Иҷлосияи тақдирсоз ва интихоби таърихӣ

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

28Аз сабаби он ки дар пойтахти мамлакат вазъ ноором буд, Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар пойтахти давлат не, балки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи наҷоти миллат ва давлатро дар интихоби дурусти роҳбари нав пеш  гузошта буд. 

Вакилон ҷавони ҳақиқатгӯ ва ғамхори халқу миллат Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб карданд. Назди Роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсоз меистод. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идораи кишвари ҷанг­зада буд.

 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таърихӣ ва бунёдии  давлатдориро тарҳрезӣ намуд.

  Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки он интихоб саривақтӣ, таърихӣ  ва дуруст буд.

Таҷрибаи асосӣ ва нуктаи ибтидоии рушди давлатҳои пешрафта дар замони шаклгирӣ ва солҳои ояндаашон масъалаи эътирофи нақши поягузорони давлатҳои миллӣ ва муттаҳид намудани  халқ дар атрофи ин сиёсат будааст.

Роҷеъ ба он ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон саҳми бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаашон дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирию рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино далолати иловагиро талаб намекунад.

Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозаргонӣ, тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, гуногунии моликият ва андеша аз ҷумлаи дигар корҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Омили муҳим ва қисми таркибии  дастоварди дигари Эмомалӣ Раҳмон дарки дуруст ва сиёсати амиқи ҳалли масоили глобалӣ ва ҳалталаби кишвар буд. Поягузор ва наҷотбахши ҳар давлату миллатро,  қабл аз ҳама, зарур аст, ки  проблема ва дарди миллатро, ки пешорӯи мушкилиҳои рушди ӯ истодааст, дуруст дарк намояд. Ҳар халқ ва миллат чунин мушкилотро дорад, аз ҷумла давлати мо низ.  Мисол, барои халқе баромадан ба канали Панама, барои миллате соҳиб шудан ба сарзамини бобоии худ ва ё роҳҳои стратегии ҷаҳонӣ, барои ҷопониҳо пас аз ислоҳоти Мейдзи рушди илм ва технология буд, ки ҳалли ҳар яки онҳо таъсири амиқро ба рушду ҳастии  миллатҳо ва давлатҳо расонид . Роҳбари давлат пас аз таҳлилҳои амиқ  мушкилиҳои ҳаётан  муҳим, тақдирсоз ва   аввалиндараҷаро барои миллату давлати мо пайдо карда, ҷиҳати ислоҳи онҳо камар бастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, аз зумраи шахсиятҳо ва нухбагони сиёсати ҷаҳонист, ки дар масъалаҳои глобалӣ ва усулии низоми идора, пешбурди ҷомеа, ҳалли масоили мубрам, таъмини субот ва рушди иқтисод тарозуи манфиатҳои миллӣ ва давлатиро тарзе мегузорад, ки нозуктарин манфиатро бо оқибатҳои наздику дураш, хурдтарин зарарро бо пас­манзарҳои иқтисодӣ ва сиёсиаш дарк ва эҳсос менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон шахсест, ки таҳти роҳбариаш давлати демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои бузурги созандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири  наслҳои оянда пайваст мебошад.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон