Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти рақами 538 таҷлили Иди Меҳргон дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр карданд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Меҳргон таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, тоҷикон онро дар ҳама давру замон таҷлил мекарданд. Меҳргон дар эҷодиёти адибону олимон зиёд тараннум шудааст. Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Меҳргонро «Ҷашни шоҳону хусравон» хондааст.
Малико! Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол пайдоиши ин ҷашнро ба замони Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад:
Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.
Парастидани Меҳргондини ӯст,
Таносониву хӯрдан оини ӯст.
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!
Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст: «Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ҷашн монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Абӯрайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи сулолаи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад.
Аз нигоштаҳои адибон ва донишварон хулоса кардан мумкин аст, ки ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои муқаддаси гузаштагони мо маҳсуб меёфтааст. Чӣ тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ниёгонамон дар гузаштаи қадим солро ба ду давра тақсимбандӣ мекардаанд, ки онро дар тақвими авестоӣ метавон мушоҳида кард. Якеро тобистон {«ҳама=hama»} мегуфтанд ва дигареро зимистон {«зайама=zayama»} меномидаанд. Аз гуфтаҳои муаррихон маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон баъди истилои арабҳо ҳам дар байни мардум мақоми баландро соҳиб будааст ва мардум таваҷҷуҳи хос доштаанд.
Ҳоло бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, иди Меҳргон бо ҳама суннаташ таҷлил мегардад. Ҳар сол дар ин рӯз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, пешоҳангони соҳа аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Абдуҷаббор УМАРЗОДА,
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон