4 майи соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 53 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя
3. Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба масъалаи якуми рӯзнома – «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Нуҳуми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Он ба таҳкими ҳамкории ду давлат дар самти ҳавасмандгардонии сармоягузории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо эътирофи муҳимияти таъмини механизми ҳимояи сармоягузорӣ тибқи қонунгузории миллии давлатҳо, инчунин тавассути меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, равона шудааст.
Тибқи созишнома, Тарафҳои аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки дар ҳудуди давлати худ барои сармоягузории Тарафи дигар шароити мусоид фароҳам оварда, мутобиқи қонунгузории давлатӣ ҳимояи сармоягузории давлати Тарафи дигарро дар ҳудуди хеш таъмин кунанд. Инчунин, Тарафҳо интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳанд.
Тарафҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба тафсир, истифода ва ё татбиқи созишномаи мазкур машварат мегузаронанд.
Созишнома ба муҳлати даҳ сол эътибор дорад ва пас аз ба анҷом расидани муҳлат, тибқи тартиби муқарраргардида, амали он метавонад ба таври автоматӣ барои даҳсолаи навбатӣ тамдид гардад.
Ҷиҳати густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, робитаи доираҳои сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.
АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз он танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Созишнома принсипҳои ҳуқуқиро вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар муқаррар менамояд.
Созишнома дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ карданд. Аз шумо низ, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.
ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2018 № 117 маъқул дониста, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.
Лоиҳаи созишномаи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) дар таҳрири нав, ки соли 2012 нашр шудааст, таҳия гардидааст ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» мувофиқ мебошад.
Мақсад аз он аз байн бурдани андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳои ду давлати аҳдкунанда, афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдои байниҳамдигарӣ, воридоти сармоя, фароҳам гардидани фазои сармоягузорӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав ва беҳтар гардонидани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 126,4 млн. доллари ИМА, аз ҷумла содирот – 57,08 млн. доллари ИМА ва воридот – 69,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ҳамин радиф гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо дар семоҳаи якуми соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 баробар зиёд гардид.
Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 корхонаи муштарак бо сармояи оинномавии ширкатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Қайд кардан лозим аст, ки то ин давра аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин созишнома (конвенсия) бо 32 давлати дунё баста шуда, онҳо аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, дастгирӣ ва қабул гардидаанд.
Созишнома аз пешгуфтори кӯтоҳ ва 31 модда иборат буда, ҳар як моддаи он бо бахш ва самтҳои махсус унвонгузорӣ шудааст ва андозҳоро аз даромад ва сармоя дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии давлатҳои Аҳдкунанда, сарфи назар аз шакли ситонидани он, татбиқ менамояд.
Аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Сафаралӣ РАҶАБОВ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Мақсад аз он бартараф намудани андозбандии дукарата нисбат ба резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда, зиёд гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, сармояи хориҷӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсисёбии корхонаҳои нав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Меликов Аслиддин Иззатуллоевич дода мешавад.
Аслиддин Меликов:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ — «JICA» ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ — «JICA» вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 29 сентябри соли 2014 созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи он, Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 млрд. 914 млн. йени японӣ (тақрибан 17,5 млн. доллари ИМА) грант ҷудо намуд.
Дар тендери байналмилалӣ оид ба харидории таҷҳизоти системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва коркарди борҳои терминали боркашонӣ ширкати «Адад Валю Корпорейшн» ғолиб омад ва бо ширкати мазкур 2 декабри соли 2015 қарордод баста шуд, ки маблағи он 578,8 млн. йен ё 5,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур аз ибтидои амалисозии шартнома аз ҷониби Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ — «JICA» пурра ба суратҳисоби ширкати «Адад Валю Корпорейшн» гузаронида шудааст.
Дар асоси қарордоди зикршуда, таҷҳизоти системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаҳои ILS ва PALS) ва коркарди борҳои терминали боркашонӣ ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Олмон ва Япония ворид ва моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб ва аз санҷиш гузаронида, ба кор дароварда шуданд.
Бо дарназардошти норасоии маблағ барои пурра фаро гирифтани лоиҳа, тарафҳо баъдан ба мувофиқа расиданд, ки сохтмони терминали боркашонӣ ба ду марҳила — марҳилаи якум – сохтмони терминали боркашонӣ ва марҳилаи дуюм иҷрои корҳои барқтаъминкунӣ ва ободонии иншооти атрофи терминали боркашонӣ, ҷудо карда шавад.
Доир ба марҳилаи якум, яъне сохтмони терминали боркашонӣ, 13 декабри соли 2016 дар Япония барои интихоби пудратчии асосӣ тендери байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа ширкати «ДАИ Ниппон Констракшин» ғолиб омад. Қарордод миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «ДАИ Ниппон Констракшин» 26 декабри соли 2016 ба имзо расид. Маблағи умумии қарордоди миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «ДАИ Ниппон Констракшин» барои сохтмони терминали боркашонӣ 1 млрд. 120 млн. йен ё 10,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе 20 феврали соли 2017 оғоз гардид. Маблағгузорӣ барои сохтмони терминали боркашонӣ дар 3 марҳила пешбинӣ шудааст:
1. 448 млн. йен – 40 фоиз пешпардохт (аванс) дар соли 2017
2. 336 млн. йен – 30 фоиз пешпардохт (аванс) дар моҳи январи соли 2018
3. 336 млн. йен – 30 фоиз пардохти охирин дар моҳи июли соли 2018.
Айни замон сохтмон тибқи ҷадвали тасдиқшуда идома дорад.
Консорсиуми ширкатҳои ҷопонии «Ниппон Кое» — Консултант баҳри муайян намудани арзиши сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе тадқиқот гузаронид. Дар асоси он созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония «JICA» таҳия гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.
31 майи соли 2017 Созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония «JICA» ба имзо расид. Дар асоси он Ҳукумати Япония барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 356,0 млн. йен ё 3,2 млн. доллари ИМА ҷудо кард.
19 июли соли 2017 миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати «ДАИ Ниппон Констракшин» барои амалисозии марҳилаи дуюми сохтмони терминали боркашонӣ (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминал) қарордод ба имзо расид. Сохтмони марҳилаи дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфт.
Маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо дарназардошти гранти дуюм 20,8 млн. доллари ИМА (2,270 млрд. йени японӣ)-ро ташкил медиҳад. Аз рӯзи оғоз то 1 майи соли 2018 барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»15,0 млн. доллари ИМА (1,6 млрд. йени японӣ) ё 72,1 фоизи маблағи лоиҳа аз худ карда шудааст.
Дар асоси созишномаи мазкур иҷрои як қатор корҳо ба уҳдаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» вогузор гардидааст, ки то имрӯз дар ин доира корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:
- омодасозии майдони сохтмон ва гирду атрофи он;
- таъмини терминали боркашонӣ бо барқ, об ва алоқа;
- таъмини шабакаҳои обпарто;
- сохтмони зеристгоҳи барқӣ барои системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда баҳри фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS);
- сохтмони роҳи мошингард то даромадгоҳи терминал;
- сохтмони зеристгоҳи барқӣ бо тавоноии 160 кВт;
- кашидани хатти барқи баландшиддат ба масофаи 2400 метр;
- шинонидани новаҳои обпарто ба масофаи 480 метр.
Айни замон сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе тибқи нақшаи тасдиқшуда идома дорад.
Маблағи умумии корҳои бевосита аз ҷониби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иҷрогардида то 1 майи соли 2018-ум 8,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бо сохта шудани терминали муосиру ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ иқтидори боркашонии фурудгоҳи Душанбе ба маротиб афзуда, барои ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор, афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, инчунин бунёди шабакаи васеи рейсҳои транзитӣ заминаи хуб фароҳам меояд.
Хоҳиш менамоям, созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло АСОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !
Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 31 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS), барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминалро дар бар мегирад.
Бинобар норасоии маблағи 1,914 млрд.йени японӣ барои пурра фаро гирифтани лоиҳа, сохтмони терминали боркашонӣ ба ду марҳила, марҳилаи якум — сохтмони терминали боркашонӣ ва марҳилаи дуюм — иҷрои корҳои барқтаъминкунӣ ва иншооти атрофи терминали боркашонӣ, ҷудо карда шуд.
Марҳилаи якум дар доираи маблағи ҷудошуда оғоз гардид ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои марҳилаи дуюм маблағи иловагӣ ҷудо менамояд. То имрӯз корҳои кашидани хатҳои коммуникатсионӣ, васли таҷҳизоти системаҳои ILS ва PALS анҷом ёфтааст ва сохтмони терминали асосӣ идома дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани озмуни такрорӣ ширкати японии «Дай Ниппон» пудратчии марҳилаи якум интихоб гардид. Ҳамин тариқ, Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ 31 майи соли 2017 ба маблағи 356,0 млн. йени японӣ ба имзо расонида шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 26 апрели соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти сохтмони асосии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе», Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ба Аслиддин Меликов як савол дорам. Баъди ба анҷом расидани татбиқи лоиҳа вазъи хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе то чӣ андоза беҳтар мешавад?
Аслиддин МЕЛИКОВ: - Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми чорабинии маҷмӯӣ барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ амалӣ карда мешавад. Баъди ба охир расидани татбиқи лоиҳаи зикршуда вазъ дар ҳама самти хизматрасонии мусофирон боз ҳам беҳтар мегардад.
РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: - Ман ба муовини директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе савол дорам. Барои он ки терминал самаранок истифода гардад, мо бояд донем, ки чӣ қадар молу маҳсулот ба он ворид ва хориҷ мешавад. Ҳоло асосан ба он ҷо бағоҷи мусофирон ворид мешаваду ба онҳо баргардонда мешавад.
Минбаъд зарфиятҳои нав чӣ гуна ва ба кадом мақсад истифода мешаванд?
Аслиддин МЕЛИКОВ: - То ба кор даромадани терминал анбори нигоҳдории молҳои тезвайроншаванда надоштем. Ҳоло дар терминали нав тамоми шароит муҳайёст. Ҳатто ҷойи нигоҳдории ҳайвонот низ мавҷуд мебошад. Тамоми иқтидори мавҷудаи терминали нав пурсамар истифода хоҳанд шуд.
РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.
Ҷаббор АХМЕДОВ: - Ҳадафи асосии созишнома на фақат мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии фурудгоҳ, балки баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон низ мебошад. Мо соли гузашта ҳангоми баррасии масъалаи вазъи хизматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоӣ як қатор пешниҳод дар робита ба беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳ ҳангоми амалӣ кардани ҳама гуна расмиёт иброз дошта будем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло бояд кори зиёд анҷом дод ва таваҷҷуҳи роҳбарияти онро мо ба ин масъалаҳо ҷалб менамоем. Хусусан, сифати хизматрасонӣ ба мизоҷонро бояд баланд бардошт.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.
НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Гулмаҳмадзода, Р. Амирзода, Ҷ. Ғаффор ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Мансурӣ, Х. Абдуназар ва М. Ахмедов пешниҳод шудааст.
Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни зикргардида ба Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо оид ба фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ, механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 бармеоянд, пешниҳод гаштааст.
Ҳамчунин, он барои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона шудааст, ки ба рушди саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.
Тағйиру иловаҳои дахлдор ба муқаддима ва ворид намудани мафҳуми нав вобаста ба фаъолияти сармоягузорӣ, илова кардани ибораҳои возеҳу равшан фарогири ҳама ҷанбаи қонунгузорӣ мебошад.
Тағйиру иловаҳои ба лоиҳа пешниҳодгашта 11 қисмро фаро мегирад. Моддаи 22 дар таҳрири нав баҳри дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ, аз қабили дастгирии иттилоотӣ, молумулкӣ, пешниҳоди грантҳои аслии давлатӣ ба сармоягузорон, субъектони дигари фаъолияти сармоягузорӣ ва суғуртаи қарзҳо аз хавфҳо пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ карда, барои такмили он 69 таклиф пешниҳод намуданд, ки 58 — тоаш қабул гардид.
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу эрод ба лоиҳаи қонун пешниҳод гардида буд, ки онҳо қабул ва ба лоиҳа ворид карда шуданд. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ