16 — уми майи соли 2023 ҳайати парлумонии мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар шаҳри Боку иштирок намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода ба раиси Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова барои даъват ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, аз ҷумла, чунин гуфт: «Барои ман шарафи бузург аст, ки ба вакилони парлумон ва тамоми мардуми бародари Озарбойҷон табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 100- солагии Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев мерасонам».
Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагон номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд.
Зикр шуд, ки фаъолияти пурсамар Ҳайдар Алиевро дар кишвар ва берун аз он сазовори эҳтироми умум ва обрӯю эътибори шоиста гардонид.
Бо итминон метавон гуфт, ки падидаи бисёрҷанбаи Ҳайдар Алиевич ҳамчун сарвар, пеш аз ҳама, дар сифатҳои барҷастаи идоракунӣ, тавонмандии қавии зеҳниву қобилияти самарабахши меҳнатӣ, дар саъю кӯшиши қиёснашаванда барои саодатмандии халқу давлаташ, дар муносибати мушфиқона нисбат ба одамон ҳувайдо аст.
100 — солагии номбурда ҷашни фархунда ва таҷассумгари тантанаи ақлу хирад, ваҳдату ягонагии халқи Озарбойҷон аст, ки бо сарварии пешвои худ тавонистанд ба аҳли олам исбот кунанд, ки халқи куҳанбунёд сазовори давлатдории худ буда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои он ба муваффақият ноил гардидааст.
Падидаи сарварии Ҳайдар Алиевич дар таҳкими пайвастаи нуфузи Озарбойҷони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамаҷониба зоҳир гардид.
Дӯстӣ ва заҳматҳои чандинсолаи муштараки ин фарзанди барҷастаи халқи Озарбойҷон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикӣ рушд меёбанд, месазад махсус қайд кард.
Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории таърихӣ бо Озарбойҷонро, ки ба эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунад.
Имсол сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки натиҷаи он дар солномаи муосири муносибатҳои байни кишварҳоямон саҳифаи нав кушод.
Зимни ин сафар, муҳтарам Илҳом Алиев аз ҷумла, чунин гуфтанд: «Мехоҳам ба Президенти Тоҷикистон барои муносибати нек нисбат ба хотираи падарам Ҳайдар Алиев, ки ҳамроҳ бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ташаккули муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон истода буданд ва онҳо ба ин муносибатҳо асос гузоштаанд, изҳори сипос намоям.
Солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон ва ҳам дар Озарбойҷон ҷанги шаҳрвандӣ рух дод.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ҳайдар Алиев ҳар кадом дар кишвари худ тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад ва кишварҳои мо ба роҳи рушд гузаранд. Хушбахтона, муваффақ шуданд».
- Дар хотима мехоҳам бори дигар таманниёти беҳтарини худро ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми Озарбойҷон ба ифтихори 100 — солагии Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев изҳор дорам,- гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон