Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистон аз давраи баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ тайи сӣ сол таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймудааст, ба садсолаҳо баробар мебошад.
Муҳимтарин ва шоистатарин хидмати Роҳбари давлат, ки дар як давраи барои кишвар бениҳоят мураккабу ҳассос инони давлатро ба даст гирифтанд, хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи пойдор дар кишвар аст. Формулаи сулҳи тоҷикон маҳз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст ва имрӯз таҷрибаи беназири мактаби сулҳофарии Тоҷикистон мавзӯи омӯзанда дар рӯзномаи минтақавию байналмилалист, чунки Президенти Тоҷикистон бо пиндору гуфтору рафтори нек, тафаккури барҷаста, заковату сиёсати дурбинона ва дарки амиқи раванди ҳаводису рӯйдодҳои мухталиф ба тамоми ҷаҳон собит намуданд, ки баҳри ҳаллу фасли низоъҳо ва ба эътидол овардани вазъ ҷуз ин роҳ масири дигару беҳтаре нест. Ва ҳамин сулҳи пойдор заминаи асосӣ гардид, ки Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ собитқадамона рушд кунад, ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад ва дастовардҳои беназирро дар сиёсати дохилию хориҷиаш соҳиб шавад.
Тавре мусаллам аст, дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда мебозанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихист.
Ҳамчунин, дар ин раванд, албатта, мақому мавқеи шахсиятҳои барҷаста, ки бо зарфиятҳои бузурги тафаккуру заковат, фаросату ҷасорати сиёсӣ ва аъмоли нек ба сарнавишт ва ояндаи дурахшони миллат ё давлат таъсири амиқ мегузоранд, нақши бориз доранд. Хушбахтона, дар иҷлосияи мазкур бо интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ҳамин гуна як шахсияти сазовор, далеру абармарди нотакрор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати бузург қадамҳои мубораку устувор гузоштанд, ки таҳкими аркони давлатдорӣ, гузоштани асосҳои сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ рушди босуботи давлатдории навини тоҷикон бо фаъолияти созандаи ин фарзанди фарзонаи миллат робитаи ногусастанӣ дорад.
Ба ҳайси роҳбари сиёсии мамлакат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми дар он вазъ ташнаи сулҳу оромии Тоҷикистон фоли нек пиндошта, дар симои ӯ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро дарёфтанд.
Иқдоми нахустини Пешвои миллат дар ин мансаб аз эҳё ва ҷоннок кардани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сар карда, аз марказ то маҳалҳо ибтидо гирифт. Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ дар қаламрави кишвар давлатро ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу амният эътироф намоянд.
То Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ин рукни муҳими давлатдорӣ амал намекард ва ҳаёти ҷомеа худсарона, бемаҷрову пурмоҷаро бо роҳи истифодаи қувва ва фишору зӯроварӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадаст ба роҳ андохта мешуд.
Роҳнамоиву ташаббускориҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози фаъолият ба бартараф кардани ҳама гуна хатарҳои марбут ба фаноёбии миллату давлат равона гардида, минбаъд барои татбиқи самараноку бомароми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон заминаҳои устувору боэътимоди сиёсию ҳуқуқиро фароҳам овард.
Дар давраи бисёр ҳассоси то иҷлосия, ки вазифаҳои давлатӣ ғайриқонунӣ ба ихтиёри гурӯҳҳои ифротгаро гузашта буданд, маҳз дар ҳамон иҷлосия аз нав ба ихтиёри давлат бозгардонида шуданд, яъне, дар иҷлосия ба эҳёву барқарорсозии мақомоти идоракунии давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд.
Ҳанӯз 12-уми декабри соли 1992 роҷеъ ба муҳимияти ин масъала дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Ҳар чӣ зудтар дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем, дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем…».
Хотирнишон бояд сохт, ки дар он давраи душвору ҳассос, дар мамлакати ҷангзада, дар он асное ки касе ҷуръати бар дӯш гирифтани роҳбариро надошт, ба сари қудрат омада, тақдири минбаъдаи давлату миллатро ба даст гирифта, онро ҷасуронаю пайгирона ва бомуваффақият пеш бурдан, кори саҳлу осон набуд. Бо дарки амиқи масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ Пешвои миллат ба арсаи сиёсат бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуданду чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро берун бароранд ва бо сиёсати ваҳдатофару инсондӯстонаашон дар ҷаҳони муосир мактаби беназири сулҳу оштии миллиро ба вуҷуд биёранд.
Дар умум, санадҳои муҳими дар иҷлосияи таърихӣ қабулгардида собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.
Дар ҳамин замина, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳия ва дар байни дигар давлатҳои тозаистиқлоли пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи арзёбии ниҳоду коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, дар шумули 5 конститутсияи беҳтарини олам эътироф шудааст.
Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз на танҳо низоми ҳуқуқии миллию ифодакунандаи ормонҳои чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ба вуҷуд омад, балки масири ояндаи шакли идоракунии давлат – давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки дар қатори тамомияти арзӣ тағйирнопазирии он таъкид гардидааст, муайян карда шуд.
Ин андеша, яъне шакли ояндаи идоракунии ҷумҳурӣ низ, ки асоси сиёсати давлати навини моро ташкил мекунад, тасмими бунёдии сиёсати пешакардаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳанӯз нав ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан аз минбари ҳамон иҷлосияи таърихӣ садо дода буд.
Ин нуктаро Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 ба таври зайл ёдовар шуданд: «Бояд гуфт, ки сохти ояндаи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ пешниҳод гардид, яъне ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам».
Ҳамин тавр, бо дастури бевоситаи роҳбарияти Раёсати Шӯрои Олӣ аз 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда, пас аз ду моҳи муҳокима бо таҳлилу ба инобат гирифтани аксари пешниҳодҳои воридшуда 6-уми ноябри соли 1994 он аз тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардид.
Дар заминаи ислоҳоти конститутсионӣ минбаъд идоракунии давлатии Тоҷикистон ба шакли президентӣ гузашта, мақоми олии намояндагӣ дар шакли Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт.
Соли 1999 дар доираи ислоҳоти сиёсии мамлакат бо баргузор кардани раъйпурсии умумихалқӣ бори аввал ба Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нав иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон зуҳур кард.
Дар ҳамин асос тарҳи нави Қонуни конститутсионӣ оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 27-уми феврали соли 2000-ум ҳайати нахустини вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.
Ҳоло ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи кишвар беш аз якуним ҳазор санаду меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс, 30 қонуни буҷет ва 16 қонуни авф қабулу тасдиқ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини тоҷикон бесобиқа ва муқоисанашаванда аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста карда, воқеан ҳам дар таъсиси давлати навини соҳибихтиёри тоҷикон нақши бунёдгузориро доранд.
Мо бояд гузаштаро нодида нагирем, балки ин асолату ғановати беназири миллӣ, тирози заҳмату талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро абадан пос дорему ба наслҳои оянда беосеб ба мерос гузорем. Зеро пос доштани марҳилаҳои тақдирсози миллату давлат ва шахсиятҳои таърихиву ватанпарвари он далели посдории гузашта, имрӯз ва фардои давлат аст.
Қарзи виҷдонии мост, ки дар иртибот ба ҳама заҳмату талош, ғамхориву дастгирӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳо дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва бо ин роҳ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зеботар гардонем.
30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар муборак бод!
Маҳмадтоир ЗОКИРЗОДА,
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон