Рӯзи Модар идест, ки бо шарофати он сухан аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан — Модар садо медиҳад. Агар аз рӯи мантиқ назар намоем, асли ин ҳама сифат дар тинати поки модар маҳфуз мебошад. Чунин аст, ки исми муқаддаси модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият қарор гирифтааст.
Ҳар як фарзанди хирадманду солеҳ низ дар зиндагӣ боргоҳи ибрат дорад, ки он ҷойгоҳи поку муқаддаси модар ва мактаби зиндагии ӯ мебошад.
Ҳеҷ боғчаву мактаб, ҳеҷ донишкадаву донишгоҳ ва ҳеҷ академияи бузурги ҷаҳон мисли мактаби зиндагии модар барои фарзанд таъсиргузор нест. Зеро мо аз аллаи ширини модар забони миллӣ, аз панди накуи ӯ асолату ғурури миллӣ, шарафу ҳувияти миллӣ ва инсони комил буданро меомӯзем. Модар моро рӯи домони намозӣ гирифта, бо шири сафед бузург мекунад ва пок зистанро талқин месозад.
Равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии ҷаҳон нишон медиҳанд, ки мову шумо дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Зеро бархӯрдҳои қудратмандони олам сайёраи Заминро дар ростои таҳаввулоти бузург қарор дода, ҳар замон сухан аз манофеи сиёсию иқтисодӣ, сохтусози муҳимоти ҳарбӣ ва хатарҳои ҷангҳои навбатӣ меравад. Бо итминони комил мегӯям, ки ин бархӯрду талошҳои ҷангсолорӣ ҳамеша аз иродаву хостаҳои модарон берун аст.
Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи офаранда — Зан — Модар таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, давлати миллӣ дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гардидааст. Аз ин рӯ, занон масъулияти баланди миллию шаҳрвандӣ дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳмгузоранд.
Барои миллати тоҷик оила ва тарбияи фарзанд мақоми волову муқаддас дорад. Қаблан барои ҳифзи оилаи ҷавон ҳам падару модар ва ҳам ҷавонон талош менамуданд, то солимию пойдории зиндагии муштарак ҳифз шавад. Таъсири таблиғоти бегонагон ва бетаваҷҷуҳию бетарафии насли калонсол аст, ки ҳоло дар кишвар оилаҳои зиёд пош мехӯранд. Табиист, ки аз ин тарзи муносибат кӯдакон низ зарбаи равонӣ гирифта, дар оянда аз онҳо оилаҳои солим ба вуҷуд намеоянд.
Ҷоди Пикол дар сифати модар гуфтааст: «Модар шудан на танҳо таваллуд кардан, балки инсон офаридан аст».
Василий Ключевский фармудааст, ки «Ҳеҷ чизе муқаддас ва беназиртар аз муҳаббати модарӣ вуҷуд надорад». Ё ин ки Чарл Паддок гуфтааст: «Ҳеҷ неруе наметавонад пеши муҳаббати модариро бигирад».
Ҷойгоҳи модар дар адабиёти тоҷик низ мақоми хос дорад. Шоирону нависандагон бо ҳар шеваву сабк талош намудаанд, ки сифатҳои беназири модаронро тасвир намоянд. Ҳар як сифати модар манбаи илҳому эҷоди адибони тоҷик аст. Аз ҷумла, дар мисраъҳои зерин лаззати даврони кӯдакии инсон, ки бо муҳаббати модар пайванд аст, тасвир шудааст:
Дерест, маро фикр бад — ин банд бувад,
Дӯкони ҷаҳон чаро пур аз фанд бувад?
Қанди кафат аз куҷо харидӣ, модар?
Ҳар қанд, ки мехӯрам, на он қанд бувад.
Рӯзи Модар ҷашнест, ки ба қадршиносӣ аз ранҷу заҳмат ва фидокориҳо барпо шудааст. Зеро зинати хонадон, осоиши рӯҳу ҷон, танзими кори ҳар як мард аз заҳмати занон тартиб мегирад. Яъне, ба ҳар самте назар намоем, мақом, манзалат ва нақши ангуштони мубораку ранҷдидаи занонро эҳсос мекунем. Хусусан, агар ба таҷрибаи кори Маҷлиси намояндагон назар намоем, ягон қарору қонун ё санад нест, ки саҳми бонувон дар он набошад. Бинобар ин, бонувони заҳматпешаи Ватанро ба ин санаи муборак табрик намуда, ба онҳо саодати рӯзгор, зиндагии поку гуворо ва зеботарин лаҳзаҳои умрро таманно мекунем.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон