Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 ҳамовозӣ намуда, ин иқдомро барои ҷавонони кишвар тақдирсоз унвон карданд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, ба ин муносибат дар сомонаи Маҷлиси намояндагон-«Parlament.tj» гӯшае таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон» кушода шуд. Хонандагон тавассути он метавонанд бо фаъолияти ҷавононе, ки дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон кор мекунанд, шинос гардида, савол ва фикру андешаҳояшонро ба унвони онҳо ирсол намоянд.
Кормандони ҷавони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан дар баробари дигар соҳаҳо ба дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001-2003», содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар ин замина таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998), баъди танаффуси сесола аз нав нашр шудани рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (23 феврали соли 1998), 23 майро эълон кардани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, доир гаштани фестивалҳои дӯстии ҷавонон шаҳодати тағйироти куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошанд.
Дарвоқеъ, ҷавонони кишвар аз вохӯриву мулоқотҳои бо Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузоргардида сабақи судманд гирифта, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат беш аз пеш фаъоланд, ки инро дар кору пайкори кормандони ҷавони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баръало ҳис кардан душвор нест.