Ҳар қадар, ки солҳо мегузаранд, ҳамон қадар аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ дар бобати муваффақ шудан ба ризояти миллӣ, сулҳу ваҳдат, бақои сохти давлатдорӣ ва якпорчагии сарзамин меафзояд. Зеро он дар давраи мушкили сиёсӣ, бо дарназардошти ҳадафҳои эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳар чӣ зудтари сулҳу ваҳдати миллӣ, наҷот додани миллат аз вартаи буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон, барқарор намудани хоҷагии бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъда, Тоҷикистон, даъват шуд.
Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ шакли нави идоракунии ҳокимияти олии давлатӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, ки дар ҳамон шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат зарур буд, зеро фаъолияти сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, вазъи ҷамъиятиву сиёсии бавуҷудомада имкон намедод бо роҳи демократӣ сохторҳои давлатӣ интихоб ва таъсис дода шаванд. Ба таъхир гузоштани масъала боиси кашмакашиҳои беҳуда, бозиҳои пасипардагии қувваҳои бадхоҳи миллат, ба вартаи фоҷиаи боз ҳам бештари миллӣ кашида шудани Тоҷикистон мегардид.
Мақомоти тозаинтихобшудаи ҳокимияти давлатӣ, алалхусус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дарҳол пас аз баргузории иҷлосия ба амалӣ намудани қарорҳои он шурӯъ намуда, азму иродаи қавӣ нишон доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон устуворона кӯшиш ба харҷ дода, баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои таъхирнопазир андешида, ба бесарусомонӣ ва кашмакашӣ хотима гузоштанд.
Боиси ифтихор мебошад, ки маҳз суханронӣ ва фаъолияти амалии Сарвари давлат он давра дар қалби мардуми кишвар ҷои сазовор ишғол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат гардид.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳи бепоён кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида намуд. Санадҳое, ки дар он қабул шуданд, ҳам барои халқи Тоҷикистон ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти муҳими таърихӣ дошт. Инчунин, азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохтори конститутсионӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ қобили дастгирии ҳаматарафаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, давлатҳои ҷаҳон ва мақомоти роҳбарикунандаи давлатҳои аъзои ИДМ гардид.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ боз дар он аст, ки роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз лаҳзаҳои аввал роҳи қонунии эъмори давлати тозабунёдро пеш гирифта, нуфузи қонунро дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа эътироф ва роҳи қонунии рушди минбаъдаро пурра ба роҳ монд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳ ва ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли солҳо аз таҷрибаи талхи таърих ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Нашри садҳо китоб ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин роҳнамо мебошад.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши қонунгузорӣ ва инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушода, барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Тағйироту иловаҳои ба Конститутсия воридгашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти нави сиёсии давлат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш, зиндагии осудаҳолона ва арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ҷонибдори эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Маҷлиси Олӣ — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давра мавқеи худро нигоҳ дошта, бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, вазифаҳои худро баҳри таҳкими сулҳу осоиштагӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат амалӣ намуд.
Он солҳо дар ҷумҳурӣ бисёр дигаргунӣ ба вуқӯъ пайваста, ҳадаф ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар дохили кишвар ва дар арсаи ҷаҳонӣ аниқтар шуданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд. Боварии халқ ба Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари сиёсӣ ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ба Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ боло рафт.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) зикр гардид: «Иҷлосияи таърихии XVI сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард».
Имкониятҳои таърихӣ ҳама вақт ба даст намеоянд. Истифодаи оқилонаи онҳо заҳмати содиқона ва софдилона баҳри ободии боз ҳам бештари Ватан, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
ШАРИФЗОДА Шарифбек Мурод,
корманди Дастгоҳи Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон