Иҷлосияи сарнавиштсозе дар саҳифаи таърихи тоҷикон

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

23-1Соли 1991 шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта, мардум дар таҳлука афтода буданд ва гурӯҳҳои манфиатдор вазъро муташанниҷ нигоҳ дошта, мехостанд ба ҳар роҳу восита ба сари ҳокимият биёянд. Шаҳри Душанбе ба макони асосии гурӯҳҳои мусаллаҳ табдил ёфта буд. Бинобар ин, вакилони онвақта наметавонистанд дар маркази ҷумҳурӣ ҷамъ оянд. Ҳамин тариқ, дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил, вале хеле зарурӣ бо ҷасорату матонат ва масъулияти баланди ватандории як зумра вакилони онвақта 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, ҷиҳати барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ заминаҳои воқеӣ гузошта шуд.

Маҳз дар ҳамон иҷлосия ояндаи кишвар ба унвони ҷумҳурии соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гашта, эълон гардид. Аз шунидани чунин хабари хуш, яъне, ба майдон омадани нафаре, ки миллату Ватанашро соҳибӣ мекунад, шуълаи умед барои ояндаи дурахшони миллат пайдо шуд.

Давлати амалкунандаи вақт ҳатто кафолати баргузории як ҷаласаро дар пойтахти кишвар дода наметавонист. Дар он шароити сангин шахсияти фидокор – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум паёми сулҳу оштӣ ва иттиҳоду ягонагӣ расонид. Маҳз дар рафти он иҷлосия бо ташаббуси Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои зарурӣ камари ҳиммат баста шуд. Дар баробари ҳар чӣ зудтар хотима додан ба ҷанги харобиовар, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ ва бо таъсиси сох­тору қувваҳои сарҳадбон ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ, барқарор намудани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва кори муътадили сохтору мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, андешидани чораҳои фаврӣ ҷиҳати аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маҳсулоти озуқа ва доруворӣ таъмин кардани мардум ва танҳо бо роҳи сиёсӣ, яъне музокироти миёни тарафҳо, ҳал кардани мушкилоти мавҷуда аз иқдом ва қарорҳои қабулшуда дар он иҷлосия маҳсуб меёбанд. Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи нахус­тини пой бар арсаи роҳбарӣ ниҳодан ба мардуми тоҷик роҳбару роҳнамо, қаҳрамону наҷотбахши миллат ва ворису пешво шуда, иқдомҳои башардӯстонаашон боиси дастгирии аҳли сайёра гардид. Маҳз он рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, замина фароҳам созад.

23Натиҷаи он ҷоннисориҳои беғаразона буд, ки ҳоло кишвари моро ҳамчун давлати соҳиб­истиқлол ва Пешвояшро дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ эътироф кардаанд. Дар як муддати кӯтоҳ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, 178 давлати дунё бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии қариб 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, эъмори давлати сирф миллӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, муаррифии забон ва миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, кишоварзиву таъмини амнияти озуқавории мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, дар замири ҷавонони тоҷик эҳё намудани тафаккури миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, аз қабили Нишони давлатӣ, Парчам, Суруди Миллӣ ва пули миллӣ, пайваста дастгирӣ ва сарпарас­тии ятимону барҷомондагон, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиии дар кишвар ба амал омада, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи варзиши тоҷик, ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо, барои некуаҳволӣ ва ба зиндагии шоиста расидани халқи тоҷик, раҳонидани миллат аз ҳар гуна бемориҳои сироятиву маҳву парокандагӣ аз ҷумлаи фаъолияти пурсамари Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мебошад.

Маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан ва бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат рушди иқтисоди миллӣ ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар ин муддат рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то ба 26,3 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфтааст, ки чунин натиҷаҳо сазовори зикри махсус мебошанд.

Алҳол бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тоза касб карда, татбиқи сифатноки онҳо бомаром идома дорад.

Рустам ЛАТИФЗОДА,

Зоир РАҲМОНЗОДА, 

Мирзоанвар АХМЕДОВ,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон