9 феврали соли 2021 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) Сергей Поспелов мулоқот намуд, ки зимни он ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки имсол Тоҷикистон ваколатҳои раёсат дар созмонро аз Федератсияи Россия қабул карда, дар доираи он дар шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла ҷаласаи сайёри Шӯрои АП СААД, дар назар аст.
Дар мулоқот, ҳамчунин, боварӣ изҳор карда шуд, ки соли ҷорӣ вазъи эпидемиологӣ дар ҳама кишвари иштирокчии СААД муътадил гардида, имкони дар шакли муқаррарӣ гузаронидани чорабиниҳо фароҳам меояд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ