Сиву як сол аст, ки тоҷи заррини давлати соҳибистиқлоли мо бо рангу ҷилои хосааш ба дилу дидаи ҳар яки мо — соҳибватанон умеду рӯшанӣ бахшида, шуълаи ҳаётбахши он ба сарзамини биҳиштосо, ба кору зиндагӣ ва кошонаву манзили мо нуру зиё ва файзу ғановат ҳадя меорад.
Бо итминон метавон гуфт, ки сиву як соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиву як зинаи камолоти миллату давлат дар ҷодаи эҳё ва рушду нумӯи давлатдории миллӣ ва ҳам эъмори ҷомеаи демократӣ аҳамияти бузург дорад.
Давоми ин солҳо дар Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ва падидаҳои фараҳбахши рушду инкишофи ҷомеа дар ҳама ҷабҳа — чӣ иқтисоду сиёсат ва чӣ иҷтимоиёту фарҳанг амалӣ гардиданд. Ин равандҳо, албатта, ба густариши рӯзафзуни обрӯву нуфузи Ватани азизамон — Тоҷикистон ва болоравиии мақому эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ боис гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ба соҳаи маориф афзалият дода, рушду инкишофи онро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати худ эълон кардааст. Маорифро пояи асосии давлат шуморида, рисолати муҳими он, яъне тарбияи шахсияти маърифатноки насли наврасро ба хатти заррин навиштааст. Бале, вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф тарбияи насли босаводу илмнок аст. Ҳамон насле, ки иқболи наку дорад, ояндаи босаодати миллатро муаррифӣ хоҳад кард. Дар ин ҷода аз олимон, омӯзгорону мураббиён, тақозо шуда, ки дар донишандӯзии шогирдон, неруи зеҳнӣ ва қобилиятро босамар истифода баранд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, маърифатпарастӣ ва илмҷӯӣ тарбия намоянд. Зеро таҷриба исбот кардааст, ки донишу хирад неруи асосии инсоният ва давлату миллат аст ва дар ин радиф Пешвои миллат дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Хоса, дар замони пуртазоди имрӯза донишу хиради устувор сипарест бар муқобили чолишҳои равониву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, адабиву ахлоқӣ ва маҳз ҷавонони соҳибақлу соҳибфазл арзишҳои милливу фарҳангиро ҳифз менамоянд, худшиносиву худогоҳӣ, суботи ҷомеа, пойдории ваҳдату якпорчагӣ ва ҳаёти солимро пеша мекунанд. Танҳо тавассути хирад метавон неку бад, сафеду сиёҳ, хайру шарро шинохт ва нафъе ба ҷомеа расонд. Дар мавриди донишомӯзӣ Бенедикт Спиноза ҳам гуфтааст: «Ҳамин дониш аст, ки тавоноию озодӣ бахшида, саодати ҷовидонӣ низ маҳз дар донишандӯзӣ ва толиби лаззати ақлӣ будан аст».
Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонон имкониятҳои васеи фаъолиятро муҳайё намудааст, ки дар ҳама соҳа пешсаф бошанд. Таҳсилу омӯзиш дар мактабҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав, қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ, иштироки фарогир дар озмунҳои фаннӣ, ташкил ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва татбиқи садҳо барномаҳои давлатӣ дар самти таълими босифат ва тайёр намудани мутахассисони варзида танҳо ба хотири тарбия намудани насли сазовор мебошад, ки ояндаи давлату миллат ба онҳо вобастагии калидӣ дорад.
Тавассути ин барномаҳо аллакай ҷавонони саодатманди кишвар бо инкишофу навовариҳои илм ва таҳқиқи корҳои бузург саҳифаҳои таърихи истиқлолро пур карда истодаанду дар миёни ҷомеа талошу ҳаракат ба беҳбуди зиндагии хеш ва кишвар доранд. Моҳияти донишандӯзиву илмҷӯиро дарк намуда, мақому мартабаи устоду муаллим ва олиму зуфунунро ҳам соҳиб гаштаанд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ тарҳи муваффақе дар қисмати онҳо рехтааст. Ҷавобан ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон бояд гуфтаҳои зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор диҳанд: «Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст».
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон