Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иқтидори саноатию содиротии кишвар таҳким хоҳад ёфт

№52 (4472) 28.04.2022

DSC_0017Бисту ҳафтуми апрели соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

 РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар он раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Баҳодур Шерализода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳашт ­масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»

2. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар робита ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 таҳти №362 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои кор таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Муносибатҳои вобаста ба эълони мораторийи дар доираи лоиҳаи қонуни мазкур танзимгардида асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторий ба санҷишҳоро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти лоиҳаи қонун, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо ҳолатҳои таҳти санҷишу назорат қарор гирифтани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хавфҳо истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, тибқи лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъул гардидааст, ки аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мониторинги татбиқи қонунро бо тартиби муқарраргардида гузаронида, аз натиҷаи он маълумоти таҳлилӣ манзур намояд.

Татбиқи лоиҳа аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло дода мешавад. Марҳамат.

 Машраб ФАЙЗУЛЛО: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади кам кардани санҷишҳо, фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави кор таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни номбурда, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 5-и қонуни зикргардида, боздошта мешавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 9 модда иборат буда, ба моддаи 1 банди 7) бо мазмуни зерин: «Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо таъмин менамояд» илова карда шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 9 таклиф пешниҳод намуданд, ки аксари онҳо қабул гардиданд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод гардид, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2019 таҳти №1283 маъқул дониста шуда, 29 ноябри соли 2021 аз тарафи намояндагони сатҳи олии ҳар ду ҷониб ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси тағйироти мазкур дебоча ва муқаррароти моддаҳои 25 ва 28 Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 31 июли соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2015 таҳти №1791 тасдиқ гардидааст, мукаммал гардида, монеаҳои мавҷуда нисбат ба амалҳои андозбандишавандаи резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда аз байн бурда шудааст.

Тағйироти дар доираи Протокол ба конвенсияи зикршуда воридшуда имкон медиҳад, ки ҳолатҳои суи­истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз байн бурда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии табодули иттилоот ва дастрасии маълумот ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои саркашӣ аз супоридани андозҳо фароҳам оварда шавад.

Протоколи мазкур дар доираи муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия гардида, ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» мувофиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи протоколи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.

 Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад 31 июли соли 2013 ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2015 ба тасвиб расида, барои мукаммалии он  29 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро ­гузашта, ба моддаи 57 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки протоколи зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ашурзода Ғиёсиддин, Гиёзода Азиз ва Обидзода Фозил пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии байниҳамдигарӣ ва бартараф намудани норасоиҳо дар низоми аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ ба принсипу меъёрҳои низоми муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» таҳия гардидааст.

Бо дарназардошти возеҳ намудани принсипҳои аудити дохилӣ, тибқи талаботи қисми 1 лоиҳаи қонун, пешниҳод мегардад, ки пас аз калимаи «ошкорбаёнӣ,» калимаи «шаффофият,» илова ва калимаи «нақшавӣ» ба калимаи «банақшагирӣ» иваз карда шавад.

Мутобиқи талаботи қисми 2 лоиҳаи қонун, дар сархатҳои сеюм ва чоруми банди 2) моддаи 5 иваз намудани калимаҳои «ҳаматарафа» ва «судмандӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мукаммал» ва «натиҷабахшӣ» пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, дар қисми 1 моддаи 8 дар сархати сеюм калимаҳои «сохтори» ва «анҷом медиҳад» мувофиқан ба калимаҳои «сохтории» ва «анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳқиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд» иваз карда шуда, сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда мешавад: «- ба омӯзондан, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ба аудиторҳои дохилӣ додани сертификат дар ташкилотҳои бахши давлатӣ мусоидат менамояд ва фаъолиятро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад».

Ҳамчунин, пешниҳод аст, ки сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: « — ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд».

Мувофиқи талаботи қисмҳои 4 ва 6 лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки қисми 1 моддаи 9 ва матни моддаи 22 қонун аз лиҳози услуби баён таҳрир карда шаванд.

Дар асоси қисми 5 лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад, ки ба сархати шашуми қисми 2 моддаи 10 пас аз калимаҳои «таъмин намудани» калимаҳои «воҳиди сохтории аудити дохилӣ бо» илова карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, 26 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 15-тоаш қабул, 3-тоаш қисман қабул ва 8-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии байниҳамдигарӣ ва бартараф намудани норасоиҳо дар низоми аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи он, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, бахусус дар самти омӯзонидан, додани сертификат, такмили ихтисос ва бозомӯзии аудиторҳои дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ, мукаммал карда шудааст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Гулбаҳор НАЗИРӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Рушди иқтисоди миллӣ ба фаъолияти муътадили низоми молиявӣ, таъсири он ба иқтисоди воқеӣ ва танзими самараноки идоракунии давлатии молиявӣ  вобаста мебошад.

Замони соҳибистиқлолии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чун дар тамоми давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда низоми нави идоракунии давлатии молиявӣ ташаккул ёфта, аз ҷониби мақомоти давлатии молиявӣ дар асоси қонунгузорӣ амалӣ мегардад.

Масъалаҳои муҳими низоми молиявии кишвар, алалхусус ҷараёни татбиқи ислоҳоти идораи молияи давлатӣ ва таъмин намудани суботи молиявӣ дар кишвар, яке аз самтҳои асосии фаъолияти самараноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар 10 майи соли 2019 иброз доштанд: «Низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд».

Дар натиҷаи таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идоракунии молиявӣ дар даҳ соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 12 миллиард сомонии соли 2012 то ба 33 миллиард сомонӣ дар соли 2022 афзоиш ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба маб­лағи 33 миллиард сомонӣ расонидани буҷети давлатӣ, ки назар ба соли 2021-ум 5,3 миллиард сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад, гувоҳи рушди босуботи Тоҷикистон ва таҳкими низоми идоракунии молиявӣ дар марҳилаи тавсеаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Бо мақсади такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми молияи кишвар бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ғ. Ашурзода, А. Гиёзода ва Ф. Обидзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи қисми 1- уми он пешниҳод карда мешавад, ки бо дарназардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия соли 2016 аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонуни» хориҷ карда шавад.

Мувофиқи талаботи қисми 3, сархати якуми қисми 4, сархати дуюми қисми 5, қисмҳои 6, 7, 8 ва 10 — уми лоиҳаи қонун пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти талаботи техникаи қонунэҷодкунӣ, қоидаҳои имлои забони давлатӣ ва бартараф намудани номутобиқатии дохилии қонун ба қисми 1 моддаи 4, сархати нуҳуми моддаи 7, сархати якуми қисми 2 моддаи 9, сархати дуюми қисми 1 моддаи 12, сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 13 ва моддаи 15 тағйироти дахлдор ворид карда шаванд.

Бо дарназардошти возеҳ намудани принсипҳои аудити дохилӣ, тибқи талаботи қисми 2 — юми лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки ба қисми 1 моддаи 3 пас аз калимаи «қонуният,» калимаҳои «низомнокӣ, банақшагирӣ, ошкорбаёнӣ» илова карда шаванд.

Вобаста ба дақиқ намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба сиёсати назорати дохилии молиявӣ мутобиқи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ, тибқи сархати сеюми қисми 4-уми лоиҳаи қонун пешниҳод аст, ки дар сархати якуми қисми 2 моддаи 4 калимаҳои «меъёрҳои байналмилалӣ» ба калимаҳои «меъёру стандартҳои байналмилалии эътирофгардида» иваз карда шаванд.

Ҳамчунин, мувофиқи талаботи сархати сеюми қисми 4 — уми лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки бо дарназардошти таъмини фаъолияти шаффофи воҳидҳои сохтории аудити дохилии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатӣ сархати дуюми қисми 2 моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

- ҳар сол таҳқиқоти таҳлилии фаъолияти ҳамаи воҳидҳои сохтории аудити дохилии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои бахши давлатиро анҷом дода, оид ба натиҷаҳои таҳқиқот хулосаи таҳлилӣ пешниҳод менамояд.

Тибқи қисми 9 — уми лоиҳаи қонун дар назар аст, ки ба қонун моддаи 141 илова карда шавад, ки ба масъалаҳои бархӯрди манфиатҳо бахшида шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин, 39 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 25-тоаш қабул, 12-тоаш қисман қабул ва 2-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ,  эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

 Ҷамшед КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти меъёриву ҳуқуқӣ ва норасоиҳо дар идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ таҳия ва манзур гардидааст.

Тибқи он, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ оид ба анҷом додани таҳқиқоти ҳамасолаи таҳлили фаъолияти воҳидҳои сохтории аудити дохилӣ ва пешниҳод намудани хулосаи таҳлилӣ аз натиҷаи таҳқиқот дар таҳрири нав мушаххас карда шудааст.

Илова бар ин, бо мақсади бартараф намудани ҳолатҳои ҷой доштани бархӯрди манфиатҳо дар низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ ба қонуни амалкунанда моддаи 141 бо мазмуни «Бархӯрди манфиатҳо» илова карда шудааст.

Дар ин радиф, дар ҳолати ба вуҷуд омадани бархӯрди манфиатҳо корманди воҳиди сохтории назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ бояд роҳбари ташкилоти бахши давлатиро огоҳ намояд ё дар ҳолати ба бархӯрди манфиатҳо ҳамроҳ будани роҳбари ин ташкилот аз ин хусус роҳбари тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷетиро хабардор намояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода дода мешавад. Марҳамат.

 Суҳроб САФАРЗОДА: - Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилон ва ҳозирини гироми!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси моддаи 9 қонуни мазкур бо мақсади таҷдиди сохтор ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо дар татбиқи шаффофи фаъолияти мақомот ва мукаммалу мутобиқсозии меъёрҳои он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи он мақомот аз се сарраёсат, аз ҷумла назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иборат буда, зимнан, ба ин сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳои алоҳида шомил карда шудаанд.

Сардорони сарраёсатҳо бо ризояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи директори Агентӣ ба вазифа таъин ва озод карда шуда, фаъолияти раёсату шуъбаҳои сарраёсатҳоро роҳбарӣ ва назорат мебаранд.

Директори Агентӣ дорои муовини якум ва ду муовин буда, мувофиқи тақсимоти вазифаҳо байни роҳбарият онҳо низ дар доираи уҳдадориҳои хизматӣ самтҳои муайянеро бевосита роҳбарӣ, назорат ва сарпарастӣ карда, дар як вақт ҳамин функсияҳоро сардорони сарраёсатҳо такрор менамоянд.

Аз ин рӯ, бо мақсади бартараф намудани такроршавии функсияҳо ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки аз матни қонуни номбурда калимаҳои «сарраёсатҳо» хориҷ карда шуда, фаъолияти раёсату шуъбаҳо аз рӯи самтҳо мустақилона зери сарпарастии муовинони соҳавӣ вогузор карда шавад.

Масъалаи баррасишаванда пеш аз таҳияи лоиҳаи қонун дар асоси пешниҳоди Агентӣ аз 2 августи соли 2021 таҳти №5-207 бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Дигар тағйиру иловаҳои дар лоиҳаи қонун воридкардашуда танҳо бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонун бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, ҳолатҳои гирифтан ё зиёд кардани ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо пешбинӣ нагардидааст.

Аз ҷумла, дар қисми 3 моддаи 11 иваз карда шудани калимаи «пешгирии» ба калимаи «муқовимат», дар сархати сеюми моддаи 12 пас аз калимаи «масъулияти» илова карда шудани калимаҳои «муовини якум ва» ва дар қисми 2 моддаи 32 илова карда шудани сархати нав бо мазмуни «- ба кори дигар гузаштани корманд», ки чунин ҳолат дар таҷриба мавҷуд буда, вале дар қонун пешбинӣ нашудааст, барои мукаммал ва мушаххас намудани меъёрҳои амалкунандаи қонун пешбинӣ гардидаанд.

Банди 8 — уми лоиҳаи қонун, ки дар қисми 4 моддаи 30 иваз намудани рақам ва калимаи «20 фоиз»-ро ба рақам ва калимаи «25 фоиз» пешниҳод кардааст, танҳо бо ҳамин мақсад, яъне ҷиҳати мутобиқ сохтани меъёри мазкур бо меъёрҳои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Дар асоси замимаҳои «24» ва «32» фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» мувофиқан аз 20 марти соли 2006 таҳти №1716 ва аз 2 августи соли 2011 таҳти №1126 андозаи иловапулии ҳармоҳа барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми доштани собиқаи хизматии зиёда аз 20 — сола 25 фоиз муқаррар карда шудааст.

Иловапулии мазкур аз ҷониби мақомот дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон ба кормандони Агентӣ, ки зиёда аз 20 сол собиқаи хизматӣ доранд, аллакай дар ҳаҷми 25 фоиз пардохт карда мешавад. Вале дар қисми 4 моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ҳолати мазкур тағйирот ворид нашудааст ва маоши иловагӣ ҳангоми доштани собиқаи хизматии зиёда аз 20 сол дар моддаи зикршуда ҳанӯз ҳам «20 фоиз» муқаррар карда шудааст.

Аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёри мазкур бо меъёри замимаҳои «24» ва «32» фармонҳои зикршудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи қонун пешниҳод гардид, ки дар қисми 4 моддаи 30 рақам ва калимаи «20 фоиз» ба рақам ва калимаи «25 фоиз» иваз карда шавад. Инчунин, масъалаи мазкур бо Вазорати молия мувофиқа гардида, ҷонибдорӣ карда шудааст.

Тағйироти дар қисми 10 моддаи 26 пешбинишуда дар мавриди баробарнамоии рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ ба рутбаҳо ё унвонҳои ҳарбӣ ва махсус, бо мақсади бартараф кардани норасоӣ дар қонунгузорӣ пешниҳод гардида, тартиби танзими он ба Низомномаи адои хизмат дар воҳид­ҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳавола карда шудааст.

Тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №355 тасдиқ шудааст, лоиҳаи қонуни мазкур мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Лоиҳаи қонун бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, он ҷонибдорӣ ёфт, зеро ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода дода мешавад. Марҳамат.

 Толибхон АЗИМЗОДА: - Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон  ва  ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия  ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гаштааст.

Аз рӯи мазмуни маълумоти ба қонун пешниҳодгашта ва баромади роҳбарияти Агентӣ  мақсади асосии таҳия  ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур маълум гашт. Зимнан, барои боз ҳам мус­таҳкам намудани  меъёрҳои мазкур  мехостам вобаста ба якчанд нукта диққати шуморо ҷалб намоям.

Якум, мақсади дигари лоиҳаи қонун мувофиқ намудани ибораҳо ва имло ба қонуни амалкунанда буда, бештар ба танзими  фаъолияти кадрии мақомот равона карда мешавад, ки солҳои охир ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии  амалкунанда  ва роҳбарикунандаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дуюм, танзими аз байн бурдани ҳолатҳои зертобеӣ ва назоратӣ дар байни роҳбарияти аввал  аз болои воҳидҳои поёнии мақомот арзёбӣ карда мешавад.

Дигар тағйирот мувофиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии мақомот, аз ҷумла номгӯи мансабҳо, Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи  ҳуқуқи  Агентӣ, мебошад.

Мувофиқ намудани меъёрҳои баҳисобгирӣ ва баробаркунии собиқаи кории кормандон ва  нигоҳдош­ти хизмати пештара дар мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ҳангоми ба Агентӣ  аз дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ҳарбӣ ба кор  гузаштан ва баръакс аз мақомоти Агентӣ ба дигар чунин мақомотҳои ба кормандони ба вазифа таъин гашта, мақсади дигари пешниҳоди лоиҳаи қонун мебошад.

Ҳангоми амалӣ намудани чунин гузаришҳо ҳуқуқҳои баробарии рутбаҳои ҳарбӣ, унвонҳои махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ нигоҳ дош­та мешавад.

Умуман, лоиҳаи қонун тағйиру иловаҳо ба 9 моддаро дар бар мегирад.

Онро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳо пурра ҷонибдорӣ намуда, барои такмил 11 таклиф  пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ, ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаҳои 10,  27,  35 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  меъёри қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», бобҳои 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Кодекси меҳнати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, ба онҳо мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Абдуҷаббор Умарзода дода мешавад. Марҳамат.

 Абдуҷаббор УМАРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Ҷумъазода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов, А. Умарзода, А. Юсуфӣ ва Н. Холбойзода таҳия гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мушаххас гардондани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мебошад.

Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои «маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ», «пеститсидҳо» ва «коркарди аввалия», қисми 3 моддаи 18 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва моддаи 38 маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ дар таҳрири нав, инчунин мутобиқ ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз намудани калимаҳои «борбандӣ» ва «тамғазанӣ» ба калимаҳои «борҷомакунӣ» ва «тамғагузорӣ» пешниҳод карда шудааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2021 таҳти №922 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар асоси хулосаҳои воридгардида, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1, сархати ҳафтуми қисми 6 моддаи 1 лоиҳаи қонун дар иртибот бо ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо такмил дода шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 20 апрели соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонунро баррасӣ намуда, қабули онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода дода мешавад. Марҳамат.

 Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 таҳти № 595 Хадамотҳои назорати давлатии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантинӣ, зотпарварӣ, инчунин, Боз­расии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзӣ барҳам дода шуда, дар заминаи онҳо Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар асоси талаботи бандҳои 5 ва 6 Низомномаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ назорати давлатиро дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ба уҳда дорад.

Пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ, ки як ҷузъи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад, дар қатори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва стандартизатсия ба зиммаи мақомоти бехатарии озуқаворӣ низ вогузор карда шудааст. Бинобар ин, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ, тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», дар маҳсулоти хӯрокворӣ назорати давлатии байторию фитосанитариро амалӣ менамояд.

Зарурати таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дар он буд, ки дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» то ҳоло мақоми ваколатдори давлатии назораткунандаи риояи талаботи қонуни мазкур мақомоти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта истодааст, ки ин бар хилофи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 таҳти №595 мебошад. Зеро дар муқаррароти моддаи 18 қонуни мазкур танҳо назорати соҳаи байторӣ ва фитосанитарӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ваколати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дахл доранд.

Ҳамчунин, дар лоиҳаи қонун мафҳуму истилоҳоти истифодашуда ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ гардонида шудааст, ки муқаррароти қонунро мукаммал менамояд. Аз ҷумла, бо дарназардошти барҳам хӯрдани Хадамоти назорати давлатии байторӣ ва Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ ва дар заминаи онҳо таъсис ёфтани Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар матни қонун калимаи «кишоварзӣ» ба калимаҳои «бехатарии озуқаворӣ» ва калимаҳои «хадамоти байторию фитосанитарӣ» мутаносибан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ» иваз карда шуданд.

Инчунин, сархатҳои 7 ва 8 қисми 1 моддаи 18 қонуни зикршуда дар таҳрири нав бо мақсади пурра кардани доираи фаъолият таҳия шудааст, зеро дар муқаррароти моддаи мазкур бисёр самтҳои фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ пурра инъикос нагардида буд. Аз ҷумла, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи регламентҳои техникӣ, мувофиқасозӣ ва тасдиқи стандартҳо ва шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ашёи хоми ҳайвоноту рустаниҳо ҳосилшаванда, тасдиқи усулҳои санҷиши  маҳсулоти  хӯрокворӣ  ва  номгӯи онҳоро дар объектҳои таҳти назораташ қарордошта амалӣ менамояд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

 Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхуҷа Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Файзулло Қосимӣ ва Сурайё Дӯстмуродзода пешниҳод шудааст.

Мақсад аз пешниҳоди он мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», тибқи талаботи моддаҳои 8, 40 ва 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Дар он оид ба иваз намудани калимаҳои «мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшаванда» ба калимаҳои «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар қисми 2 моддаи 3, моддаи 8, қисми 1 моддаи 9, қисми 2 моддаи 10 ва қисми 2 моддаи 17 ва мутобиқ намудани сархати бистуми қисми 1 моддаи 9 қонуни амалкунанда ба меъёрҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 таҳти №986 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Он расмиёти дохилиро гузаш­тааст. Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 13 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 10 таклиф қабул ва 3 таклиф қабул карда нашуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 20 апрели соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, он пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 13 ва 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

 Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» 2 августи соли 2011 таҳти №760 қабул гардида буд. Баъдан, 26 декабри соли 2011 таҳти №788 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар таҳрири нав қабул шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз он иборат аст, ки дар матни қонун калимаҳои «мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ» ва «мавзеъҳо» мувофиқан ба «ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «ҳудудҳо» иваз карда шаванд. Тағйироти мазкур қобили қабул мебошад, зеро мафҳуми «мавзеъ», агар як қитъаи муайянро ифода намояд, пас ифодаи «ҳудудҳо» шакли ҷамъи мавзеъҳоро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар сархати 20 — уми калимаҳои парма кардани чоҳҳои об ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба калимаҳои «истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои истифодашуда ба муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об» пешниҳод гардидааст.

Пешниҳоди кумита дар бораи ба лоиҳаи қонун ворид намудани ибораи «истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ» ба назар гирифта шудааст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Насиба СОДИҚӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, Рустам Шоҳмурод ва Муртазозода Ҷамшед бо мақсади зиёд намудани масъулияти падару модар дар баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати экологии фарзанд ва пешгирӣ намудани муносибати бераҳмона бо ҳайвонот, дар истифода намудани воситаҳои нақлиёт, инчунин, мутобиқ намудан ба талаботи техникаи қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, муқаррароти сархати нуздаҳуми моддаи 8 дар асоси моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», ки талабот барои гирифтани иҷозати идоракунии нақлиётро муқаррар менамояд, ба фарзанд барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва омадан ба муассисаи таълимӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд, пешниҳод мешавад. Қисмҳои 2 ва 3 иловашавандаи лоиҳаи қонунанд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ карда, ҷиҳати такмили он 7 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо қабул гардиданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 12 апрели соли 2022, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро баррасӣ ва онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

 Рустам ЛАТИФЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дуюми августи соли 2011 парламенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро, ки аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гашт, қабул намуд. Қонуни мазкур, воқеан, қонуни миллӣ гардида, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд ва он дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мавқеи махсусро пайдо кардааст.

Дар моддаи 8 қонуни мазкур нисбат ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд уҳдадориҳои муайян дар 29 сархат муқаррар шудаанд. Дар баробари ин, бо мақсади бештар намудани доираи фарогирии қонун доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати экологӣ, иҷозат надодан барои рондани воситаҳои нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва бо идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муассисаҳои таълимӣ омадани фарзандон тағйироти дахлдор пешниҳод гаштааст.

Масъалаи фарҳанг ва маърифати экологӣ ҳоло ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, тарбияи фарзанд дар ин самт ба баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, ҳифз ва нигоҳ дош­тани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, таҳрирҳои пешниҳодгардида нисбат ба муқаррароти сархати нуздаҳуми моддаи 8 қонуни амалкунанда бо мақсади мутобиқ сохтан ба қонунгузории соҳаи маориф пешниҳод гаштааст, ки он ба ҳифзи саломатӣ, риояи рафтору одоби таҳсилот, зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба донишомӯзӣ ва дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва хоксорӣ тарбия намудани фарзандон равона шудааст.

Аз номи субъектони ҳуқуқи ташаббуси мазкур қаблан барои дастгириатон ба шумо, вакилони гиромӣ, изҳори сипос менамоям ва боварӣ дорем, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба баланд гардидани эҳсоси масъулияти падарию модарӣ, тарбияи фарзандони бофарҳангу бомаърифат, инчунин пешрафти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ