Ҳақиқати бебаҳс аст, ки халқи шарафманди тоҷик дар тӯли мавҷудият бар асари ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯзгори басо пуртаҳаввул, шебу фароз, комёбию нокомиҳоро пушти сар карда, маҳз туфайли ақлу хиради азалӣ ва таҳаммулпазирӣ роҳи рушди босубот ва масиреро, ки ба сӯи зиндагии пурсаодат мебарад, пайдо намуда, дар он собитқадамона гом ниҳодааст. Чунон ки қаҳрамони миллат Бобоҷон Ғафуров қайд менамояд: «Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем.».
Дар ҳамин таҳкурсии боэътимод, мардуми куҳантаърихи тоҷик бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу азамат ва эътибору ифтихорро ба таври шоиста ҳифз мекард. Вале дар ҳама давру замон бадхоҳону неруҳои аҳримание, ки дастоварду музаффариятҳои миллат ба чашмашон чун хор мехалид, кам набуданд. Онҳо таҳаввулоту пешрафтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангиро дида наметавонистанд ва бо истифода аз усулҳои муғризона ва фишангҳои гуногуни ноҷавонмардонаи муборизаҳо, бахусус барангехтани низоъ ва тафриқа, тарсу воҳимаю таҳлука ва ҳар он чизе, ки метавонист ташаккули андешаи миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагиро зери суол барад, истифода мебурданд. Мутаассифона, ин навбат низ, халқи тоҷик аз ин неъмати атоӣ ҳанӯз ба таври кофӣ баҳравар нагардида буд, ки бадхоҳон ва нотавонбинон кишварро ба гирдоби фоҷиаҳо ғӯтавар намуда, ба хуни сокинонаш рангин сохтанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад, ки дар натиҷа бисёре аз ҳамватанон ба ҳалокат расида, қисме аз онҳо дар мамлакатҳои бегона паноҳ бурда, заҳри ғарибӣ чашиданд. Занону хоҳарон бешавҳар ва фарзандони онҳо ятиму бепарастор монданд. Ҳамчунин, кишвар талафот ва хисороти ҳангуфти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дида, рукнҳо ва асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро ба вуҷуд овард. Кор ба ҷое расид, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ набаромада, мамлакатро беҳокимиятиву бенизомӣ фаро гирифта, хавфи амиқи ба маҳалҳои ҷудогона тақсим шудан ва ҳатто аз байн рафтани якпорчагӣ ба миён омада буд.
Дар он вазъияти ниҳоят вазнини буҳронӣ ва пуршиддати кишвар аз 16 — уми ноябр то 2 — юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум доир гардид, ки роҳи ояндаи кишварро муайян намуд. Он бо шарофати сиёсати фарогир, пайгирона ва некбинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдати комилу сартосарӣ, якпорчагии марзу бум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расонид. Онро беҳуда иҷлосияи наҷотбахш ё иҷлосияи тақдирсоз унвон надодаанд.
Хушбахтона, мардуми маърифатдӯсту тамаддунофари тоҷик анъанаҳои волои гузаштагонро ҳифз намуда, бо такя ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ваҳдату ягонагиро таъмин намуд ва ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ пеш гирифт.
Баробари қатъ шудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва пойдор гардидани истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки дар асоси татбиқи амалии қонуну қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст омад, дар ҳама самти хоҷагии ҳалқ комёбиҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд. Аз ҷумла, ифтихормандона метавон гуфт, ки боигарии асосии миллӣ ва давлатӣ аҳолии кишвар қариб ду маротиба афзоиш ёфта, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то ба 75 сол боло рафта, сатҳи камбизоатӣ то ба 27,5 фоиз коҳиш ёфт. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи бебаҳси он аст, ки сатҳу сифати зиндагии мардум тамоюли устувору амиқи болоравӣ дорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои саривақтиву барномарезиҳои дурусти Давлату Ҳукумат ва ба ҳамин васила, ривоҷ додани самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз қабили даҳҳо ҳазор гектар замин афзун намудани майдони кишти асосӣ ва зироатҳои кишоварзӣ, ба бештар аз дусад ҳазор гектар расонидани майдони боғу токзор, имтиёзҳои ба чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳидорӣ додашуда, ки ба рушди самтҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшид ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бамаротиб афзуд, амнияти озуқавории кишвар таъмин гардид.
Тадбирҳои муттасил ва ҳадафманди роҳандозишуда дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ба аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ, аз қабили сохта ба истифода додани неругоҳҳои хурду миёна ва бузург, хоса ба истифода додани навбати якум ва дуюми неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», навбати якум ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии мавҷуда, ки дар маҷмӯъ, истеҳсоли неруи барқро то ба 21 миллиард киловат расонид, инчунин, кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи таҷҳизоти барқии каммасрафу сарфакоронаи он, на танҳо мушкилоти норасоии барқро рафъ намуд, балки ба содироти он низ замина фароҳам овард.
Ноил шудан ба ҳадафи дигари стратегии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ кори саҳлу осон набуд. Тоҷикистон, ки саросар кӯҳсор мебошад, бинобар набудани роҳҳои ҷавобгӯ ба шароити ҷуғрофии мамлакат ҳар сол дар давраҳои тирамоҳу зимистон ва ҳатто аввалҳои баҳор аз як минтақа ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ рафтуомади одамон ва гардиши молу маҳсулот қатъ мегардид. Маҳз иродаи матин, ҷаҳду талошҳои пайваста ва заҳматҳои хастагинопазири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар натиҷаи сохтмон, таҷдид ва таъмири 2200 километр роҳ, 237 пул, 5 нақби мошингузар, 3,4 километр долонҳои зиддитармавӣ, 219 километр роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақб, на танҳо ин мушкилии калон рафъ гардид, балки Тоҷикистон ба кишвари дорои роҳҳои рушдкардаву
транзитӣ ва васлгари кишварҳои минтақа табдил ёфт.
Чунон ки дар робита ба ҳамин масъала Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 иброз намуданд, «Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда, зинаи 50-умро ишғол намуд».
Бо мақсади гузаштан аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ, танҳо соли 2020-ум бештар аз 300 корхонаи хурду бузурги нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷои кор сохта ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа теъдоди корхонаҳои саноатӣ то ба 2274 расиданд.
Албатта, ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Президент ва Ҳукумати кишвар аст, ки он ҳам бошад ба шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба амал омадааст. Маҳз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Боварии комил дорем, ки халқи шарафманди Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ ва эҳтироми хоса ба вакилон ва қонуну қарорҳои сарнавиштсози Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки наҷотбахши истиқлолияти давлатӣ гардидааст, бо тарҳрезии нақша — чорабиниҳои махсус соли оянда сиюмин солгарди онро бо дастовардҳои афзуни меҳнатӣ дар ҳама соҳа ҷашн хоҳанд гирифт.
Муҳаммад Шодиён,
Зафар Файзуллозода,
Ғайрат Азиззода,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон