2-юми октябри соли 2024 дар пойтахти мамлакат Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Нахуст, вакилон рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум, раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари барномаи мазкур корҳоро дар самти рушди харитасозӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз қабили хатҳои муҳандисии обу корез ва барқу гармӣ, тақвият бахшанд. Ҳамчунин, баҳри таъмини фаъолияти пурмаҳсул, тарбияву ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва ҳар чӣ зудтар гузаштан ба низоми рақамӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиёт»-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба муовини Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, малакаи касбии кормандони соҳаҳо ва риояи интизоми фарҳанги шаҳрнишинӣ ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ дастурҳо доданд. Ҳамзамон бо ин, таваҷҷуҳи масъулини соҳаи нақлиёти шаҳр баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт ҷалб гардид.
Сипас, ҷараёни татбиқи «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 — 2025» ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо мақсади таъмини босифат ва иҷрои саривақтии барномаи мазкур корро бо шарикони рушд ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ тақвият бахшида, таваҷҷуҳи асосиро барои ҳар чӣ бештар ҷалб кардани маблағҳои грантӣ равона намоянд.
Дар баробари ин, аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ҳамкориро бо соҳибкорони саховатпеша вусъат бахшанд.
Вакилон дар идома масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро баррасӣ намуданд. Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанбе»-ро ба номи Одина Ҳошим дастгирӣ намуда, барои баррасӣ ба иҷлосия пешниҳод кард. Вакилон пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.
Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинон, раисони ноҳияҳо ва сохторҳои шаҳрдорӣ барои омода намудани инфрасохтори пойтахт ба давраи зимистони солҳои 2024-2025, аз қабили бинову иншоот барои қабули энергияи гармӣ, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дегхонаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, ба миқдори зарурӣ захира намудани равғанҳои молиданӣ, сӯзишворӣ, маводи зидди лағжиш ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ дастурҳо доданд.
Ҳамзамон, аз вакилон даъват ба амал оварда шуд, ки бо аҳолӣ ва сокинони шаҳри Душанбе бобати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монанд ва ба дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи барқ дар давраи зимистони солҳои 2024-2025 чораҷӯӣ намоянд.
Бо ҳамин иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум кори худро анҷом дод.