Инкишофи қонунгузорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ

№112 (4695) 12.09.2023

IMG_8680Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1990 эълон намуд, ки давлати демократии ҳуқуқбун­ёд барпо менамояд ва ин арзишҳои ҳуқуқӣ дар Эъломияи Истиқлолияти Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 1990 муқаррар карда шуд. Бо назардошти эъломияи мазкур 9-уми сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор қабул намуд. Дар қарор ба мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қонунҳоро, ки ба таъмини ҳуқуқии истиқлолияти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, таҳия намоянд.

Дар натиҷа, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳила ба марҳила ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия ва қабул карда шуданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки аз бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ин ба тариқи раъй­пурсии умумихалқӣ аз 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва қабули он водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Пас аз қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани моҳияти демократии Тоҷикис­тони соҳибистиқлол қадамҳои устувор гузошта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ташаккули давлати демократию ҳуқуқ­бунёд, қабл аз ҳама, ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, ба талаботи воқеии шаҳрвандон ва ниёзи аҳли ҷомеа ҷавобгӯ мебошад. Дар ин муддат қонунҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул карда шуданд. Дар қисме аз санадҳои қонунгузории қабулгардида баръало номувофиқатӣ мушоҳида карда мешуд. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бори аввал 13-уми ноябри соли 1998, маротибаи дуюм 8-уми декабри соли 2003 ва маротибаи сеюм 26-уми марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қабул гардида, ҳар яке аз онҳо, дар маҷмӯъ, дар ташаккул ва рушди қонунгузории мамлакат, баланд гардидани сифати қонунҳо саҳми муносиб гузошта, рисолати таърихии ­худро иҷро намуданд. Маротибаи чорум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (аз 30-юми майи соли 2017) дар таҳрири нав қабул шуд.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъо­лияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим менамояд ва принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.

Бо мақсади рушди давлатдории миллӣ, таъмини пойдорию оромии давлат, сулҳу субот ва ваҳдат, рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тараққии низоми комилан нави ҷамъиятӣ, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллан ҷадид дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, такмил додани асос­ҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди падидаҳои Президент ва парламент, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати онҳо, се маротиба — 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ворид­гардида меъёрҳои Конститутсияро такмил дода, тибқи он, ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардида, инчунин, ­тағйиру иловаҳои воридгардида барои таҳкиму ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд. Махсусан, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои ба ­Конститутсияи мамлакат (аз 22-юми майи соли 2016) ворид­гардида қонунгузории ҷумҳурӣ такмил дода шуда, ин раванд то ҳол идома дорад.

Яке аз дастовардҳои дигари даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин қабул гардидани қонунҳои сирф миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 8-уми июни соли 2007) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 2-юми августи соли 2011) мебошанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ҳуқуқӣ ва низоми қонунгузории мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиё­датӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва маънавии шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонад, қабул гардид. Бешубҳа, қонуни мазкур дар беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии аҳолии мамлакат, пешгирии хароҷоти беҳудаю намоишкорона, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва низоми қонунгузорӣ саҳми беназир дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандон қабул шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар вазъияти зудтағйир­ёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир барои мамлакат ҳаётан муҳим буда, падару модаронро масъулу вазифадор менамояд, ки барои таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва назорати онҳо чораҳои мақсадноку зарурӣ андешанд.

Яке аз падидаҳои нави даврони истиқлолияти давлатӣ, ки ба рушду инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиррасонанд, ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мебошанд, ки ҳар сол дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд. Дар замина ва барои иҷро намудани талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат (солҳои 2000-2022) санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд, аз қабили қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Инчунин, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо барои беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолии кишвар, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, адолати иҷтимоӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва инкишофи қонунгузорӣ равона шудаанд.

Илова бар ин, дар асос ва барои иҷрои талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд ва қабул мешаванд, ки онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо муҳим мегузоранд.

Дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар мамлакат бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии кишвар, фаъо­лияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро тасдиқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро дар ин самт таҳия ва қабул намудааст. Чунончи, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиё­сӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва ғайра буда, барои татбиқи онҳо чораҳои амалӣ меандешад. Инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20-уми марти соли 2008), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (аз 18-уми марти соли 2015), «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (аз 1-уми марти соли 2005), «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (аз 19-уми марти соли 2013), «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19-уми июли соли 2022) ва ғайра қабул шудаанд.

Дар баробари ин, дар мамлакат ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти ҳуқуқи инсон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, аз ҷумла «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» (аз 3-юми майи соли 2014), Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2-юми июли соли 2015), «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» (аз 27-уми ноябри соли 2019), «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» (аз 30-юми июли соли 2020), «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» (аз 30-юми июли соли 2021), «Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027» (аз 30-юми июни соли 2023) ва амсоли инҳо.

Бояд ёдрас шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 5-уми августи соли 2023 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» тасдиқ гардид, ки ин иқдоми навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат ба шумор меравад. Стратегияи зикршуда нақшаҳои миллии мавҷудаи марбут ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид доир ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум намуда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил мебахшад.

Ҳамин тавр, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида барои рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими истиқлолият ва ғайра нигаронида шуда, маҷмӯан ба инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳиб­истиқлол мусоидат менамоянд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ