Иҷлосияе, ки ояндаро тарҳрезӣ кард

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

28-2Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сӣ сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимест, ки дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи сифатан нав буда, дар барқарор сохтани давлату сарҷамъ кардани миллат асос гузошт.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда буданд: «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахус­тин гузошта шуд. Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт».

Дар он иҷлосия дар марҳилаи барои миллат ниҳоят душвор аз ҷониби вакилони мардумӣ бо сарварии роҳбари ҷавони давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки ба ояндаи дурахшони кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд. Чунончи, вобаста ба вазъияти ҳассоси сиёсӣ фаъолияти ниҳоди президентӣ дар кишвар боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ вогузор гардид.

Ба рӯзномаи иҷлосия қатъи хунрезӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он, таъмини сулҳу субот дар ҳама минтақаи ҷумҳурӣ, таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият шомил буданд.

Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва изҳорот, қабул шуд, ки минбаъд барои ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, танзими муносибатҳои ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуданд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар иҷлосия қабулшуда ва иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти нави сиёсии интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, барқарор кардани фаъолияти аркони давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва оғози раванди бун­ёдкориву созандагӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ба андешаи камина, дар радифи масоили муҳими зикргардида, вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ дар он иҷлосия муайян кардани дурнамои рушди иқтисодӣ ва халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд.

Бо ҳамин мақсад қарор қабул карда шуд, ки ягона роҳи баромадан аз мушкилоти иқтисодӣ ва боз­доштани пастравии истеҳсолот рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ мебошад. Дар ин робита, қабул кардани як силсила асноди ҳуқуқӣ оид ба гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ минбаъд на танҳо дар раванди бартараф кардани буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуд, балки тадриҷан заминаи асосии пешрафти устувори иқтисодӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки иқтисодиёти мутамаркази дар он давра амалкунанда, ки аз замони шӯравӣ мерос монда буд, ба талаботи сиёсати иқтисодии даврони нав ҷавоб дода наметавонист. Бар замми ин, канда шудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратии мутамарказ ба коҳиш ёфтани даромади молиявии ҷумҳурӣ овард, ки дар натиҷа аз андозаи давраи шӯравӣ се баробар кам шуд. Қариб 70 фоизи корхонаҳои саноатӣ тадриҷан аз фаъолият монда буданд. Дар бозори истеъмолии кишвар норасоии ҷиддии маҳсулоти ниёзи аввал ҳис мегардид.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи аввали ҷанги дохилӣ гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноӣ ба ғорат кардан ва аз қаламрави кишвар бо роҳи ғайриқонунӣ баровардани ашёи хоми стратегӣ, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот ва ғайра даст мезаданд.

Маҳз, бо мақсади пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳои номатлуб дар иҷлосия 25-уми ноябри соли 1992 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Кодекси мазкур қоидаҳои умумиро оид ба фаъолияти гумрукӣ, интиқолу рухсатдиҳии молҳо ва дигар ашё аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати гумрукӣ, боҷу андозҳои гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, тартиби аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани ашёи ташкилоту намояндагиҳо ва шахсони байналмилалию хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон имтиёзоти гумрукӣ доранд, қочоқу вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, баррасии парвандаи қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, ихтиёрдории молу ашёи дигар, мағозаи савдои бебоҷ ва дигар масоили муҳими ин самтро ба танзим даровард.

Ҳамчунин, 27-уми ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи яклухти хариди пахта ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ» қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти воқеан стратегии кишвар аҳамияти калон дошт.

Ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 1992 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 1991 зиёда аз 35 фоиз коҳиш ёфт. Буҷети давлатӣ барои соли 1993 ҳамчун буҷети фавқулода тасдиқ гардида, захира надошт. Дар ин давра аллакай ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар кам шуда буд.

28-1 (2)Дар заминаи қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо азму иродаи қавии Сарвари давлат ва дастгирии халқи баору номус ба мо муяссар гашт, ки дар як давраи кӯтоҳ заминаҳои мустаҳками рушди устувори иқтисодӣ, яъне сохтмони роҳҳои мошингарди аҳамияти дохиливу байналмилалидошта, нақбҳо ва неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳоро бунёд созем.

Дар натиҷаи татбиқи стратегияи дар иҷлосия тарҳрезишуда низоми иқтисоди мунтазам рушд­ёбанда ҷорӣ карда шуд, ки дар асоси он шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд ва зина ба зина густариш пайдо карданд.

Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳиб­истиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998 Президенти мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Бо ин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992-юм ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021-ум расонида шуд, яъне қариб чор баробар афзоиш ёфт.

Андешидани чунин тадбирҳои муассир боис гаштанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

Ҳамчунин, барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маб­лағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Дар 30 соли таърихӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Боиси таъкид аст, ки дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз 1-уми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави кор аввалин маротиба дар даврони соҳиб­истиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикр­гардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд навъи онҳо паст карда шуданд.

Натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида буданд, ки дар зарфи 30 сол дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.

Ҳамчунин, дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзуд.

Дар 30 соли охир шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.

Далелу рақамҳои мазкур қат­рае аз баҳр мебошанд, ки дастоварду комёбиҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳиб­истиқлоли моро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.

Воқеан, саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар эъмори давлати навини тоҷикон, таҳкими истиқлолияти кишвар ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ басо бузург мебошад. Ба таъбири Пешвои миллат: «Солҳо мегузаранд, наслҳо дигар мешаванд, ба ҷои падарон фарзандон ба арсаи зиндагӣ ва минбари сиёсат меоянд. Вале номи неки онҳое, ки дар навиштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи навтарини миллат заҳмат кашида, фидокориҳо кардаанд, дар хотираи миллати тоҷик абадан зинда мемонад».

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия