Якуми июни соли 2021 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дуюмин ҷаласаи конфронси Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар мавзӯи «Мусоидат ба шарикии байнипарлумонӣ баҳри ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гашт, ки дар он ҳайати парлумони мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат варзид.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар баргузор гардид, ҳисоботи натиҷаҳои якумин конфронси Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ шунида шуда, оиннома ва дастурамали фаъолияти Ассамблея, инчунин, макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи СҲИ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз баргузории дуюмин ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар изҳори миннатдорӣ намуд.
- Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои созмонро, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, — муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд ба ҳам мепайвандад. Масъалаи таҳкими муносибатҳо бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дошта, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳким ва самарабахш ба роҳ мондани муносибатҳои байнипарлумонӣ бо кишварҳои аъзо гурӯҳҳои дӯстӣ таъсис додааст. Қобили зикр аст, ки дар баробари таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо ташаббуси кишвари дӯст — Покистон арзи ҳастӣ намуд, кишварҳои аъзои он имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро пайдо намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи муносибатҳои кишварҳои аъзои АП СҲИ ва созишномаҳои қабулшуда лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, саноат ва кишоварзӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод зимни баргузории 13-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ санади дахлдор қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти СҲИ-ро дар солҳои наздик дар бар мегирад.
- Боиси ёдоварист, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 13-умин Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки якуми марти соли 2017 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон аз фаъолияти СҲИ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки ба шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфта, ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳои аъзо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Натиҷаи чунин талошҳо буд, ки як қатор барномаҳои муҳими инфрасохторӣ татбиқ гардида, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ густариш ёфтанд. Инчунин, ҳиссаи кишварҳои аъзои СҲИ дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, ҷойгоҳи хоса пайдо намуд, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, гуфт, ки самтҳои муайяннамудаи Ассамблеяи парлумонии СҲИ заминаи мусоид барои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишварҳои аъзо буда, мусоидати парлумонҳои кишварҳои аъзои СҲИ — ро таҳкимбахши муносибатҳои минтақавӣ меҳисобад.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ориф Алвӣ, ки дар ҷаласа иштирок дошт, баргузории онро омили муҳим барои таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзои Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ кард.
Дуюмин ҷаласаи конфронси Ассамблеяи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дуюми июн ба корро идома дод. Ҳайати парлумонии кишвар таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар он иштирок доштанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад гуфт, ки тақвият бахшидани равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди кооператсияи саноатӣ дар байни кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда, дар ин замина ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатҳо – коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Ӯ афзуд, ки дар сохтори содироти ҷумҳурӣ ба кишварҳои минтақа асосан неруи барқ, алюминий ва нахи пахта бартарият дошта, воридот аз кишварҳои минтақа бошад, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, гази табиӣ, ғалладона ва маҳсулоти ғизоиро дар бар мегирад.
Зикр шуд, ки феълан робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар дохили минтақа танҳо бо амалиёти содиротиву воридотӣ маҳдуд мебошад. Дигар шаклу усулҳои ҳамкории мутақобилан судманд, аз қабили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани кооператсияи илмиву истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва имкониятҳои дигари густариши тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳанӯз ҳам беҳбудиро мехоҳад. Дар робита ба ин, аз парлумонҳои кишварҳои аъзо тақозо гардид, ки барои иҷрои созишномаҳои қабулгардида мусоидат намоянд.
- Маврид ба зикр аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баимзорасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои рушди тиҷорат ҳамчун унсури асосии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар идома зикр шуд, ки танҳо дар асоси ташкили ҳудуди ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии зичи дохилиминтақавӣ метавон рушди устувори иқтисодиро таъмин намуд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати самтҳои муҳимтарини ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ масъалаҳои ташкили низоми мукаммали транзитию нақлиётӣ, содагардонии расмиёти тиҷорат, рушди савдои наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обиву энергетикӣ, ташаккули системаи ягонаи энергетикӣ ва гардишу мубодилоти озоди молҳо ва қувваи кориро пешниҳод намуда, дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо нақши парлумонҳои кишварҳои аъзоро муҳим арзёбӣ менамояд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Ба назари мо, яке аз роҳҳои амалӣ намудани барномаҳои самараноки иқтисодӣ ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва фаъолияти самараноки онҳо мебошад. Аксари кишварҳои Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд. Намунаи мисол, феълан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар онҳо барои фаъолияти шарикони имконпазири хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқию сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои барқароршаванда, хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳоло дар кишвар панҷ фоизи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаваду халос. Захираҳои солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. квт/соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз талаботи ҳозираи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ се баробар зиёд аст.
Инчунин, таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он манфиатдор аст, ки Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии неруи барқ устуворӣ зоҳир намуда, дар масъалаҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи ин лоиҳаҳо мусоидат намояд. Зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.
Сипас, аз рӯи масъалаи баррасишуда миёни роҳбарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар иштирокдорони конфронс баромаду муҳокимарониҳои судманд сурат гирифта, қарорҳо қабул карда шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳамчунин, бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ва бо Раиси Маҷлиси Бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Сентоп мулоқот намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон