Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳидоят ба маърифатомӯзӣ

№8 (4428) 08.01.2022

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун анъана муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаро муайян намуд. Аз ҷумла, дар он, ки 21 — уми декабри соли 2021 ироа гардид, дар қатори ҳама қишри ҷомеа таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба ду табақаи ҷомеа, ки пояи маърифат дар фаъолияти онҳо устувор мебошад ва яке тухми маърифат мекораду дигаре аз он баҳра мебардорад, нигаронида шуд.

Тавре Сарвари давлат ёдрас шуданд, барои муассисаҳои миёна ва олии касбӣ 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Паси ин теъдод омӯзгорон аз пайи амали шоиста ҳастанд ва касби пурифтихори инсонофариро ба дӯш доранд.

Доир ба хусусиятҳои омӯзгор Абӯалӣ ибни Сино гуфта буд: «Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат». Ҳамчунин, омӯзгор аз лиҳози ҷисмонӣ бояд тандуруст бошад, то тавонад ба тавфиқ рисолати касбиро адо намояд. Зоҳири ӯ пок бошад, зеро толибилм дар симои ӯ идеалро мебинад. Аз лиҳози хусусияти ақливу илмӣ, омӯзгор бояд соҳиби хираду заковат бошад, донишу фаҳмиши ӯ хонандаро қаноатманд ва барои эҷодкориву офарандагӣ роҳбаладӣ карда тавонад. Хусусиятҳои ахлоқӣ барои омӯзгор аз муҳимтарин ҷузъиёт ба ҳисоб меравад. Агар, воқеан, ин хусусиятҳо дар фаъолияти ӯ дида шавад, дарси ӯ дарси зиндагӣ мешавад. Дастпарварони ӯ шахсиятҳои ҷомеасоз ва муваффақу пешрав ба воя расида, миллатро дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд.

 Сарвари давлат дар Паёмашон зикр намуданд, ки давлати мо бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Дар ин радиф ба масъулин дастур доданд, ки минбаъд таҳсили омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табииро дар донишгоҳҳо бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ монанд. Ин дастур омӯзгорони минбаъдаро муваззаф менамояд, ки ба дараҷаи сифоти касбии хеш хуб донистани забонҳои хориҷиро ворид карда, ҳанӯз аз курсии мактабӣ барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш намоянд.

Академик Б. Лихачев замоне гуфта буд: «омӯзгор бояд ҳунарманди (артисти) саҳнаи педагогӣ бошад». Замони муосир ва рушди технологияи ҷадид тақозо менамояд, ки омӯзгор бо технологияи муосир балад бошад. Бо вуҷуди дастовардҳои калидӣ, дар баъзе аз минтақаҳо ҳанӯз ҷараёни таълим дар дасти омӯзгорест, ки саводи кофӣ надорад, дарсаш пучу холӣ аст. Дар ин ҳолат наврас на дар хона ва на дар мактаб ба илмомӯзӣ ташвиқ карда намешавад. Тадриси беҳадаф ва холӣ аз иттилооти мушаххас бетаъсир ба шавқи хонанда мегузарад, ки наврас аз маърифат тиҳӣ назди волидон меравад ва дар он ҷо ҳам бардошти созгор намеёбад, дар натиҷа, мафкураи холии ӯро интернет бо маълумоти бештар пуч пур мекунад. Мо шоҳиди ҳолем, ки баъзе аз наврасону ҷавонон аз берабтӣ ва бенизомии таълиму тарбия тавассути сомонаҳо зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мондаанд.

Барои тарбияи насли ояндасози пешрафта дар кишвар ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Талош­ҳои Ҳукумати кишвар низ танҳо барои ояндаи шоистаи ҷавонон аст. Дар ҳамовозӣ ба таъкидҳои Президенти кишвар оид ба самти фаъолияти ҷавонон қайд кардан бамаврид аст, ки ин қишри ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеъ гирифтаанд. Таъсиси Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», ҳазорон ташаббуси дигар ва аз ҳама муҳим, ташкил ва баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ — «Тоҷикис­тон-ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» кафили саодати ҷавонону наврасон мебошад.

Хулоса ин аст, ки таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба илму касбомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим, ахлоқи ҳамидаву ҷавонмардӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштан ба фарҳангу суннатҳои миллӣ метавонад сипари боэътимоди пешгирии терроризму экстремизм гардад.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон