карда, зикр намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар маҳз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба масъалаҳои занон ва оила, ҳамчун самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр карданд, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Бо ин мақсад дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад, — гуфт Сумангул Тағойзода.
Ӯ ёдовар шуд, ки ба муносибати 31 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар давоми се сол зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинон тадриҷан беҳтар гардида истодааст. Аз ҷумла, дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 ба 26,3 дарсад дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Сумангул Тағойзода дар бораи рушди соҳаи тандурустӣ сухан карда, ёдовар шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳар сол зиёд карда, ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расондааст. Таи 31 соли истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани саломатии сокинони кишвар усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, неруи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Дар ин давра 2 ҳазору 723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Пас аз анҷоми музокираҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Муроҷиатномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мамлакатро қироат кард.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода зимни музокира гуфт, ки Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар аз нигоҳ ва диди имрӯза дастури басо муҳим ва дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асноде ба шумор меравад, ки муҳимияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои ба дилу дидаи мардуми тоҷик наздику арзанда будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мӯшикофона мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Зарурати ба вуҷуд омадани чунин Муроҷиатнома ҳар як инсони хирадманду шарафмандро водор месозад, бо ақлу заковати тавоно мушкилоти давраи аввали Истиқлолияти давлатиро пеши назар ораду бори дигар ба он харобиҳою мушкилиҳои сангин роҳ надиҳад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода таъкид намуд, ки баргузории конференсия ду ҷабҳаи сиёсӣ дорад: Якум, дар давраи навини гузариш мо боз як бори дигар ба ташаккули давлати навини тоҷикон аз лиҳози хатарҳои нави ҷаҳонӣ боздид намоем. Дуюм, баргузории конференсия ва Муроҷиатномаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат иқдоми нек барои тарбияи насли наврас дар ташаккули зиракии сиёсӣ ва сохтмони давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи башарӣ мебошад.
Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва идомаи талошҳои мардуми шарафманди тоҷик ба шумор меравад.
- Қабули Муроҷиатномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат дар вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, муборизаҳои геополитикӣ, буҳрони сунъии иқтисодӣ ва хатарҳои умумибашарӣ ин иқдоми некест, ки ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти ҷиддӣ, идомаи анъанаи неки ватандорӣ, дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, бо зуҳури ҳушёрию зиракии сиёсӣ дар сохтмони давлати демократӣ ва ҷомеаи башарӣ ҳисса гузоштанро пурра ҷонибдорӣ менамоям, — гуфт Рустам Раҳматзода.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода зикр кард, ки вазъи имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта, балки ҳатто бо 10-15 соли пештар муқоиса кардан ғайриимкон аст. Мо таи чанд соли охир дар ҳама самт ба пешравии зиёд ноил гаштем.
Мавқеи фаъоли Пешвои миллат, хусусан дар масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, имрӯз ҳамчун дурусттарин дидгоҳ дар ҳалли таҳдиду чолишҳои минтақавӣ ва глобалӣ дониста мешаванд.
- Мо дар муқобили ҳама гуна таҳдиду чолишҳои замони муосир аз ҳарвақта дида, дар атрофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ мешавем, сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллатро баҳри рушди устувори иқтисодӣ, таъмини сулҳу осоиштагӣ ва зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва дар амалӣ гаштани он саҳми муносиб мегузорем, — гуфт Рустам Латифзода.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар поёни конференсия иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад, зеро маҳз ҳамон иҷлосияи тақдирсоз ба давраи навини қонунгузории кишвар оғоз бахшид.
Бо қабули нахустин санадҳои иҷлосияи мазкур ва талошу заҳматҳои бесобиқаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ва инчунин барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
АМИНИЁН Хӯҷаназар,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ