Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Имконияти навбатӣ ба интиқолдиҳандагони ватанӣ

№16 (4436) 05.02.2022

DSC_9756 копияДуюми феврали соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода  ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 12 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам, мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М. М.»

7. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х. У.»

8. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Усмонзода Х. У.»

9. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022»

10. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Раёсати таъмиру сохт­мони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва хӯроки умумӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

12. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ мекунем.

Аз рӯи масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманис­тон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» бо мақсади рушди ҳамлу нақл ва транзити бор тавассути ҳудуди кишварҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини интиқоли мунтазам ва бехатари борҳо таҳия гардида, ба содагардонии раванди интиқол ва транзити борҳо, инчунин, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ҳангоми интиқоли борҳо мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани кишварҳои Аврупо ва аз тариқи бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба монанди бандари Аббос ва дигар бандарҳои обии он кишвар амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ (яъне, ҳамлу нақли бор бо якчанд намуди нақлиёт) бо кишварҳои мутараққӣ имкон пайдо мегардад.

Интиқолдиҳандагони ватанӣ, тавассути роҳи оҳани Туркманистон асосан интиқоли борро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия анҷом медиҳанд. Дар робита ба ин, соли 2021 боркашонӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан бо Туркманистон 104,7 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 82,8 ҳазор тонна ё ин ки 5 маротиба зиёд гардидааст.

Вобаста ба ташкили интиқоли мултимодалӣ мехоҳам қайд намоям, ки байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Туркманистон масъалаи кушодани долони нақлиётии Туркманистон — Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Хитой ва баръакс мавриди коркард қарор гирифта, вохӯрии ҷонибҳо соли ҷорӣ дар назар аст. Ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва сипас тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой пешбинӣ гардидааст. Айни замон истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва пойгоҳи боркашонии он барои амалисозии ин ҳадафҳо шароити зарурӣ дорад.

Созишнома бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар, инчунин ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Қабули он маблағгузориро аз буҷети мамлакат талаб наменамояд. Қабули Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» — ро мувофиқи мақсад шуморида, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музафарҷон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Музафарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан 4 августи соли 2021 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифтани он ба баланд бардоштани сатҳи хизмат­расонии байналмилалии ҳамлу нақл, содирот, воридот ва транзити бор бо нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистону Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот миёни ҳар ду кишвар, бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Турк­манбошии Туркманистон тавассути баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани кишварҳои Аврупо, инчунин, барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.

Кумитаи масъул 20 январи соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони ҳама кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дода мешавад. Марҳамат.

Шермуҳаммад Шоҳиён:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул шуд. Он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ин масъала ба танзим медарорад.

Дастрасӣ ба иттилоот ин ба даст овардани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни номбурда мебошад. Баъд аз қабули қонуни мазкур зарурати такмили қонунгузории мурофиавӣ ба миён омадааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани  қонунгузории мурофиавии гражданӣ ба талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» таҳия карда шудааст.

Мақсади таҳияи он такмили қонунгузорӣ, бартараф кардани носаҳеҳӣ ва духӯрагии меъёрҳои қонунҳои моддию мурофиавӣ буда, ба хотири фароҳам овардани шароит оид ба таъмини принсипи конститутсионии ошкоро будани муҳокимаи судӣ, даст­расии ҷомеа ба фаъолияти судҳо ва кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ равона гардидааст. Ҳамчунин, лоиҳаи қонун баҳри таҳкими қонуният, беҳдошти кори сомонаҳои судӣ ва давра ба давра амалӣ намудани истеҳсолоти судии электронӣ нигаронида шудааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаҳои 11, 199 ва 234 Кодекси мурофиавии гражданӣ иловаҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, тибқи иловаҳои ба кодекс пешниҳодшуда, раисикунандаи мурофиаи судӣ баъд аз эълон кардани санади судӣ дар мавриди розӣ будани иштирокчиёни мурофиа, дар бораи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷойгир намудани ин ҳалномаро дар сомонаи суди дахлдор эълон менамояд. ­Масъалаҳои зикршуда дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешаванд.

Ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо принсипҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кории онҳо, сирри тиҷоратӣ, ҳуқуқҳои ташкилотҳо оид ба ҳифзи эътибори кории онҳо, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, манъи дахолат ба фаъолияти судҳо қатъиян риоя мегардад.

Ҳамчунин, санадҳои судии ба ин масъалаҳо дахлдошта, бинобар ҷой доштани асосҳое, ки дар моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» пешбинӣ шудааст ва дар сурати розӣ набудани иштирокчиёни мурофиаи судӣ, дар сомонаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор карда намешаванд. Интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» амалӣ карда мешаванд.

Такмили меъёрҳои мурофиавӣ, ки тартиби баррасӣ ва дар сомона нашр намудани санади судиро ба танзим медароранд, бамаврид буда, ин иловаҳо матни кодексро мукаммал менамоянд. Иловаҳо, ҳамчунин, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, манъи дахолат ба фаъолияти судҳо ва ҷиҳати дар таҷрибаи судӣ ба миён наомадани нофаҳмиҳо оид ба татбиқи дурусти қонунҳои амалкунанда равона гардидааст.

Лоиҳаи қонун ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раънохон Бобоҷониён дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар  бораи  ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон»     бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани иловаҳо мутобиқ намудани муқаррароти кодекс ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, манъи дахолат ба фаъолияти судҳо таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, ба қисми 7 моддаи 11 пас аз калимаҳои «шахсони иштирокчии мурофиа» калимаҳои «, намояндаи ташкилотҳо» илова карда мешаванд. Ҳамчунин, ба моддаи 199 қисми 3 иловаи зерин пас аз қабули лоиҳаи мазкур ва эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир карда шуда, дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад.

Илова бар он ба қисми 2 моддаи 234 сархати понздаҳум «дар бораи ҷойгир намудани ҳалнома дар сомонаи суди дахлдор ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ» илова карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи  соли 2022 таҳти №1001 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 6 адад пешниҳод манзур доштанд, ки  аз онҳо 4 — то қабул ва 2 — тои дигар қобили қабул дониста нашуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба бобҳои 2, 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»  ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, муҳтарам вакилон, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Шояд савол ба миён ояд, ки чаро ин тағйирот панҷ сол пеш ворид карда нашуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аст. Вақте ки муносибатҳо бо ин созмонҳо ­шакл мегиранд, муносибат ба мардум низ бояд дар ин доира шакл гирад. Ин як роҳи демократӣ кардани қонунгузорӣ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дода мешавад. Марҳамат.

Шермуҳаммад ШОҲИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Мақсади таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун аз такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бартараф кардани носаҳеҳӣ ва духӯрагии меъёрҳои қонунҳои моддию мурофиавӣ ва қонунгузории соҳавӣ иборат буда, бо мақсади фароҳам овардани шароит оиди дастрасии ҷомеа ба фаъолияти судҳо равона гардидааст.

Дар асоси лоиҳаи қонуни номбурда ба моддаҳои 138 ва 144 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иловаҳо ворид карда мешаванд.

Тибқи иловаҳои ба кодекси мазкур пешниҳодшуда, раисикунандаи мурофиаи судӣ баъд аз эълон кардани санади судӣ дар мавриди розӣ будани иштирокчиёни мурофиа, дар бораи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷойгир намудани қарорро дар сомонаи суди дахлдор эълон менамояд. Ин масъала дар протоколи маҷлиси судӣ сабт карда мешавад.

Интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» амалӣ карда мешаванд.

Такмили меъёрҳои мурофиавӣ, ки тартиби баррасӣ ва масъалаи дар сомонаи суд ҷойгир намудани қарорро ба танзим медароранд, бамаврид буда, иловаҳо матни ко­дексро мукаммал менамоянд. Меъёрҳои иловашаванда, ҳамчунин, бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва таъмини усули ошкоро ва шаффоф будани фаъолияти мақомоти судӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст. Он бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» таҳия шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодгардида, дар қисми 2 моддаи 138 ва моддаи 144 — и кодекси амалкунанда, ки моддаҳои зикршуда масъалаҳои протоколи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба маълумоти аҳли ҷомеа расонидани қарори таъини ҷазои маъмуриро танзим менамоянд, тағйиру иловаҳои дахлдор  ворид мегарданд, ки  минбаъд пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ розигии тарафҳо дар бораи ҷойгир намудани он дар сомонаи суди дахлдор пурсида шуда, дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда мешавад.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ карда, дар маҷмӯъ 10 пешниҳод манзур намуданд, ки баҳри такмили он истифода шуданд.

Лоиҳаи қонун ба бобҳои 2 ва 8 — и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5 — и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дода мешавад. Марҳамат.

Шермуҳаммад ШОҲИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» таҳия шудааст.

Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, муқаррар намудани принсипи ба таври ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ, сари вақт ва холисона ба ҷомеа расонидани маълумот дар бораи фаъолияти судҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва яке аз воситаҳои таъмини боварии шаҳрвандон нисбат ба мақомоти судӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи лоиҳаи қонун, ба моддаҳои 293 ва 348 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ иловаҳо пешниҳод гардиданд. Тавре аз онҳо бармеояд, раисикунандаи мурофиаи судӣ баъд аз эълон кардани санади судӣ, дар мавриди розӣ будани иштирокчиёни мурофиа, дар бораи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷойгир намудани ҳукмро дар сомонаи суди дахлдор эълон менамояд. Доир ба масъала дар протоколи маҷлиси судӣ низ сабт мегардад.

Ҳамчунин, муқаррар гардидааст, ки ҳангоми дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо принсипҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва манъи дахолат ба фаъолияти судҳо қатъиян риоя карда мешавад. Дар ин маврид санадҳои судӣ бинобар ҷой доштани асосҳое, ки дар моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» пешбинӣ карда шудааст, дар сурати розӣ набудани иштирокчиёни мурофиа, дар сомонаҳо интишор карда намешаванд.

Нашри матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» сурат мегирад.

Лоиҳаи қонуни зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии ворид намудани иловаҳо мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», инчунин, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ мебошад.

Тибқи лоиҳа, ба қисми 3 моддаи 293 сархати шонздаҳум бо мазмуни зерин, яъне ҳангоми мавҷуд будани розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ, ҳукми суд дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир карда мешавад, илова мегардад.

Инчунин, ба моддаи 348 қисми 4 бо мазмуни зерин «Баъд аз эълон кардани ҳукм раисикунанда бо розигии иштирокчиёни мурофиаи судӣ масъалаи дар сомонаи суди дахлдор ҷойгир намудани ҳукмро пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он ҳал менамояд ва дар ин хусус дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда мешавад» илова мегардад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки иловаи мазкур шаҳодати амалишавии принсипи ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба шумор меравад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи  соли 2022 таҳти № 999 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамчунин, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 10 пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 7-то қабул, 3 — то рад шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба бобҳои 2 ва 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва моддаҳои 4, 15 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», бинобар сабаби таҷдиди сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, яъне, аз сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидани Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2020 таҳти №272 таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ, ба ваколати Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ додани як қатор ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ пешбинӣ гардида ҷиҳати аз байн бурдани ихтилофот байни меъёрҳои алоҳида, аз ҷумла дар принсипҳои «масъулияти изҳоршуда» ва «маъқулдонии худ аз худ», ки бевосита ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ вобастагӣ дорад, зарурати ворид намудани тағйирот ба қисми 2 моддаи 14 ва қисми 3 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба миён омадааст.

Тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 14 ва қисми 3 моддаи 16 Қонуни амалкунанда, меъёри принсипҳои мазкур айни замон ба ваколати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вогузор шудааст. Бинобар ин, баҳри аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва такрори ваколатҳо байни Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур таҳия шудааст.

Татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид  ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.

 Сарвиноз МАҶИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

 Он бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва ихтилофот байни меъёрҳои алоҳидаи қисми 2 моддаи 14 ва қисми 3 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»  таҳия шудааст.

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани   тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тибқи тартиби муқарраргардида таҳия шуда буд, ки он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва  барои ҷонибдорӣ ба  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 3 адад пешниҳоди хусусияти техникиву таҳриридошта манзур намуданд, ки онҳо  пазироӣ гардиданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба  баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон озод намудани Ёқубзода М. М.» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М. М.» — ро қироат менамояд:

- «Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон  медиҳам:

1. Ёқубзода Мирҳаёт Миробид аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 26 январи соли 2022, № 326».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Ёқубзода М.М» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х. У.» шурӯъ менамоем. Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Х.У.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Усмонзода Х. У.» шурӯъ менамоем.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Усмонзода Х.У.» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд, Усмонзода Хайриддин Усмон ҳамчун вакил дар самти намояндагӣ, рушди қонунгузорӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ фаъолияти пурсамар ва хизматҳои шоён анҷом додаанд. Итминон дорем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи навбатии пурмасъул ва серталаб низ сарбаландона баромада, ҳамкориҳоро бо мо идома медиҳанд.

Акнун ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум», ки бо Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 таҳти №95 тасдиқ шудааст, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолият ва муносибати рӯзномаро бо мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян менамояд.

Манбаи маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум»-ро маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ташкил медиҳанд, ки ин муносибатҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» амалӣ карда мешаванд.

Мувофиқи талаботи банди 33 Оинномаи Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» Маҷлиси намояндагон сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти редаксияи рӯзномаро барои соли навбатии молиявӣ, аз ҷумла соли 2022, бо қабули қарори дахлдор тасдиқ менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022» дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ таҳия гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи  рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори раиси ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 1996 таҳти №39 таъсис дода шуда, ҳуҷҷатҳои он ба талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқ намебошанд.

Раёсати таъмиру сохтмонӣ дар давоми фаъолият то имрӯз дар назди давлат уҳдадориҳои қарзҳои андозӣ дорад, ки сол ба сол ҷаримаҳои он зиёд гардида, ба самаранокии ­фаъолияташ таъсири манфӣ мерасонад

Вобаста ба гуфтаҳои боло ва риояи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад. Лоиҳаи қарори мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қарор «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Раёсати таъмиру сохтмони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва хӯроки умумӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва хӯроки умумӣ» — и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, манзур мегардад.

Мутобиқи моддаи 64 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагон соҳиби молу мулке мебошад, ки дар тавозуни Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахшҳои тобеи онҳо қарор дорад, аз ин молу мулк истифода мебарад ва ба он ихтиёрдорӣ мекунад.

Сохтори таъсисшаванда  муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим, назорати савдо ва хизмат­расонии маишӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ амалӣ мегардонад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва хӯроки умумӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» дар асоси моддаҳои 52, 124 — 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода мешавад.

Лоиҳаи баррасишаванда ба талаботи санадҳои қонунгузории мамлакат мутобиқ буда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва хӯроки умумӣ» — и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода дода мешавад. Марҳамат.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ» — и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ  пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи қарори раиси ноҳияи Ҳисор аз 16 июли соли 2001 таҳти №215 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 гектар замини кишоварзии ноҳияи Ҳисор бе муҳлат барои ташкили хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ барои истеҳсол, коркард ва тайёр намудани маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо гардидааст.

Мутобиқи моддаҳои 65 ва 75 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ заминҳои таъиноти  кишоварзӣ барои пешбурди «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ» ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини кормандону хизматчиёни идораву муассисаҳо дода мешавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ташкили дурусти кори хоҷагӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолият таҳия шуда, он бо қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси додани хоҷагӣ, ташкил карда мешавад.

Лоиҳаи баррасишаванда ба талаботи санадҳои қонунгузории мамлакат мутобиқ буда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ»-и Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Маҳмудҷон УСМОНОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

 Суратгир Неъматулло АЛИЕВ