Интернети босуръат

№154 (4737) 25.12.2023

Барои дастрасӣ ба он кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

DSC_5919Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло дар мавзӯи «Интернети босуръат ва дастрас» суҳбати гирди миз баргузор шуд, ки дар он намояндагони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мухобиротии кишвар иштирок доштанд.

Хайрулло Амонулло зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли гузашта, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор доштанд, ки «Рушди соҳаи алоқа, бахусус таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологию инноватсионӣ, зарур мебошад».

- Президенти мамлакат, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар соҳа, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст, Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда муваззаф гардиданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд. Пас аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон ба вуҷудомада, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми апрели соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. Боварӣ дорем, ки қонуни мазкур барои тақвияту тавсеаи фаъолият дар рушди соҳаи мазкур нақши бориз мегузорад, — зикр кард номбурда.

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев доир ба тадбирҳои андешидаи хадамоти мазкур маълумоти муфассал дод.

- То аввали моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби операторони алоқаи мобилӣ дар кишвар иловатан 1054 истгоҳи базавии алоқаи мобилӣ фаъол шуд. Тамоми пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ аз тариқи кабели нахию нурӣ пайваст гардида, аз иқтидор ва зарфияти зиёди техникӣ бархӯрдор буда, метавонанд суръати дастрасӣ ба шабакаи интернетро на камтар аз 30-32Мб/с барои ҳар як истифодабаранда таъмин намуда, ба беҳтар намудани сатҳи сифати хизматрасонӣ ва арзон намудани арзиши он мусоидат намоянд. Ҳамчунин, бо афзоиши иқтидор ва зарфияти техникии шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва алоқаи собит, тарофаҳо бозбинӣ гардида, арзиши миёнаи онҳо коҳиш ёфта, аз ҷониби провайдерони ватанӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон бештар аз 500,5 км кабели нурию нахӣ ва таҷҳизоти муосири рақамӣ бо мақсади бунёди шабакаҳои GPON-«Gigabit Passive Optical Network» -«Шабакаи пассивии оптикии гигабит» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст ва кӯҳис­тонӣ, насб шуд, — гуфт Илҳом Атоев.

Маълум гардид, ки мутобиқи нақша барои солҳои 2024-2028, иловатан 7,6 ҳазор маҷмӯъ таҷҳизоти истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Комрон Исмоилиён доир ба пайдоиши интернет ва нақши он дар рушди ҷомеа изҳор дошт, ки пас аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин намудани интернети баландсуръат ва дастрас Тоҷикистон марҳилаи се — чорсолаи дастёбӣ ба чунин дастовардҳоро дар як сол тай намуд.

- 10 — уми майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми ноябри соли 2003 «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 — юми декабри соли 2004 «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуданд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур заминаҳои ҳуқуқии ташкил, амалигардӣ ва рушди соҳаро асос гузошта, имконият фароҳам оварданд, ки ба сармоя ва технологияҳои замонавӣ ворид гарданд, — зикр кард Комрон Исмоилиён ва афзуд, ки беш аз 40 дарсади аҳолии кишвар истифодабарандаи интернет мебошанд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 30 санади меъёрии байналмилалӣ ба имзо расид, ки татбиқи онҳо низ аз сатҳу сифати хизматрасонии интернетӣ вобастагӣ дорад.

Комрон Исмоилиён самаранок ба роҳ мондани омӯзиши мутахассисони соҳа ва ҷалби кадрҳои баландихтисос, пеш аз гузаронидани корҳои профилактикӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва паёмакҳо огоҳонидани муштариён, баланд бардоштани сатҳи касбияту муоширати кормандони марказҳои тамоси операторон, пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ баҳри ҳавасманднамоии операторону провайдеронро аз тадбирҳое арзёбӣ кард, ки бояд  мадди назар бошанд.

Дар чорабинӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин савол дода, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолият пешниҳодҳояшонро манзур намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»