Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 55-уми пленарии АБ ИДМ

№54 (4637) 18.04.2023

32143Чордаҳуми апрели соли равон таҳти раёсати Раиси ­Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷаласаи 55-уми пленарии АБ ИДМ баргузор гардид. 

Дар он 21 масъала, аз ҷумла  қонунҳои намунавӣ «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи истеҳсолот ва истеъмол», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати расмии парламентии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар он иштирок намуданд.

32187Маҳмадтоир Зокирзода аҳамияти қонунҳои намунавӣ «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ»-ро махсус таъкид карда, иброз дошт, ки онҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва заминаи амалиёти муштараки кишварҳо дар соҳаҳои мавриди назар мусоидат хоҳанд кард.

- Бо назардошти аҳамияти масъалаҳои экологӣ, сиёсати кунунии Тоҷикис­тон дар ин самт ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла таъмини устувории экологӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба оқибатҳои он, нигаронида шудааст, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода ва ёдовар шуд: — Тоҷикистон беш аз бист сол боз масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлимро, дар рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад. Дар ин муддат бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об 9 қатънома қабул кард ва тат­биқи онҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои мувофиқашудаи глобалӣ дар соҳаи об заминаи муносиб фароҳам овард.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабзода дар бораи қонунҳои намунавии «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо», таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи уҳдадориҳои вобаста ба расонидани зарар» маърӯза намуд.

Дар ҷаласаи зикршуда раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фарҳод Раҳимӣ ва Маҳмадшоҳ Гулзода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саид­мурод Фаттоҳзода, Рустам Шоҳмурод, Равшан Раҷабзода ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон