Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷаласаи АП СААД

№149 (4889) 12.12.2024

ОДКБ (2)10-уми декабри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи муштараки Шурои Ассам­блеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.

 Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои узви СААД дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, инчунин, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдид­ҳои амниятӣ дар соҳаи масъулияти СААД баррасӣ гардид.

Иштирокчиёни ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Муроҷиатномаи АП СААД ба вакилони парлумонҳои ҷаҳон дар робита ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро қабул намуданд.

Дар назди иштирокчиёни ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки мулоқоти мо дар шароити хеле душвор ва осебпазири рушди муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷараён дорад. Дар ин замина, барои таъмини амният ва рушди устувор муттаҳидсозии талошҳои муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз ҳарвақта бештар зарур шуморида шуд.

- Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамин аҳдофро дар назар дорад. Умед дорем, ки ин ташаб­бусро шарикони мо дастгирӣ мекунанд, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Тавре ӯ афзуд, дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки аҳамият ва ҷойи онҳо бо мурури замон аҳамияти бунёдӣ пайдо мекунанд. Ба чунин санаҳои таърихӣ 9 май — Рӯзи Ғалаба дохил мешавад.

Давлат ва мардуми Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки барои озодӣ мубориза бурдаанд, хеле гиромӣ ва эҳтиром мекунанд ва ҳамасола ин рӯзро ботантана ҷашн мегиранд. Дар солҳои ҷанг ҳар чаҳорумин шаҳрванди Тоҷикистон ба фронт даъват шуда, беш аз 90 ҳазор тоҷикистониён қаҳрамонона ҳалок гардидаанд.

- Мо ҳамеша бо ифтихор изҳор менамоем, ки мардуми Тоҷикистон бо дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ паҳлу ба паҳлу истода, дар Ғалабаи бузург бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд. Мардуми тоҷик, насли нав имрӯз ҳам онҳоеро, ки барои Ватан ҷангида буданд, фаромӯш накардаанд ва хотираи онҳоро муқаддасу гиромӣ медоранд. Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғамхорӣ нисбати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аҳли оилаи онҳо аҳамияти хоса зоҳир менамояд, — гуфт дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.