Муҳокимаи парламентӣ

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: Мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_1114Муҳокимаи парламентие, ки 28 майи соли равон дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 1 марти соли 2021 таҳти №207 доир гардид, ба мавзӯи «Асос­ҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» бахшида шуд.

Он таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуда, ҳайати кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, муовинон ва узви кумитаҳои марбутаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, роҳбарону масъулони як қатор вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор, намояндаҳои воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.

Тибқи рӯзнома иштирокчиён аз хусуси сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии татбиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар, вазъи риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳимояи рақобат, таъмини рақобати солим, муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози ақида намуданд.

Зикр гардид, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда ва рақобат ҳамчун институти ҳуқуқии мураккаб бо аксар соҳаи ҳуқуқ робитаи ногусастанӣ дошта, муносибати ба онҳо вобаста бо теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Дар ин замина, ба хотири таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон вазъи сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин, тадбирҳои таъмини рақобати озод дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, бо муайян кардани мушкилоти мавҷуда ва пайгирии роҳҳои ҳаллу фасли онҳо, зарурати тасҳеҳу такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, таҳияи барномаву тадбирҳои иловагӣ ва роҳандозии иҷрои онҳо таъкид карда шуданд.

Зикр гардид, ки дар шароити ташаккул­ёбии ҷомеаи рақамӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар масъулони вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, таъмини бозори дохилӣ бо молу масолеҳи босифат, тақвият бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи ҳозира, огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, такмили фаъолият дар самти таъмини рақобати солим дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, равона намояд.

Дар хотима, аз рӯйимасоили баррасишуда тавсияҳо қабул гардиданд.

Ш. Атобуллоев,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев