Аз 23 то 28 марти соли ҷорӣ дар Женева Иҷлосияи 148-уми Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Вакилони парламентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар иштирокчиён дар муҳокима ва қабули ҳуҷҷати хотимавии иҷлосия, резолютсияҳо, маҷлисҳои комиссияҳои доимӣ ва гурӯҳҳои кории парламенти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои мазкур раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар қароргоҳи Раёсати Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо бо директори минтақаи аврупоии ИДМ, Бюрои Дафтари Комиссариати олии СММ оид ба гурезаҳо Филипп Леклер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот саҳми Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон дар таҳияи қонунҳои намунавӣ таъкид гардида, рушди босамари ҳамкориҳои созмонҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда шуд.
Филипп Леклер дар навбати худ ба АП ИДМ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, пешниҳод намуд, ки ба танзими қонунгузории масъалаҳои шаҳрвандӣ ва мақоми шахсони бешаҳрванд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, ҳамчунин, дар доираи сафар бо директори генералии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Татяна Валова мулоқот намуд.