Иҷрои саривақтии дастурҳои паёми Пешвои миллат омили расидан ба рушди устувор аст

№28 (4611) 22.02.2023

Коллаж21-уми феврали соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат ифшогари рози дили мардум аст» машварат баргузор гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратшо Тағозода ҳусни оғоз бахшид. Таъкид шуд, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши бағоят муҳим мегузоранд. Аз мазмуну муҳтавои ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дастуру супоришҳо ва талошҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳиб­истиқлол дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудаанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода заҳмати содиқонаи мардуми кишвар, раванди созандагиву ободкорӣ, иҷрои нақшаву барномаҳои қабулшударо аз ҷумлаи омилҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат арзёбӣ кард.

- Пешвои миллат иброз дош­танд, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳиб­истиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа — ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсат қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ, равона карда шуд, — гуфт С. Тағойзода.

 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло зимни суханронӣ, пеш аз ҳама, ин нуктаро таъкид намуд, ки дар Паём дар баробари дигар масъалаҳо вазъи соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, роҳ ва алоқа низ пурра таҳлил гардида, роҳҳои асосии рушди ин соҳаҳо мушаххас карда шуданд.

Гуфта шуд, ки яке аз қисматҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла, «энергияи сабз» бахшида шуд. Сарвари давлат истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз»-ро аз ҷумлаи афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвар ҳисобида, қаблан иброз дошта буданд, ки ҳоло асосноккунии се лоиҳаи истифодаи неруи офтоб ва шамол бо иқтидори умумии 260 мегаВатт оғоз гардидааст.

- Пешвои миллат дар Паёмашон ба мавзӯи роҳсозӣ низ таваҷҷуҳ карда, чунин иброз доштанд: «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд, — қайд кард Хайрулло Амонулло ва ҳамзамон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба рушди соҳаҳои саноат, нақлиёт, роҳсозӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди мамлакат шарҳу тавзеҳ дод.

DSC_5189Дар машварат раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода низ баромад карданд.

Бино ба қавли онҳо, таҳлили мазмунии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои рушди иқтисоди мамлакат, таъмини сулҳу субот ва зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар қарор гирифтааст. Ин бори дигар аз сиёсати халқпарвару инсонпарвар доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Иҷрои софдилона ва саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор ва ҳар як шаҳрванди мамлакат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба ҳадафҳои рушди устувор ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии одамон беҳтар мегардад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ