Аз 16 то 18 ноябри соли 2024 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ дар назди иштирокчиёни ҷаласа чунин иброз дошт: «Имрӯз мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои доғи ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, ҳалли он бе ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Мо давоми 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво шудем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳистон буда, рӯ ба рӯ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир боқӣ мемонад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд».
Таъкид гардид, ки маҷмӯан, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист такмили қонунгузории мамлакатрро роҳандозӣ намуда, соли 2024 бо пайгирии яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул кард ва доир ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафар ба шаҳри Боку дар чорабиниҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, кормандон ва масъулони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дидору вохӯриҳо баргузор намуда, бо намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP 29 шинос шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ