Иштироки Дилрабо Мансурӣ дар форуми байналмилалии занон ва об

№70 (4490) 09.06.2022

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ 7 июни соли 2022 зимни иштирок дар Форуми байналмилалии занон ва об дар мавзӯи «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: Об моро муттаҳид мекунад» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» иброз дошт, ки Тоҷикистон дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об кӯшиши зиёд ба харҷ дода, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об саҳми арзишманд дорад.

Форум бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд баргузор гардида, дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, хусусиву байналмилалӣ, инчунин, вакилони парлумони кишвар иштирок намуданд.

- Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» барои солҳои 2018 — 2028»-ро қабул намуд, ки дар доираи он, кишвари мо чанд маротиба мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими об гардидааст, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.